8 ноябр 2016, 17:11
Николя Виллюм, аккоси фаронсавӣ дар чаҳорчуби як тарҳ дар бораи табиати Тоҷикистон қисса кардааст.
4 ноябр 2016, 12:11
Тундбоди шаби гузашта матои парчами давлатиро дар шаҳри Кӯлоб, пояи баландияш 52,5 метр аст, даронда, бархе тахтасангҳои сутунҳои назди парчамро шикастааст. Хабарнигори “Озодагон” мегӯяд, субҳ чанде аз тамизкорони шаҳр ба тоза кардани шикастапораҳо машғул буданд.
4 ноябр 2016, 09:09
Маҳмадбек Маҳмадбеков, навраси 17-солаи тоҷик дар мусобиқаи сартосарии ҷудои Русия миёни ҷавонон мақоми аввалро сазовор шуд.
1 ноябр 2016, 10:00
Расонаҳои русӣ аз тӯйи бодабдабаи духтари як олигархи тоҷик хабар додаанд.
29 октябр 2016, 10:02
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз Душанбе ва Анқара оид ба аксари масъалаҳои муҳими сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи ҳамсон ё монанд доранд. Ин нуктаро Сироҷиддин Аслов шоми 28 октябр дар маросими таҷлил аз 93-юмин солгарди истиқлоли Туркия иброз дошт.
27 октябр 2016, 08:33
Ангуштони дасти яке аз ҳайкалҳои назди бинои маъруф ба “Садбарг” дар Душанбе ҳанӯз дуруст нашудаанд.
26 октябр 2016, 11:35
Мирзои Салимпур, рӯзноманигори маъруфи тоҷик ҳафтаи гузашта аз ҳоли паноҳҷӯёни тоҷик дар Аврупо хабар гирифтааст.
21 октябр 2016, 15:15
Сафар Сафаров, собиқ муовини аввали раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар синни 69 даргузашт.
21 октябр 2016, 09:01
“Чанд метри мукааб ишқ”-и коргардони афғон Ҷамшед Маҳмудӣ беҳтарин филми Ҳафтумин ҷашнвораи синамои байналмилалии “Дидор” эътироф шуд.
19 октябр 2016, 10:47
Шоми дирӯз, 18 октябр дар бархе манотиқи шимоли Тоҷикистон барф борид.
17 октябр 2016, 17:57
Исми барандаҳои Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ имрӯз, 17 октябр дар толори театри ба номи Лоҳутии Душанбе эълон гардид.
12 октябр 2016, 14:46
Нашрияи “Dailymail”-и чопи Бритониё гузориши аксиеро аз зиндагии сода ва ибтидоии мардуми Вахон, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон ҳаёт ба сар мебаранд, мунташир кард.
12 октябр 2016, 09:35
Дар Тоҷикистон нахустин китоб дар бораи Дилшод Назаров таҳти унвони “Дилшод Назаров-қаҳрамони олимпӣ” ба нашр расид.
10 октябр 2016, 15:37
Мақомоти умури дохилии Русия ба хонаводаи Ҷамшед Маҷидов, хатмкардаи факултаи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки аз Душанбе ба вилояти Еврейи Русия кӯч бастааст, шаҳрвандии ин кишварро тақдим намуд.
6 октябр 2016, 16:44
Дар маркази шаҳри Душанбе яке аз биноҳои навбунёд-“Пойтахт-80” оташ гирифтааст.