Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 26 феврал 2017, 15:18
23 июл 2016, 13:56

Куштор барои маош: Ҳабси тӯлонии 2 тоҷик барои қатли корфармою оилааш

Додгоҳи вилояти Калугаи Русия ду шаҳрванди 46 ва 47-солаи Тоҷикистонро барои куштори оилаи тоҷири корфармояшон ба 21 ва 18,5 соли зиндон маҳкум кардааст.

22 июл 2016, 17:12

Сафорати Тоҷикистон дар Минск дар бораи хабари депорти муҳоҷирон аз Белорусия

Сафорати Тоҷикистон дар Белорусия аз хабарҳо дар мавриди депорт ва мусодираи шиномномаи даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон изҳори бехабарӣ мекунад.

21 июл 2016, 14:28

Сумангул Тағойзода дар бораи коҳиши муҳоҷирати меҳнатӣ ва интиқоли тобутҳо

Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикитон имрӯз, 21 июл дар суҳбат бо хабарнигорон аз коҳиши рафту омади муҳоҷирони тоҷик ба кишварҳои хориҷа хабар дод.

21 июл 2016, 12:47

Тарҳи “Посбонҳои мусалмон” дар Питер пуштибон наёфт

Игор Решетняк, нозири Раёсати пулиси минтақавӣ ва кор бо ноболиғон дар шаҳри Санк-Петербург гуфтааст, посбонҳо аз ҳисоби ақаллиятҳои миллӣ, аз ҷумла мусалмонон таъсис дода намешавад.

21 июл 2016, 09:06

Ёқутистон: Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми нигоҳ доштани адабиёти мамнӯъ

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Саха (Ёқутистон)-и Русия бо иттиҳоми нигоҳ доштани адабитёти мамнӯъ боздошт шудааст.

20 июл 2016, 13:42

Муҳоҷири тоҷикро дар Русия то ду соли ҳабс таҳдид мекунад

Як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи Русия боздошт шудааст.

19 июл 2016, 16:26

Мурофиаи парвандаи “Бандаи ГТА” то моҳи август ба таъхир гузошта шуд

Додгоҳи вилоятии Маскав эълон кард, мурофиаи навбатии парвандаи мавсум ба “Бандаи ГТА” моҳи август баргузор мешавад.

19 июл 2016, 09:05

Муҷозоти нажодпарастони рус барои оташ задани Қуръон ва латту кӯби тоҷикон

Додгоҳи ноҳияи Шербинкаи Маскав 12 нажодпарасти русро, ки китоби муқаддаси мусалмонҳоро оташ задаанд, аз 5 то 10 сол равонаи зиндон кардааст.

15 июл 2016, 15:48

Сафорати Тоҷикистон: Хабари задухӯрди тоҷикону узбекҳо дар Питер ҳақиқат надорад

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, хабарҳо дар мавриди задухӯрди муҳоҷирони тоҷику узбек дар Курдовои Санкт-Петербург беасос аст.

15 июл 2016, 11:46

Русия: Боздошти як муттаҳам дар қатли муҳоҷири 31-cолаи тоҷик

Ҷасади як муҳоҷири тоҷик аз ҷойи кораш -- яке аз бӯстонсароҳои деҳаи Домодедовои шаҳри Маскав пайдо шудааст.

14 июл 2016, 12:46

Маҳкумияти ронандаи норозии тоҷик, ки пулисро болои “капот” бардоштаст

Додгоҳи Санкт Петербург Амонулло Яҳёхуҷаев, шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистонро дар саркашӣ ва расондани осеби ҷисмонӣ ба маъмури пулис гунаҳкор дониста, ба 2 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кардааст.

13 июл 2016, 14:06

Каромат Шарифов: Бетарафӣ ва хомӯшии шумо мушкилиҳоро меафзояд

Ҷунбиши умумирусиягии Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон аз баргузории анҷумани навбатии худ хабар медиҳад.

9 июл 2016, 14:44

Мушкили маоши муҳоҷирон ва фоизталабии миёнаравҳо

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, як корфармои рус гуруҳи тоҷиконро кор фармуда давоми 6 моҳ ҳаққи заҳматашонро надодааст.

4 июл 2016, 10:16

Анҷоми тафтишоти марбут ба ҷасадҳои салафанпечи 5 тоҷик

Кумитаи тафтишотии вилояти Орлов аз анҷоми таҳқиқи парванда алайҳи Аҳмад Аҳмадов ва Беҳрӯз Саидов хабар дод, ки дар марги 5 шаҳрванди Тоҷикистон айбдор мешаванд.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!