Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 28 май 2017, 08:05
4 октябр 2013, 14:49

Додситонӣ ифшои сирри тафтишоти парвандаи Зайдро баррасӣ дорад

Додситонии кулли Тоҷикистон шикояти вакилони Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷикро дар мавриди ифшои сирри тафтишоти парвандаи зерҳимояашон ба баррасӣ гирифтааст.

1 октябр 2013, 13:40

Эҳтимоли даъвати ёвари Путин ба додгоҳи Зайд Саидов

Бино ба хабарҳое, ки дастраси “Озодагон” шуд, қарор аст, Владислав Сурков -- ёвари раисиҷумҳури Русия дар умури Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ ба мурофиаи Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи Тоҷикистони нав, даъват шавад.

30 сентябр 2013, 20:40

Намоиши “ҷабрдида”-и нав ва Зайд Саидов тавассути ТВ-ҳои давлатӣ

Телевизионҳои давлатии Тоҷикистон шоми 30-юми сентябр духтари навраси русеро намоиш доданд, ки гӯиё Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи “Тоҷикистони нав”, ба номуси ӯ дастдарозӣ кардааст.

24 сентябр 2013, 19:32

Зайд Саидов ин бор дар таҷовузи духтари 12-сола айбдор мешавад

Оҷонсии мубориза бо коррупсия Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи “Тоҷикистони нав”-ро, бо иттиҳоми боз як таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ айбдор кардааст.

23 сентябр 2013, 16:06

Шоҳидии раиси ширкати “Ваbilon” дар бораи Зайд Саидов

Дар мурофиаи рӯзи 23-юми сентябр се нафар ба ҳайси шоҳид бозпурсӣ шудаанд, ки Беҳзод Файзуллоев – раиси ширкати "Babilon" яке аз онҳо будааст.

17 сентябр 2013, 14:51

Эълони танаффус дар мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов

Мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи гурӯҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби “Тоҷикистони нав”, то рӯзи панҷшанбеи 19-уми сентябр танафус эълон шудааст.

16 сентябр 2013, 16:18

Зайд Саидов гуфтааст, 100% бегуноҳ аст ва дар ягон ҷинояте даст надорад

Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав бори дигар дар додгоҳ эълом доштааст, ки сад дарсад бегуноҳ аст ва дар ҷинояте даст надорад.

13 сентябр 2013, 12:02

Ваъдаи додраси Додгоҳи олӣ ба пайвандони Зайд Саидов

Шавкат Абдулхайров, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, гуфтааст, ду пайванди Зайд Саидов метавонанд рӯзи душанбеи 16-уми сентябр дар мурофиаи додгоҳии ӯ иштирок кунанд.

12 сентябр 2013, 08:56

Оғози мурофиаи Зайд Саидов паси дарҳои баста дар СИЗО

Имрӯз, 12-уми сентябр, баррасии парвандаи нӯҳҷилдаи Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби “Тоҷикистони нав”, оғоз мешавад.

5 сентябр 2013, 09:57

“Муҳри махфӣ” боис шуд, ки мурофиаи Зайд Саидов дар СИЗО баргузор шавад

Мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав” дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ ё СИЗО сурат хоҳад гирифт.

3 сентябр 2013, 13:33

Қосимов: "Танҳо ба Парвардигор шикоят мебарем" (ВИДЕО)

Маҳмудҷон Қосимов, муовини раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, ки субҳи имрӯз, 3 сентябр аз боздоштгоҳ раҳо шуд, изҳор медорад, ки муносибати маъмурин бо ӯ ва наздикони Зайд дар боздоштгоҳ дар доираи қонун сурат гирифт.

6 август 2013, 09:20

Муроҷиатнома ба Раҳмон: Қазияи Зайдро ба ҳадди буҳронӣ нарасонед

Фаъолони ҷамеаи шаҳрвандӣ бо пахши як муроҷиатнома дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостаанд “раҳму шавқат ва дурандешӣ нишон дода”, дар қазияи Зайд Саидов, собиқ вазири саноат, соҳибкори шинохта ва раҳбари гурӯҳи ташаббускори “Тоҷикистони нав”, “корро ба ҳадди буҳронӣ нарасонад”.

5 август 2013, 09:44

Вакил: “Тақдири номаи Зайдро Фирӯз Холмуродов медонад”

Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав, мегӯяд, номаи нафари таҳти ҳимояташ ба унвонии президент дар дасти Фирӯз Холмуродов аст ва сарнавишташро ҳам ӯ медонад.

1 август 2013, 17:25

Дидори вакилон бо Зайд Саидов ва номаи Нигина Холиқова

Имрӯз, якуми август, вакилони мудофеи Зайд Саидов бо нафари таҳти ҳимояташон дидору мулоқот анҷом додаанд.

30 июл 2013, 12:51

Кумитаи сармоягузорӣ: Боздошти Зайд сармоягузоронро намегурезонад

Мақомоти Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон мегӯянд, боздошти Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси “Тоҷикистони нав”, сармоягузорони хориҷиро, ки бо ӯ ҳамкорӣ доштанд, намегурезонад.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!