Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 29 апрел 2017, 16:20
16 январ 2017, 10:13

Туҳмату “подстава”-и тоҷикон ҳамчун “террорист”: Касе узр напурсид (АКС)

Се муҳоҷири меҳнатии тоҷик, ки охири моҳи гузашта дар шабакаҳои федеролии Русия ҳамчун террорист муаррифӣ ва намоиш дода шуданд, изҳор медоранд, ки боздошти онҳо саҳнасозӣ буд.

13 январ 2017, 13:40

Тарҷумаи ҳоли раисони нав: Маҳалчигӣ бас? (АКС)

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон тарҷумаи ҳоли мансабдорони нав дар Душанберо нашр кардааст.

13 январ 2017, 09:14

Раҷаби Мирзо: Убайдуллоев рафт. Акнун чӣ мешавад?

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори маъруфи тоҷик, ки солҳои охир бо Маҳмамдсаид Убайдуллоев, собиқ раиси шаҳри Душанбе ҳамкории зич дошт, назарашро дар мавриди кори собиқ раис ва вазъи сиёсӣ баъди рафтани ӯ баён доштааст.

12 январ 2017, 09:31

Таҳдиди худкушии модари танҳои ду маъюб дар Душанбе (АКСУ ВИДЕО)

Мастура Илёсова, модари танҳои ду кӯдаки бемор, ки шоми 11-уми январ овозаи таҳдиди худкушияш дар Душанбе паҳн шуд, изҳор медорад, ки роҳи дигареро барои баромадан аз мушкилот наёфт.

12 январ 2017, 08:47

Стратегияи дуздҳо: Хоҳӣ надароянд дарвозаро қуфл накун (АКС)

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти афвшудаҳо хабар дод, ки давоми ҳамагӣ чор моҳ дар озодӣ 14 бор дуздӣ кардаанд.

10 январ 2017, 14:07

Э.Раҳмон: Аҳолӣ мақомоти давлатиро фасодзада медонад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 10-уми январ зимни таҳлили фаъолияти 10-солаи Оҷонсии зидди фасод изҳор дошт, ки ошкоршавии фасодкорӣ дар мақомоти давлатӣ аз 2 то 5 ва низоми бонкӣ то 80 баробар афзоиш ёфтааст.

10 январ 2017, 08:51

Баҳои шумо ба кори 10-солаи Оҷонсии тобеи Р. Эмомалӣ

Оҷонсии назорати давлатӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон имрӯз 10-сола шуд. Ин ниҳод, 10-уми январи соли 2007 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон таъсис ёфта, наздики ду соли охир таҳти идораи Рустами Эмомалӣ қарор дорад.

9 январ 2017, 15:24

Раиси Хатлон таъмири танкҳои Толибонро дар Тоҷикистон туҳмат хонд

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон изҳороти Умар Сафӣ, собиқ раиси музофоти Кундузро дар бораи таъмири танку техникаи низомии Толибон дар Тоҷикистон беасос хонд.

9 январ 2017, 11:19

Х.Холиқназар: Муносибатҳои Тоҷикистону Эрон дигар тира нест

Худойбердӣ Холиқназар, раиси Маркази тадқиқоти стратегии наздии Президенти Тоҷикистон дар нишасти хабарии ниҳодаш изҳор дошт, ки дар тирагии равобити Тоҷикистону Эрон худи Эрон муқассир аст.

7 январ 2017, 10:34

Таркиши деги чинӣ сокини Душанберо хонахаробу маҷруҳ кард

Дар пайи таркиши деги чинӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе як бино хароб гардида, соҳибхонаи 53-сола маҷруҳ шудааст.

6 январ 2017, 12:01

Шабдолов: Ҳеч гоҳ ба раҳбарии Ҳизби коммунист барнамегардам

Шодӣ Шабдолов, собиқ раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон мегӯяд дигар ҳеч гоҳ ба раҳбарии ин ҳизб барнамегардад, зеро мехоҳад аз хушомадгӯию дурӯягӣ канор бошад.

6 январ 2017, 08:18

Бозандаи нақши “Ҷамшуд”-ро дигар ба Украина роҳ намедиҳанд?

Валерий Магдяш, ҳунарманди молдовитабори Русия, бо нақши “Ҷамшуд” аз барномаи “Наша Раша” маъруф аст, эҳтимол ба феҳрасти таҳримотии мақомоти амниятии Украина шомил гардад.

5 январ 2017, 09:14

Мақомот: Муноқишаи маргбор миёни маҳаллаҳо буд, на мактабҳо

Мақомоти Тоҷикистон муноқишаи маргбори шаби 2-юми январ дар Душанберо шарҳ дода, афзуданд, ки он дар заминаи маҳалгароӣ рух додааст.

4 январ 2017, 15:31

Қатли Иброҳиму Сомон: “Разбор”-и маҳаллаҳо ё мактабҳо?

Манобеи “Озодагон” аз ҷавони дуюм, ки шаби 2 ба 3-юми январ дар пайи муноқиша дар маҳаллаи 103, дар наздикии Донишкадаи ҳарбӣ кушта шудааст, Иброҳим Хоҷаев ном бурданд.

29 декабр 2016, 11:53

Фатвои Шӯрои уламо дар бораи арча ва тӯҳфаҳои солинавӣ

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таҷлили Соли навро ҳамчун як ҷашни қонунӣ мақбул дониста, хариди туҳфаҳои солинавӣ барои фарзандонро ҷоиз хондааст.

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!