Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 22 январ 2017, 19:18
6 август 2014, 17:27

Раиси ҷумҳур барои боздошти бародари бузургаш амр кард

Алмосбек Отамбаев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, барои боздошт ва бозпурсии бародари бузургаш Калийбек Шаршенов ба Вазорати умури дохилии ин кишвар супориш додааст.

6 август 2014, 09:47

Маслиҳати Русия барои худдорӣ кардани Аскар Акаев аз сафар ба Ватанаш

Икромиддин Айтқулов, вакили мудофеи Аскар Акаев, раиси ҷумҳури фирории Қирғизистон далели наомадани зерҳимояи худ ба ҷанозаи бародарашро шарҳ додааст.

5 август 2014, 10:08

Президенти фирорӣ ба ҷои худ писари хурдияшро ба ҷаноза фиристодааст

Аскар Акаев - раиси ҷумҳури фирории Қирғизистон аз ҳузур дар ҷанозаи бародараш Болот Акаев худдорӣ намуда, ба ҷои худ писари хурдиашро ба Ватан равон кардааст.

4 август 2014, 11:16

Бозгашти Аскар Акаев, президенти фирорӣ, баъд аз нуҳ сол ба Ватанаш

Интизор меравад, Аскар Акаев -- раиси ҷуҳури собиқи Қирғизистон, ки ба дунболи “инқилоби лолаӣ”-и кишвараш рӯ ба фирор оварда, ҳоло дар Маскав кору зиндагӣ мекунад, рӯзи 5 август ба Ватанаш биёяд.

31 июл 2014, 12:18

Вазири қирғиз: "Сокинони наздимарзӣ бояд тарс надошта бошанд" (ВИДЕО)

Эрлан Абдилдаев, вазири умури хориҷии Қирғизистон мегӯяд, дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Аслов масоили марзиро баррасӣ доштанд.

30 июл 2014, 09:38

Бордюжа: Муҳим ин ки миёни президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон мухолифат нест

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) мегӯяд, барои ҳалли танишҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ниёзе барои дахолати ҷониби сеюм намебинаду ин кишварҳо худ қудрати ҳалли ин мушкилашонро доранд.

25 июл 2014, 20:02

Ҳабси абади президенти фирорӣ дар ғайбаш

Додгоҳи низомии шаҳри Бишкек Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури собиқи Қирғизистонро дар ғайбаш дар даст доштан дар куштори тазоҳургарон дар ҷараёни эътирозҳои моҳи апрели соли 2010 муҷрим шинохта, ба ҳабси абад маҳкум кард.

14 июл 2014, 10:08

Абдураҳмон Маматалиев: “Ворух бе роҳ мемонад, агар...”

Ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, ба ҳамагуна танишҳои марзӣ нигоҳ накарда, сохтмони роҳи баҳсбарангези Оқсой – Тамдиқро, ки қисмате аз он аз қаламрави Тоҷикистон убур мекунад, ба поён хоҳад расонд.

10 июл 2014, 13:52

Марги Сафоуддин, захмӣ шудани 7 сокини Ворух, шарҳи Бишкек ва назари табибони тоҷик

Табибони беморхонаи шаҳри Исфараи вилояти Суғд мегӯянд, дар пайи тирпаронии рӯзи 10 июл дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон Сафоуддин Шарофов, як сокини Ворух, ба ҳалокат расида, 7 тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун бистарӣ шудаанд.

8 июл 2014, 15:28

Урмат Саралаев худоҳофизӣ кард; Мирослав Ниёзов дар роҳ

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 8 июл Урмат Саралаев – сафири Қирғизистон дар Душанберо барои анҷом ёфтани муҳлати сафириаш ба ҳузур пазируфтааст.

3 июл 2014, 09:38

Генерал Мирослав Ниёзов ба Тоҷикистон бармегардад

Мирослав Ниёзов сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон таъйин шуд. Ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон зери фармони таъйин шудани Ниёзов ба ин мақом рӯзи 2 июл имзо гузоштааст.

3 июл 2014, 09:14

Эътирози муфтиёт аз домани кутоҳи либосҳои мактабӣ

Идораи муфтиёти Қирғизистон алайҳи намунаи либоси ягонаи мактабии донишомӯзони духтар дар ин кишвар баромад карда, онро ғайримиллӣ ва аврупоӣ хондааст.

2 июл 2014, 17:35

Зиндони нав барои маҳбусоне, ки ҳукми абад гирифтаанд

Соли 2015 дар Қирғизистон барои зиндониёне, ки ҳукми абад гирифтаанд, маҳбаси нав кушода мешавад.

24 июн 2014, 14:38

Президент ваъда кард, ки баъди ду сол кишвар ба истиқлолияти энергетикӣ даст меёбад

Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон гуфтааст, ки кишвараш баъди ду сол ба истиқлолияти энергетикӣ даст ёфта, “барои кӯмак хостан, ба зону намезанад”.

19 июн 2014, 16:50

Президент: "Пеши касе зону намезанем"

Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон дар як мулоқот бо сокинони шаҳри Ош гуфтааст, "намехоҳам, шуморо бо ин суханҳо хурсанд кунам, ки фардо газ мегиред. Худатон хуб медонед, ки бо кадом сабаб ба мо газ намедиҳанд".


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!