12 июл 2017, 09:56
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон мегӯяд, ҷаҳиши қурби доллар боиси болоравии нархи ҳаҷ гардид.
11 июл 2017, 15:44
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯяд, аз ҷониби ҳукумати кишвар ба аҳолии аз сел зарардидаи ноҳияи Дарвоз 9 тонна маводи ғизоӣ интиқол дода шуд.
11 июл 2017, 13:49
Мурод Хол, сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон, мегӯяд, заминҳое, ки дар доираи созиши дуҷониба ба Чин дода шуданд, ягон кон надоштанд.
11 июл 2017, 10:44
Мурод Хол, сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон, имрӯз, 11-уми июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Вазорати молия дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои дигари давлатӣ ба ҳукумат лоиҳаи қоидаҳои худфаъолиятӣ ва худбиёрии сангу металҳои қиматбаҳоро пешниҳод кардааст.
11 июл 2017, 10:15
Мурод Хол, сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон тасмими “Газпром” дар бораи қатъи фаъолият дар майдонҳои нафту гази “Сариқамиш” ва “Шоҳамбарии Ғарбӣ”-ро тасдиқ кард.
11 июл 2017, 09:46
ТАЛКО, калонтарин корхонаи истеҳсоли алюминий, ки ба мушкили молӣ дучор аст, барои беҳбуди вазъи иқтисодияш ба истихроҷу коркарди тилло рӯй овардааст.
10 июл 2017, 16:18
Раёсати стандартизатсия, сертификатсия ва назорати савдои гуруҳи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб аз муҷозоти се корхонаи хиштбарорӣ хабар дод.
6 июл 2017, 15:16
Раёсати бозори “Деҳқон”, калонтарин таъминкунандаи Душанбе бо маҳсулоти кишоварзӣ камҳосилӣ ва нотинҷӣ дар Кундузро далели гаронии картошка-“нони дуюм”-и мардуми Тоҷикистон хонда, боз ҳам боло рафтани нархи онро аз эҳтимол дур намедонад.
6 июл 2017, 11:43
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 6-уми июл дар мулоқот бо роҳбарони Афғонистон, Покистон ва Қирғизистон изҳор доштааст, ки марҳилаи аввали нерӯгоҳи “Роғун” соли 2018 фаъол мешавад, аммо бунёди КАСА-1000 аз нақша қафо мондааст.
5 июл 2017, 11:20
Air Charter Service дар пайи як таҳлил гаронтарин ҳавопаймоҳои раҳбарони кишварҳоро маълум кардааст.
5 июл 2017, 08:02
Шоми 2 июл бозори Корвон, яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳри Душанбе оташ гирифт. Вазорати корҳои дохилӣ сабаби сӯхторро “расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ” унвон кард ва гуфт, он масоҳати 480 метри мураббаъро фаро гирифтааст. Дар пайи ин ҳодиса 25 мағоза ва 260 нуқтаи савдо зарар дидаанд. Ҳолатҳои сӯхтори бозорҳо дар Тоҷикистон кам нестанд ва аз ҳама зиёд бозори Корвон оташ гирифтааст. Ҳодисаҳои пурсарусадои сӯхтори бозорҳоро дар ин акси гӯё бубинед.
3 июл 2017, 10:06
Тоҷирони бозори Корвон, ки дар пайи сӯхтори шоми 2 июл хисорот дидаанд, ду сол аз пардохти хароҷотҳои бозор озод шудаанд. Ин нукта имрӯз, 3 июл дар дидори тоҷирон бо масъулини шаҳрдорӣ таъкид шудааст.
3 июл 2017, 08:51
Дар бозори Корвонро, ки шаби 2 июл сӯхтор ба амал омад, кормандони зиёди ҳифзи ҳуқуқ қарор доранд.
30 июн 2017, 09:34
Шодихон Ҷамшед, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сифати арақро дар вилоят паст арзёбӣ карда, омори марбут ба истеҳсолу муомилоти машруботро шубҳаовар хондааст.
29 июн 2017, 09:57
Қурби рубли русӣ давоми даҳ рӯзи гузашта дар бозори асъори кишвар ҳудуди 5 сомонӣ коҳиш ёфтааст. Арзиши доллар бетағйир аст ва аммо евро марзи ҳазор сомониро убур кард.