Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 ноябр 2017, 15:48
25 июл 2017, 17:16

(ВИДЕО) Вазир дар бораи додугирифти газу барқ бо Узбакистон

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, гуфтушунид барои пайвастан бо низомҳои энергетикии Узбакистон ҷоннок гардида, тайи нимсолаи гузашта хеле корҳои зиёд анҷом дода шуданд.

25 июл 2017, 14:51

Зувайдзода: "Манзили дастрас" камбудӣ дорад, аммо муфлис нест... (ВИДЕО)

Маҳмадсаид Зувайдзода, ноиби аввали раиси шаҳри Душанбе мегӯяд, санҷиши лоиҳаи “Манзили дастрас” анҷом шудааст ва феълан чораандешиҳо барои анҷоми сохтмони биноҳои он идома дорад.

24 июл 2017, 16:27

Муҳоҷирони “гумшуда” аз Тоҷикистон: Сарнавишт ва ё чизи дигар?

Як сол қабл Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон теъдоди ашхоси “гумшуда” ва ё шумори онҳоеро, ки “бедарак” шудаанд, беш аз 1600 нафар унвон карда, эълон дошт, ки аксари эшон ба кишварҳои дуру наздик ба муҳоҷират рафта, дигар аз худ дарак надодаанд.

24 июл 2017, 08:57

ВКД: Қарздорҳо сокини Истаравшанро буғӣ карда, ҷасадашро ба дарё андохтаанд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду сокини шаҳри Истаравшан бо иттиҳоми анҷом додани куштор хабар медиҳад.

22 июл 2017, 19:54

Деҳқон “гастербайтер”-у нархҳо гарон: Чаро хоки Ватан моро сер намекунад? (ВИДЕО, САДО)

Дар Тоҷикистони камзамин, ки феълан сари ҳар сокин камтар аз 6 ҳисса замини корами обӣ рост меояд, майдонҳои кишт рӯ ба таназзул ниҳодаанд. Дар ҳоле ки ба 8,5 миллион нонхӯр дар кишвар ҳамасола 2%-и дигар зам мешавад, деҳқонҳои тоҷик мегӯянд, бархе аз заминҳои Ватан мисли солҳои пешӣ ҳосилхез нестанд.

21 июл 2017, 18:22

Хайр Русия, салом Аврупо-самти нави муҳоҷирати тоҷикон (ВИДЕО)

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, коҳиши муҳоҷирати шаҳрвандон ба Русия идома ёфта, тайи шаш моҳи аввали соли равон 237 ҳазору 70 тоҷикистонӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафтаанд ва ин нисбати нимсолаи аввали соли гузашта 2,4% кам мебошад.

19 июл 2017, 15:02

Вазир: Даврае, ки сабзӣ 20 ва картошка 60 дирам буд, гузашт (ВИДЕО)

Иззатулло Сатторӣ, вазири кишоварзии Тоҷикистон аз болоравии нархи маҳсулоти кишоварзӣ истиқбол карда, гуфт, даврае, ки сабзӣ 20 дираму картошка 50-60 дирам буд, гузашт.

19 июл 2017, 10:29

Раиси Кумитаи сохтмон: "Сафед-дара" лағжид... (ВИДЕО)

Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон, лағжиши биноҳои навбунёди маҷмааи куҳию лижаронии “Сафед-дара”-ро тасдиқ кард.

18 июл 2017, 12:11

Даъвати Ҳакимзода аз шаҳрвандон: Ба телефони боварӣ занг бизанед (ВИДЕО)

Руҳулло Ҳакимзода, раиси Раёсати бонки давлатии Тоҷикистон - “Амонатбонк” мегӯяд, давоми шаш моҳи соли равон дар пайи 22 санҷиши Идораи назорат ва аудити дохилӣ 7 кормандаш аз кор озод шудаанд.

18 июл 2017, 10:05

Раиси “Амонатбонк”: Амволи Толиб Айёмбеков ба фурӯш гузошта шудааст (ВИДЕО)

Раиси бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон – “Амонатбонк” мегӯяд, амволи ба гаравгузоштаи Толиб Айёмбеков, собиқ фармондеҳи мухолифин дар Бадахшон ба фурӯш гузошта шудааст.

17 июл 2017, 16:26

Феҳрасти комили аъзои нави Академия: Аз Нуриддин Саид то Яқубов

Раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон натиҷаи ниҳоии интихоботи аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳоро эълон кард.

17 июл 2017, 11:03

Т.Пирзода: Аз вазъи “Тоҷиксодиротбонк” сӯиистифода карда, миллионҳо сомониро ғайриқонунӣ аз худ кардаанд

Раиси Раёсати “Тоҷиксодиротбонк” мегӯяд, бархе раҳбарони филиалҳо дар минтақаҳо аз ҳолати буҳронии бонк сӯиистифода бурда, миллионҳо сомониро ғайриқонунӣ аз худ кардаанд.

14 июл 2017, 14:58

Муҷозоти “Тоҷиквзрыв” ва барканории хориҷиҳо аз корҳои таркишӣ

Раҳим Санъат Асо, раҳбари Хадамоти назорати давлатии бехатарии кор дар соҳаи саноат ва кӯҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон гузориш дод, ки тайни ду соли охир тамоми шаҳрвандони хориҷиро аз корҳои таркишӣ дар кишвар барканор кардаанд.

14 июл 2017, 14:41

Резиши санг “Хундай-Старекс”-ро ба Хингоб чаппа кард ва ду нафарро кушт

Бар асари ба дарёи Хингоб чаппа шудани як мошин дар шарқи Тоҷикистон ду нафар ба ҳалокат расидааст.

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!