Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 17 январ 2017, 22:13
15 декабр 2014, 10:16

Пешбарии 5 марду 1 занӣ аз ҲСТ ва ҲИИТ ба парлумон

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар пайи баргузории анҷуманҳои худ рӯйхати номзадҳояшон аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявиро эълом доштанд.

13 декабр 2014, 13:04

28 номзади ҲХДТ: Аз ёварони президент то вазирон (АКС ва рӯйхат)

Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз, 13-уми декабр дар анҷумани пешазинтихоботӣ рӯйхати номзадҳояшро ба интихоботи парлумонии соли 2015 тасдиқ намуд, ки 28 нафарро дар бар мегирад.

12 декабр 2014, 12:27

Даъвати Убайдуллоев ба иҷлосияи фаврӣ

Имрӯз, 12 декабр дар пойтахти кишвар иҷлосияи фаврии 21-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати чорум баргузор мегардад.

11 декабр 2014, 15:34

Ёвари президент дар бораи барномаҳои зиддинаҳзатӣ ва интихобот

Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод кард, дар рӯзи интихоботи парлумонӣ ба нозирон ҷойҳои алоҳида дуруст карда шавад, то тавонанд раванди овоздиҳиро дуруст мушоҳида созанд.

11 декабр 2014, 11:08

1 миллиону 200 ҳазор. Ҳадди ниҳойии масрафи ҳизбҳо барои интихобот

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, аз ҳисоби буҷа ҷиҳати баргузории интихоботи парлумонӣ барои аҳзоб як миқдор маблағ ҷудо мешавад.

10 декабр 2014, 15:57

Абдуҷаббор Раҳмонов депутати ҳизби ҳоким мешавад?

Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов, собиқ вазири маориф ва ректори феълии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистонро ба ҳайси номзад барои вакилӣ дар парлумони ояндаи кишвар пешниҳод карданист.

8 декабр 2014, 16:12

Интихобот-2015: Маҷлиси намояндагон пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмонро тасдиқ мекунад

Фардо, сешанбеи 9 декабр вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури кишварро “Дар бораи интихоб намудани раис, муовини раис ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ“ баррасӣ ва тасдиқ хоҳад кард.

8 декабр 2014, 13:54

КМИР аз ҳизбҳои сиёсӣ манбаи даромадашонро хост

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар пешорӯи интихоботи парлумонии кишвар, ки 1 марти соли 2015 баргузор мешавад, аз аҳзоби сиёсии кишвар хост, дар бораи сарчашмаи даромади худ маълумот диҳанд.

8 декабр 2014, 10:38

Ҳизби аграрӣ дар парлумони нав фраксия таъсис доданист

Ҳизби аграрии Тоҷикистон қасд дорад, дар интихоботи парлумонии соли 2015 теъдоди намояндаҳояшро бештар намуда, фраксияи худро ташкил намояд.

6 декабр 2014, 11:03

Президент наҳзатию коммунисту сотсиалистро ба КМИР пешбарӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 15 нафарро, ки ба ҳайси раис, муовин ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

28 ноябр 2014, 08:19

Файзинисо Воҳидова: “Сюрприз”-ҳои ҲХДТ ҳамаро шок мекунад

Ҳар нафаре, ки дар соҳаи худ лозим нест ва ё умри мансабиаш ба охир расид, ба парлумон фиристода мешавад.

18 ноябр 2014, 12:32

Ташкили ситод барои ҷилавгирӣ аз "дуздӣ"-и овози муҳоҷирон дар интихобот

Иззат Амон, раҳбари иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия аз таъсиси як ситоди интихоботӣ дар шаҳри Маскав хабар медиҳад.

12 ноябр 2014, 10:38

Таваҷҷуҳи сафири Ҷопон аз ҷалби шаҳрвандон ба Ҳизби аграрии Тоҷикистон

Такаши Камада, сафири Ҷопон дар Душанбе аснои мулоқот бо Рустам Латифзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) ба фаъолияти дохилиҳизбӣ, омодагиҳо ба интихоботи моҳи феврали соли 2015, ҷалби шаҳрвандон ба сафҳои ҲАТ ва масъалаҳои ҳалталаби деҳоту соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардааст.

10 ноябр 2014, 15:39

Номаи Кабирӣ ба раиси Дастгоҳ баъди хомӯшии Убайдуллоев

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо ирсоли як нома аз Бахтиёр Худоёрзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар барои баргузории анҷумани ҳизбаш толор хостааст.

3 ноябр 2014, 08:51

Ҳизби аграрӣ дар остонаи интихобот аз узвияти 441 аъзои нав хабар дод

Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) мегӯяд, дар ҷараёни сафари кории Рустам Латифзода, муовини аввали раиси ин ҳизб ба вилояти Суғд сафаи аъзоёнаш бештар шудаанд.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!