Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 19 январ 2017, 05:17
16 июн 2014, 10:39

Раисиҷумҳури Туркманистонро дар Маҷористон интизоранд

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон ҳафтаи оянда бо сафари расмӣ ба Маҷористон меравад.

12 июн 2014, 12:21

Сафари расмии раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ ба Туркманистон

Пак Кин Хе, раисиҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ бо як сафари расмии дурӯза аз Туркманистон дидан мекунад.

10 июн 2014, 12:23

Баҳои баланди Бердимуҳаммадов ва Иброҳим Шайх ба ҳамкориҳои Туркманистону Арабистони Саудӣ

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон ва Абдуллоҳ бини Муҳаммад бини Иброҳим Шайх, раиси Маҷлиси шӯрои Арабистони Саудӣ ба сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба баҳои баланд додаанд.

6 июн 2014, 16:24

Курсии сафири ИМА дар Ашқобод насиби Аллан Мастард мешавад

Вашингтон эълон кардааст, ки Аллан Мастардро сафири нави ИМА дар Туркманистон интихоб мекунад.

4 июн 2014, 13:39

Amnesty International: Ҳомии ҳуқуқи туркман дар ҳоли марг қарор дорад

Мақомоти Туркманистон бояд парвандаи ҳомии ҳуқуқро, ки баъди ду ҳафтаи гуруснанишинӣ дар садади марг қарор дорад, барои бозбинӣ бифиристад, гуфта мешавад дар изҳороти “Amnesty International” .

30 май 2014, 14:30

Иштироки як шаҳрванди Туркманистон дар амалиёти интиҳорӣ дар Сурия

Башор Ҷаъфарӣ, намояндаи доимии Сурия дар Созмони миллали муттаҳид гуфтааст, чор шаҳрванди хориҷӣ, бо шумули як табааи Туркманистон дар музофоти Идлиб, воқеъ дар шимолу ғарби кишвар амали террористӣ анҷом додаанд.

29 май 2014, 18:06

Туркманистон ба Босния ва Гертсеговина кӯмаки башардӯстона мефиристад

Туркманистон ба аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи Босния ва Гертсеговина кӯмаки башардӯстона мефиристад.

28 май 2014, 12:18

Ҳалокати се марзбони туркман аз дасти ҷангиёни Афғонистон

Дар пайи як даргирӣ дар марзи муштараки Туркманистону Афғонистон се сарҳадбони туркман кушта шудааст.

27 май 2014, 14:56

Туркманистон: Таҳсил дар муассисаҳои олӣ пулакӣ мешавад

Ҳукумати Туркманистон тарҳи санади таҳсили пулакӣ дар муассисаҳои олии ин кишвар аз моҳи сентябри соли равонро таҳия кардааст.

22 май 2014, 11:27

Таваҷҷуҳи Русия ба сохтмони лулаи газрави Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон

Ширкатҳои Русия ба иштирок дар бунёди лулаи гази Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон манфиатдоранд.

21 май 2014, 17:09

Белорус содироти дорувор ба Туркманистонро афзоиш доданист

Белорусия тасмим дорад, интиқоли маводи дорувор ба Туркманистонро бештар кунад.

19 май 2014, 10:22

Президент зери фармони авфи маҳбусон имзо гузошт

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон дар ҷаласаи ҳукумати кишвараш зери фармони афви маҳбусон имзо гузоштааст.

13 май 2014, 11:39

ВИДЕО: “Дедовшина” дар артиши Туркманистон

Дар интернет навори латту кӯби наваскарон аз сӯи сарбозоне, ки пештар ба хизмат омадаанд, нашр шудааст.

10 май 2014, 15:24

Кӯмаки Ашқобод барои осебдидагони Афғонистон

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон дар мавриди ирсоли кӯмак ба зарардидагони офати табиӣ дар Афғонистон дастур додааст.

8 май 2014, 11:27

Сафорат ба донишҷӯён: То 20 май Одессаро тарк кунед

Сафорати Туркманистон дар Украина донишҷӯёни туркманиро муваззаф кардааст, ки то 20 май аз шаҳри Одесса берун шаванд.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!