Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 ноябр 2017, 18:51
30 июл 2013, 10:36

Адвокатҳо: Умеди охирини Зайд Саидов ба ҷомеаи шаҳрвандӣ аст

Вакилони мудофеи Зайд Саидов бо баргузории як нишасти матуботии изтирорӣ ҳамаи иддаои Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии мубориза бо фасодро алайҳи зерҳимояашон беасос хонданд.

29 июл 2013, 11:16

Раиси Оҷонсӣ: “Зайд Саидов мехост, аз Тоҷикистони нав сипар созад”

Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон, гуфт, якуним сол боз корҳои Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони навро мавриди санҷиш қарор дода буд.

25 июл 2013, 16:21

Адвокат: Иттиҳоми таҷовуз ба Зайд Саидов зарбаи сахти руҳӣ расонд

Додситонии Душанбе тафтиши парвандаи бисёрзании Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби “Тоҷикистони нав”-ро ба поён бурда, ӯро бар асоси моддаи 170-и Кодекси ҷиноӣ, яъне бисёрникоҳӣ, айбдор донистааст.

24 июл 2013, 15:24

Вазорат: Зайд Саидов ягон корхонаи саноатӣ надорад

Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшуда ва собиқ вазири саноати кишвар айни ҳол ягон корхонаи саноатӣ надорад.

24 июл 2013, 11:48

Солиҳов: Ҳамаи санҷишҳои мо дар ширкатҳои Зайд қонуниянд

Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, ҳамаи санҷишҳое, ки дар ширкатҳои марбут ба Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик гузарондаанд, дар доираи қонун сурат гирифтаанд.

19 июл 2013, 09:03

Оҷонсӣ: Зайд Саидов аз духтари ноболиғ фарзанди семоҳа дорад

Оҷонсии зидди фасод бо пахши як иттилоия мегӯяд, 16-уми июли соли равон алайҳи Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик, барои таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ ва ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

18 июл 2013, 18:09

Адвокат: Зайд Саидов иттиҳоми таҷовуз ба номусро қабул накард

Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи гурӯҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав иттиҳоми нави Оҷонсии зидди фасод дар бораи таҷовуз ба номусро рад кардааст.

17 июл 2013, 11:51

Оҷонсии сохтмон кори ширкати марбут ба З.Саидовро месанҷад

Гуруҳи кории Оҷонсии сохтмон ва меъмории Тоҷикистон ҳаҷм ва сифати корҳои анҷомдодаи ширкати “Тоҷсохтмон байналмилал”-ро, ки ба Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик марбут аст, тафтиш мекунад.

16 июл 2013, 16:56

Номаи Зайд Саидов ба Эмомалӣ Раҳмон: Гуноҳи ман ҳамин аст, ки...

Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав, бо ирсоли як нома аз Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон хостааст, ба қазияи ӯ расидагӣ кунад.

16 июл 2013, 14:58

157 теннисбоз аз Э.Раҳмон раҳоии З.Саидовро хостанд

Ҳудуди 157 теннисбози Тоҷикистон бо пахши як муроҷиатнома аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хостаанд, ба шарофати моҳи Рамазон ба қазияи Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи кишвар дахолат кунаду барои ҳалли мусбати он мусоидат намояд.

10 июл 2013, 16:23

Имкони ирсоли парвандаи Зайд Саидов ба додгоҳ

Як манбаъ аз Оҷонси зидди фасоди Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, тафтиши парвандаи Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи Ҳизби Тоҷикистони нав, ба марҳилаи ниҳоияш наздик шудааст.

6 июл 2013, 09:18

Ба Зайд Саидов чӣ намерасид?

Ӯ беш аз 45 шабонарӯз боз дар кунҷи зиндон аст. Беш аз 45 шаб аст, ки дар манзили худаш хоб накарда ва беш аз 45 рӯз мешавад дар кӯчаҳои Душанбе қадам назада аст. Бо вуҷуд, дар ҳамин 45 рӯз расонаҳоро ҳамеша бо хабарҳои доғ таъмин мекунад.

2 июл 2013, 14:27

Шикояти ширкати писари Зайд Саидов ба Кумитаи андоз

Масъулони ширкати “Тоҷсохтмон-Байналмилал”, ки марбут ба писари Зайд Саидов, раҳбари зиндонии гурӯҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав, аз рӯи натиҷаи тафтиши маъмурони андоз ба Кумитаи андоз шикоят бурдаанд.

26 июн 2013, 13:09

Қудратов ба муфаттишон маъқул нашуд, ё ба Зайд Саидов?

Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик, ки айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амният нигоҳдорӣ мешавад, аз хидмати яке аз вакилони мудофеаш, Шуҳрат Қудратов даст кашидааст.

24 июн 2013, 12:41

Оҷонсии фасод аз иттиҳомоти нав алайҳи Зайд Саидов хабар дод

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 24-уми июн бо пахши як иттилоия хабар дод, ки ҳолатҳои нави содир шудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини коррупсионӣ аз ҷониби Зайд Саидов ва ҳаммаслакони ӯ ошкор гардиданд.

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!