Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 26 апрел 2017, 18:53
29 август 2016, 14:51

Донишҷӯи тоҷик дар Саратов зери девор мондааст

Як ҷавони тоҷик дар Саратов зери девор монда ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора "ЧП-Саратов” хабар дода, гуфтааст, ин ҳодиса 28 август ба вуқӯъ пайвастааст.

25 август 2016, 15:58

Истирдоди Шосафаров аз Русия ба Тоҷикистон

Як шаҳрванди 39-cолаи Тоҷикистонро, ки беш аз 11 сол дар пайгарди қонунӣ будааст, аз Маскав ба Душанбе истирдод кардаанд.

25 август 2016, 15:38

Боздошти 30 шаҳрванди Тоҷикистон дар Алмаато

Мақомоти пулиси шаҳри Алмаатои Қазоқистон аз боздошти 30 шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми фаъолияти бидуни иҷозатнома хабар медиҳанд.

24 август 2016, 16:51

Шаҳрванди Тоҷикистон дар созмон додани фоҳишахонаи “занҳои солманд” гумонбар мешавад

Дар Маскав дари фоҳишахонаеро бастаанд, ки занҳои солмандро гирд овардааст.

19 август 2016, 17:19

Каромат Шарипов маҳдудияти кор барои муҳоҷиронро таҳқир хонд

Каромат Шарипов, раҳбари Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” тасмими мақомоти вилояти Новосибирскро барои шаҳрвандони Тоҷикистон таҳқир хондааст.

19 август 2016, 14:03

Гуруснанишинии муҳоҷирони тоҷик дар пайи таъхир дар ихроҷашон аз Русия

Дар Примореи Русия 20 шаҳрванди хориҷӣ бо шумули тоҷикон бо эътироз аз таъхир дар депорташон гуруснанишинӣ кардаанд.

19 август 2016, 11:33

Ихроҷи муҳоҷири тоҷик, ки барои “модари бемор”-аш пул мехост

Як шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон, ки дар назди масҷид барои модари бемораш пул мехост, аз Волгоград депорт шудааст.

18 август 2016, 12:29

Боз як муҳоҷири тоҷик маблағи ёфтаашро баргардонд

Як муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Екатеринбург маблағ ва санадҳои як зани маҳаллиро пайдо карда, ба соҳибаш баргардондааст. Ӯ ҳамчунин аз гирифтани маблағ ва туҳфа даст кашидааст.

17 август 2016, 10:59

Эраҷ Нидоев: Ба одамон мегуфтам, ҳадафмандам, чаро ки тоҷик ҳастам

Эраҷ Нидоев, рӯзноманигор ва продюсери тоҷики муқими Маскав мегӯяд, мавзӯи миллат ва миллият дар Русия ҳамеша дар миён аст. Ӯ, ки дар бораи зиндагии худ ҳамчун як ғайрирус дар Русия бо “Афиша Daily” суҳбат кардааст, гуфта, ҳар бор вақте мефаҳманд тоҷикам ва ба ҳайси продюсеру коргардон фаъолият мекунам, ҳайрон мешаванд.

16 август 2016, 10:40

Шаҳрванди Тоҷикистон барои пешниҳоди миллион рубл пора пушти панҷара рафт

Додгоҳи марказии Воронеж як шаҳрванди 50-солаи Тоҷикистонро барои пешниҳоди пора дар ҳаҷми калон се сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Ин муҳлатро ӯ дар колонияи низомаш умумӣ пушти сар хоҳад кард.

15 август 2016, 17:56

Муҳоҷиронро аз ҳаққи муҳаррирӣ, тарҷумонӣ, муҳосибӣ ва... маҳрум мекунанд

Фаъолияти муҳоҷирини меҳнатӣ дар вилояти Новосибирски Русия аз рӯйи як қатор ихтисосҳо номумкин мегардад.

15 август 2016, 14:44

Суғд: Дар шаш моҳ 9637 зан ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст (ВИДЕО)

Давоми 6 моҳи соли 2016 аз ҳисоби сокинони вилояти Суғд 91426 нафар ба хориҷа сафар карданд. Аз ин рақам 11214 нафар зан ва 80212 мард мебошад.

15 август 2016, 12:24

Зодаи Тоҷикистон: Бо дипломи омӯзгорӣ кори сохтмонӣ кардан ҷойи шарм нест...

Умарҷон Ёқубов, як зодаи Тоҷикистон, ки қаблан ҳамчун омӯзгори таърих кор кардааст, ҳоло дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҳамчун сохтмончӣ маъруф аст.

12 август 2016, 15:31

Раҳо шудани як муҳоҷири тоҷик аз ғуломӣ дар Қазоқистон

Пулиси Қазоқистон мегӯяд, як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ҳамчун ғулом кор мефармудаанд, озод кардааст.

10 август 2016, 17:49

Питер: Ҳамлаи 2-юми мусаллаҳона ба тоҷикон тайи 1 ҳафта

Мақомоти Русия аз ҳамлаи дуюми мусаллаҳона ба муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Санкт Петербург давоми як ҳафтаи охир хабар додаанд.

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!