Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 июл 2017, 05:42
2 июн 2017, 15:31

Эътирози “Хаста аз марг ба сӯйи Арг”-и Кобул ба хушунат кашонда шуд (АКС)

Расонаҳои Афғонистон аз захмӣ шудани шуморе аз тазоҳургарони Кобул хабар додаанд. Ба гузориши телевизиони “Тулӯъ нюс”, шуморе аз муътаризин пас аз шиллики пулис захмӣ шудаанд. Ин тазоҳуроти густарда имрӯз, 2 июн дар пайи инфиҷори ду рӯз пеш дар Кобул бо номи “Хаста аз марг ба сӯйи Арг. Аз саросари Кобул ба тарафи Арг” роҳандозӣ шудааст.

2 июн 2017, 10:55

Манбаъ: Раисони бозорҳои “Шоҳмансур”-у “Деҳқон” бо хоҳиши худ аз вазифа рафтанд

Шаҳрдорӣ далели барканории раисони ду бозори калони Душанбе – “Шоҳмансур”-у “Деҳқон”-ро шарҳ дод.

1 июн 2017, 16:26

Раиси бозори “Деҳқон” аз вазифа барканор шуд

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе Зиёвиддин Наҷмиддинов, раиси бозори “Деҳқон”-и пойтахтро аз мақомаш барканор кардааст.

1 июн 2017, 11:06

Таъини прокурорҳо дар як қатор шаҳру навоҳии кишвар ва дастури Э.Раҳмон ба вазорату идораҳо

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар сохторҳои низомии кишвар як қатор таъиноти кадрӣ амалӣ намудаааст. Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, ин таъинотҳо имрӯз, 1 июн зимни машварати корӣ амалӣ шуданд.

31 май 2017, 16:56

Трамп аз раҳбарони ҷаҳон хост, ба телефони худаш занг зананд

Президенти ИМА Доналд Трамп рақами телефони ҳамроҳи худро ба як қатор раҳбарони кишварҳои хориҷӣ дода, пешниҳод кардааст, ки бо ӯ бевосита тамос гиранд. Ин амали Трамп нақзи протоколи дипломатӣ буда, хадамоти махсуси Амрикоро нигарон кардааст.

31 май 2017, 16:34

Таркиши Кобул 80 кушта ва садҳо захмӣ бар ҷой гузошт

Вазорати тандурустии Афғонистон теъдоди кушташудаҳои таркиши субҳи 31 май дар Кобулро 80 нафар гуфт. Расонаҳо аз қавли сухангӯи ин ниҳод ҳамчунин аз захмӣ шудани беш аз 320 нафар хабар медиҳанд.

31 май 2017, 16:28

Ятимов дар бораи илму амният, ДИИШ, ҲНИТ ва онҳое, ки “аз дур доди Ватанхоҳӣ мезананд”

Ба гуфтаи Ятимов ҳаракатҳое монанди “ДОИШ”, ҲНИТ, Ал-қоида ва дигарон ҳазорсолаҳо вуҷуд доштанд ва вуҷуд хоҳанд дошт: “Аз ин фоҷиа набояд сохт”.

31 май 2017, 14:02

Баҳси кофтукоб ва боздошти муттаҳамон дар экстремизм

Кофтукоб ва боздошти муттаҳамон дар ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстримистидошта аз мавзӯҳои меҳварии ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон буд.

31 май 2017, 12:09

Дастури Президент барои парвозҳо ба Чехия: Созишнома тасдиқ шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон созишнома барои роҳандозии парвозҳо миёни Тоҷикистону Ҷумҳурии Чехро ба тасвиб расонд.

31 май 2017, 11:02

Сарпарастии барномаҳои иттилоотӣ дар телевизионҳо манъ шуд (ВИДЕО)

Вакилони Маҷлиси намояндагон аз тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи реклама” ҷонибдорӣ карданд.

30 май 2017, 17:03

Вазир ба милисаҳои оянда: Дарди дили мардумро ҳис кунед

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон аз донишҷӯёни Академияи вазорат даъват намудааст, ҳам дар таъмини амнияти ҷомеа ва ҳам дар донишомӯзӣ намунаи ибрат бошанд.

30 май 2017, 15:36

Таъини раисони нави Шаҳритус ва Носири Хусрав

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 30-юми май иҷрокунандаи вазифаи раисони навоҳии Шаҳритус ва Носири Хусравро таъин кард.

30 май 2017, 13:00

Кори нав-далели барканории А.Асадулло аз мақоми раиси Қӯрғонтеппа

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Амируллои Асадуллоро аз мақоми раиси шаҳри Қӯрғонтеппа барканор кардааст.

30 май 2017, 10:41

Имзои як қатор қонунҳо аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 30-юми май як қатор қонунҳо ва Кодекси тандурустии Тоҷикистонро имзо кард.

29 май 2017, 14:33

Эълони озмун барои кор дар Оҷонсии зидди фасод: Маош аз 628 то 919 сомонӣ

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия барои ишғоли 17 ҷойи холии корӣ дар ин ниҳод озмун эълон кардааст.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!