Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 19 январ 2017, 05:18
8 апрел 2016, 11:30

Ҳоҷӣ Мирзо: Домуллоҳои бузургро ба минбар бояд баргардонид!

Ҳоҷи Мирзо Ибронов, яке аз руҳониёни маъруфи тоҷик роҳи ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва таҳдидҳои зиддимазҳабиро дар баргардонидани домуллоҳои саршиноси кишвар ба минбар унвон кардааст.

4 апрел 2016, 15:51

Шӯрои уламо филми “Муллои замонавӣ”-ро ҳам гуноҳ ва ҳам дарси ибрат хонд (ВИДЕО)

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон филми туркии “Муллои замонавӣ” ё ҳидоятро аз як тараф гуноҳ ва аз тарафи дигар дарси ибрат барои онҳое хондааст, ки дар симои ҳар ҷелакпӯш муллоро мебинанд.

29 март 2016, 16:05

Маслиҳати Шӯрои уламо ба Шаҳодат, ки шавҳараш шиа аст

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба Шаҳодат, як зани тоҷик, ки шавҳараш аз аҳли шиа аст, маслиҳат додааст, ки ақидаҳои худро ҳифз кунад.

29 март 2016, 08:42

Дастури Убайдуллоев барои насби дурбин ва дастгоҳҳои кашфи ҷисмҳои метталӣ дар масҷидҳо

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ба раисиони навоҳии шаҳр ва масъулини дахлдор дастур додааст, дар кулли масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеи пойтахт аз ҳисоби худи ин ибодатгоҳҳо камераҳои мушоҳидавӣ ва дастгоҳҳои муосири кашфи ҷисмҳои метталӣ насб созанд.

29 март 2016, 08:12

Эълони озмун барои таҳияи ҷузвдони ҳоҷиёни тоҷик

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон мегӯяд, ҷиҳати омода намудани ҷузвдонҳои хурду калон барои ҳоҷиёни Тоҷикистон дар мавсими “Ҳаҷ-2016” озмун эълон кардааст.

25 март 2016, 15:58

Ровии ҳиҷобпӯши “Дожд” шабакаҳои иҷтимоиро “тарконд” (ВИДЕО)

Навори иштироки журналист Забӣ Ғайтукиева дар озмуни ровиёни шабакаи телевизионии “Дожд” дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери борони шарҳҳо қарор гирифт.

17 март 2016, 08:57

Дуову фотеҳаи Эмомалӣ Раҳмон дар назди оромгоҳи Шайх Зойид

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Абу Забии Имороти муттаҳидаи Араб аз Масҷиди ба номи Шайх Зойид ибн Султон Оли Наҳён дидан кардааст.

16 март 2016, 15:54

Сафири ИМА: Кумаки худро дар таъмини озодии дин идома медиҳем

Элизабет Миллард, сафири нави Амрико дар Тоҷикистон гуфтааст, қасд дорад, бо истифода аз ҳамкориҳои фаъол бо ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон муносибатҳои Вашингтону Душанберо бештар густариш бидиҳад.

14 март 2016, 12:18

Барканории вазире, ки гуфт, паёмбар Муҳаммадро ҳам ба зиндон меандохт

Шариф Исмоил, нахуствазири Миср вазири адлияи кишварашро аз вазифа сабукдуш кардааст.

9 март 2016, 16:26

Додситонии кулл: Масҷидҳои ғайрирасмӣ яке аз манбаҳои паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ мебошанд

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, беш аз 900 масҷиди ғайрирасмӣ ба марказҳои фарҳангӣ табдил ёфта, 638-тои дигар ғайриқонунӣ фаъолият доранд.

4 март 2016, 16:41

Озмуни Кумитаи дин барои дарёфти роҳбаладони “Ҳаҷ-2016”

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ҷиҳати интихоби роҳбаладони мавсими “Ҳаҷ-2016” озмун эълон кардааст.

4 март 2016, 15:40

Маликаи ҳусни Чехия мусалмон шуда, мехоҳад дар Дубай зиндагӣ кунад

Маркета Коринкова, маликаи ҳусни Чехия ва зебосанами ҷаҳон ба Ислом гаравидааст.

4 март 2016, 14:40

Намояндаи ВКД дар намози ҷумъа: Вазифаи фаъолони масҷидҳо хабардиҳӣ ба мақомот аст

Зикруллоҳ Саидзода, намояндаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 4 март дар намози ҷумъа аз қавли руҳониёни тоҷик гуфт, ҳар нафаре, ки ба ҷангҳои Сурияю Ироқ меравад, дигар пайрави мазҳаби Ҳанафия нест.

3 март 2016, 11:17

Фатвои Шӯрои уламо дар бораи зани намозхон, ки сатри аврат надорад

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар бораи зане, ки намоз мехонад, вале сатри аврат надорад, изҳори назар кардааст.

1 март 2016, 09:20

Даъвати мусалмонҳои Маскав: Куштори ваҳшиёнаи кӯдакро ба Ислом рабт надиҳед!

Куштори ваҳшиёнаи кӯдаки чорсоларо дар шимолу ғарби Маскав аз дасти парастораш, шаҳрванди Узбакистон ба Ислом рабт надиҳед. Ин нуктаро дар изҳороти муфтиёти Маскав таъкид шудааст.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!