Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 25 сентябр 2017, 07:34
21 июл 2017, 12:03

ВИДЕОИ суолу ҷавоб бо Раҳимзода: Аз латукӯби Кабирӣ то қатли наздикони Ҳалимов ва қасди ДИИШ дар Кӯлоб

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон феълан дар бинои ВКД бо хабарнигорон мулоқот дорад. “Озодагон” лаҳза ба лаҳза суолу ҷавоби хабарнигорон бо Рамазон Раҳимзодаро, ки айни ҳол идома дорад, пешниҳоди хонандагон мекунад.

21 июл 2017, 12:02

Изҳороти “Ховар”: СҲШ ҳизби наҳзатро “созмони террористӣ” эълон кард

Хабаргузории давлатии “Ховар” мегӯяд, Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба феҳрасти гуруҳҳои “террористӣ-экстремистӣ” ворид кардааст.

21 июл 2017, 08:23

Генерал Назарзода гуфт, сохтори КҲФ-ро тағйир медиҳанд (ВИДЕО)

Генерал Рустам Назарзода, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон (КҲФ) мегӯяд, барои пешрафти бештари кори ниҳоди зертобеаш сохтори онро тағйир хоҳад дод.

20 июл 2017, 09:39

Раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар бораи санадҳои нодурусту ғайриқонунӣ

Дар нимсолаи аввали соли равон 28 санади судӣ дар Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон бо далели нодурусту ғайриқонунӣ будан аз ҷониби марҳилаҳои болоии ин ниҳод бекор шудаанд.

19 июл 2017, 16:43

Субҳон Ҷалилов дабири кулли “Медиа Алянси Тоҷикистон” интихоб шуд

Субҳон Ҷалилов, директори барномаҳои ширкати телевизион ва радиои “Ватан” дабири кулли созмони “Медиа алянси Тоҷикистон” интихоб шудааст.

19 июл 2017, 16:15

Сафири Амрико: Номи Гулмурод Ҳалимов аз феҳристи Интерпол ҳазф нашудааст

Сафири Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, исми Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини ОМОН-и Тоҷикистон, ки ба сафи гуруҳи террористии ба ном “давлати исломӣ” пайваст, аз рӯйхати афроди таҳти пайгарди пулисибайналмилал ё Интерпол ҳазф нашудааст.

19 июл 2017, 08:49

Духтари Эмомалӣ Раҳмон муовини тағояш шуд

Зарина Раҳмон, духтари шашуми Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон муовини раиси “Ориёнбонк” таъин шудааст.

18 июл 2017, 17:30

Баъди ҷонибдории Маҷлиси миллӣ. Эмомалӣ Раҳмон зери қонунҳо имзо гузошт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 18 июл зери як қатор қонунҳое, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намуд, имзо гузоштааст.

18 июл 2017, 16:22

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, қарорҳои нодурусту ғайриқонунии додрасҳо афзоиш ёфтааст

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон аз афзоиши қарорҳои нодурусту ғайриқонунии судяҳо хабар дода, ин ҳолатро яке аз камбудиҳои мақомоти додгоҳии кишвар арзёбӣ намуд.

18 июл 2017, 14:43

А.Ғоиб дар бораи “пулкоркунӣ”-и гумрукчиён: Шароитҳои пешина нест... (ВИДЕО)

Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, сиёсати кадрӣ, далели зиёд будани довталабони кор дар гумрук, маоши кормандон ва сарчашмаи хонаю мошинҳои гаронарзиши кормандони тобеяшро шарҳ дод.

18 июл 2017, 10:33

А.Ғоиб дар бораи хабарҳои бозпурсию қасди фирораш аз кишвар ва боздошти "шогирдонаш" (ВИДЕО)

Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, боздошти тими собиқаш дар Оҷонсии зидди фасод ва Хадамоти гумрук, овозаҳо дар бораи қасди фирор аз кишвар ва бозпурсиаш аз сӯи муфаттишони мақомоти амниятиро шарҳ дод.

17 июл 2017, 16:26

Феҳрасти комили аъзои нави Академия: Аз Нуриддин Саид то Яқубов

Раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон натиҷаи ниҳоии интихоботи аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳоро эълон кард.

17 июл 2017, 15:00

Шоҳиён дар бораи бозбинии парвандаҳои таҳиякардаи Холмуродзода: Зарурат нест (ВИДЕО)

Додгоҳи Олии Тоҷикистон мегӯяд, зарурате барои бозбинии парвандаҳое, ки аз ҷониби Фирӯз Холмуродзода ва дигар масъулини боздоштшудаи Оҷонсии зидди фасод таҳия шудаанд, мавҷуд нест.

14 июл 2017, 09:44

Шоҳиён: Пешво муқаддас аст, дар борааш филми бадеӣ меофарем (САДО)

Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон масъалаи ҳатмӣ будани талаффузи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат дар телевизион ва радиоро ҳангоми зикри номи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шарҳ дод.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!