Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 17 январ 2017, 22:13
5 январ 2015, 10:09

Шикояти ҲНИТ аз “сюрприз”-и мақомоти Қумcангир

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз эҷод шудани монеаҳои сунъӣ дар рафти баргузории конфронсҳои интихоботии бахшҳои худ дар вилояти Хатлон шикоят дорад.

1 январ 2015, 16:48

Генерал ва Зуҳуров мехоҳанд, дар парлумон дубора курсӣ дошта бошанд

Генерал-майори милитсия Анвар Тағоймуродов, сардори Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон дар интихоботи 1 марти соли равони Тоҷикистон иштирок карда, барои дарёфти курсӣ дар парлумони кишвар талош хоҳад кард.

30 декабр 2014, 10:56

Таъсиси участкаҳои интихоботӣ дар хориҷ: Се дар Русия ва чаҳор дар Афғонистон

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон қарори худ дар мавриди ташкили участкаҳои интихоботӣ барои интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2015 дар хориҷ аз кишварро ба тасвиб расонид.

29 декабр 2014, 09:32

“Қолабшиканӣ”-и Зоиров. Райиси ҲСДТ номзади №1 нест

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) дар анҷумани пеш аз интихоботии худ 22 нафарро аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба интихоботи парлумонии соли 2015 номзад кард.

27 декабр 2014, 12:40

ВИДЕО: Исмоил Талбаков дар бораи "ҷанҷоли ҳизбӣ" ва номзадҳои интихоботии ҲКТ

Шодӣ Шабдолов, райиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар садри феҳрасти интихоботии ҳизбаш аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ қарор гирифт.

27 декабр 2014, 11:57

Ҳизби наҳзат журналист меҷӯяд

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба хотири пайдо кардани хабарнигор барои Ситоди интихоботии худ озмун эълон кардааст.

25 декабр 2014, 16:11

Мақоми нави Муҳиддин Кабирӣ дар ҲНИТ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ягона ҳизби умдаи мухолифи кишвар аз таъсиси Ситоди интихоботии худ хабар дод, ки раҳбарияшро Муҳиддин Кабирӣ, раиси ин ташкилоти сиёсӣ бар душ доштааст.

23 декабр 2014, 16:53

“Бо ширкат дар интихобот, онҳо парлумони дур аз мардумро машруъияти қонунӣ мебахшанд”

Аҳзоби сиёсӣ дар интихобот ба чӣ умед мебанданд?

22 декабр 2014, 10:22

Номзадҳои ҲДТ ба интихобот. Аз Исмонов то Комилзода

Ҳизби демократи Тоҷикистон бо раҳбарии Саидҷаъфар Исмонов, раиси ба расмиятшинохташудаи ин ҳизб дар анҷумани ғайринавбатиаш чаҳор нафарро ба интихоботи парлумонӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ номзад кард.

19 декабр 2014, 08:34

Омор ё дурӯғи маҳз? (ВИДЕО)

Ахиран, ҷаноби Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бори дигар саломати оморро зери суол бурду шаку тардидро қувват дод.

18 декабр 2014, 12:13

Аграриҳо 14 нафарро аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ номзад карданд

Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар ҷараёни анҷумани пешазинтихоботии худ эълон кард, 14 нафарро ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешбарӣ кардааст.

16 декабр 2014, 17:34

Санҷиш аз депутатҳои оянда: Хонед, нависед, гап занед!

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, номзадҳои пешниҳодшударо барои вакилӣ дар парлумон аз рӯи се меъёр санҷиш мекунад.

16 декабр 2014, 12:53

Шоҳиён: Тоҷикистон 1 миллион муҳоҷир надорад, ин дурӯғ аст

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон имрӯз, 16-уми декабр дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, омор дар мавриди як миллион муҳоҷири кории тоҷик дар Русия дурӯғ аст.

16 декабр 2014, 10:18

ҲНИТ писару духтари Нуриро ба парлумон пешбарӣ кард

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Анҷумани пешазинтихоботии худ эълон кард, исми 28 нафарро вориди феҳрасти номзадҳояш аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ кардааст.

15 декабр 2014, 13:39

Нигаронии ҲНИТ аз боздоштҳо дар арафаи Анҷумани пешазинтихоботӣ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз монеаэҷодкунии мақомот барои иштироки вакилонаш дар анҷумани ҳизбӣ хабар медиҳад.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!