Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 23 январ 2017, 05:16
16 декабр 2014, 08:25

“Тухфа” дар рӯзи ид

Абдуҷаббор Рустамов, сокини 55-солаи деҳаи Сӯҷинаи ҷамоати деҳоти Сӯҷинаи ш.Панҷакент аз тарафи комиссари комиссариати ҳарбии шаҳр-Хуршед Қобилов мавриди латтукӯб қарор гирифта, бо сару рӯи варамида ва дандони шикаста, ҳоло дар беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент бистарист.

15 декабр 2014, 12:58

Хуни муҳоҷирро кӣ мемакад?

Вақтҳои охир шикоят аз болои Агентиҳои шахсии кортаъминкунӣ (АШК) зиёд шудааст. Агентиҳои хусусии кортаъминкунӣ дар хориҷи кишвар, бахусус Федератсияи Русия, барои омода намудани ҳуҷҷатҳо ва бастани шартнома, аз корҷӯён - муҳоҷирони меҳнатӣ маблағи муайяне меситонанд.

12 декабр 2014, 08:54

“Ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба таври тоқатнопазир риоя намегардад”

Ба ҳама маълум аст, ки 10 декабр дар ҷаҳон Рӯзи байналмиллалии ҳуқуқи инсон қайд мегардад, зеро дар ин рӯз Баёния оид ба ҳуқуқи инсон қабул шудааст.

11 декабр 2014, 22:10

Қотил ва ифротӣ

Як донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ду донишҷӯи дигари ҳамин донишгоҳро бо корд ба қатл расонд. Дар баробари ин як донишҷӯи собиқи он дар Сурия меҷангад, яке дигар аъзои «Гурӯҳи 24» аст, ки модараш дар донишгоҳ донишҷӯёнро таълим медиҳад.

11 декабр 2014, 21:49

Донишҷӯи меҳрубон ва зиндадил худро ба дор овехтааст

Худкушии як ҷавони 20 сола дар рустои Чорбоғи ноҳияи Восеъ хонавода ва дӯстони ӯро ба ҳоли шок ва ҳам ин пурсишро ба миён овард, ки чаро ҳодисаҳои худкушӣ дар байни ҷавонон ин қадар зиёд шудааст.

10 декабр 2014, 18:10

Хуҷанд: Фарогирии 2 ҳазор нафар бар зидди хушунат нисбати занон (АКС)

Мақомоти Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи занон аз санаи 25 ноябр то 10 декабр маъракаи иттилоотии «16 рӯзи зидди зӯроварӣ»-ро роҳандозӣ кард.

8 декабр 2014, 15:43

Вақте хушдоман сабаби фавти набераи таваллуднашудааш мегардад...

Сарвинози 21-сола (номи шартӣ), хатмкунандаи яке аз донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд, як сол муқаддам аз фарзанди дар батнаш буда маҳрум ва аз шавҳари дӯстдоштааш ҷудо шудааст.

5 декабр 2014, 17:07

Оё Нусрати террорист шогирди Ҳоҷӣ Мирзо аст?

Ҳоло аксари коршиносон иддао доранд, ҷавононе, ки ба ин роҳ мепайванданд камсаводу таҳсилдида нестанд, аз ин рў онҳоро гурўҳҳои махсус ба доми фиреб андохта, ба кишвари Сурия мебаранд.

5 декабр 2014, 12:07

Даъват аз муҳоҷирон: Ё ҷиҳод, ё пули ҷиҳод

Гурӯҳҳои ношиносе дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват мекунанд, то “ҷиҳоду муҷоҳидини Сурия”-ро сармоягузорӣ кунанд.

5 декабр 2014, 11:46

Суғд: Ҷавонон чаро террорист мешаванд?

Имрӯз дар ҷомеа гурӯҳҳои ифротгароӣ хеле зиёд шудааст. Аз ҷумла, маъмултарини онҳо аз қабили терроризм, экстремизм, радикализм, сепаратизм мебошанд.

4 декабр 2014, 18:32

Суғд. Худкушӣ мушкил боқӣ мондааст

Коршиносон омилҳои зиёди худкушӣ дар вилояти Суғдро ба гирифторӣ ба бемориҳои рӯҳӣ, бекорӣ, муҳоҷират ва ҷанҷолҳои оилавии сокинон маънидод менамоянд.

3 декабр 2014, 13:35

Панчакент: Бедодгарии сардори БДА!

Нашри матлабе дар бораи гӯшхарошиҳои сигнали ГАИ дар Панҷакент вокунишҳои зиёде миёни ронандагон ва сокинон ба бор овард. Вокуниш на аз сӯи мақомоти дахлдор, балки аз тарафаи ронандагон буд.

2 декабр 2014, 16:45

Касе намедонад, ки кай ҷавони рустабори Кӯлоб ҷиҳодӣ шуд

Як ҷавони 28-солаи рустабори сокини Кӯлоб дар ҷангҳои Сурия кушта шудааст.

1 декабр 2014, 11:12

Ҷавонони тоҷикро чӣ ба ҷангҳои хориҷӣ мебарад?

Ҳузури ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ аз доғтарин мавзӯъҳои рӯз аст. Коршиносон мегӯянд, бояд ҳарчи зудтар роҳҳои ҷилавгирӣ аз рафтани ҷавонон ба кишварҳои Ховари Миёна ба манзури иштирок дар ҷангҳо муайян карда шавад. Дар акси ҳол ба қавли онҳо ин раванд шиддат мегирад, ки паёмадҳои нохуше дар пай дорад.

29 ноябр 2014, 11:51

"Маро занам мезанад" (ВИДЕО)

Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯяд, дар ин охирҳо шикояти мардон аз бадрафтории занҳояшон назар ба солҳои гузашта бештар шудааст.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!