Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 28 июн 2017, 10:24
3 октябр 2014, 10:22

Миллионҳо доллар “доля”-и “Бахо-шакар” ба духтари президент

Гулнора Каримова, духтари бузурги раиси ҷумҳури Узбакистон, аз ширкати Баҳодур Каримҷонов, маъруф ба “Бахо-шакар” миллион доллар “доля” гирифтааст.

2 октябр 2014, 12:10

Дастури президент барои ифтитоҳи масҷиди нав дар Иди Қурбон, 4 октябр

1 октябр раиси ҷумҳури Узбакистон - Ислом Каримов аз маҳалли сохтмони масҷиди “Минор”, ки нақшаи сохтмони онро худаш пешниҳод кардааст, боздид намудааст.

29 сентябр 2014, 12:40

Волгоград: Ҳалокати ду муҳоҷири узбак дар пайи фурурезии хок

Дар вилояти Волгоград ду муҳоҷири узбакистонӣ дар натиҷаи фурӯ рехтани хок ба ҳалокат расидаанд.

23 сентябр 2014, 09:21

Додситони кулл гуфт, духтари президент дар тақаллуб муттаҳам мешавад

Додситони кулли Узбакистон душанбеи 22 сентябр, тасдиқ кардааст, ки Гулнора Каримова, духтари калони райиси ҷумҳури ин кишварро дар тақаллубкорӣ муттаҳам медонад.

17 сентябр 2014, 10:02

АКС: Кашмакаши духтари президент бо амниятиҳо

Дар интернет аксҳои Гулнора Каримова, духтари калони райиси ҷумҳури Узбакистон - Ислом Каримов нашр шудааст, ки дар он дида мешавад, бо афроди низомипӯш дар ҷидол аст.

16 сентябр 2014, 15:28

Мавлуди Алишер Усмонов дар Тошканд ва баҳси мошини 2 миллион $-ӣ

Алишер Усмонов, сарватманди узбактабори рус мавлудашро дар Тошканд ҷашн гирифтааст.

15 сентябр 2014, 14:02

Аз муаллим то духтур... ҳама ба пахтачинӣ

40 дар сади кормандони бахши тандурустӣ дар Узбакистон ба пахтачинӣ ҷалб хоҳанд шуд.

10 сентябр 2014, 18:10

Боздошти муовини раиси донишгоҳи Гулистон бо иттиҳоми ришвагирӣ

Хадамоти амнияи миллии Узбакистон аз боздошти муовини раиси донишгоҳи Гулистон бо иттиҳоми гирифтани ришва хабар додааст.

8 сентябр 2014, 17:12

Шветсия ҳанӯз интизори посухи Тошканд дар мавриди наздикони Гулнора Каримова аст

Гуннар Стетлер, сардори раёсати мубориза бо фасоди Додситони кулли Шветсия, зимни муроҷиат ба Додситони кулли Узбакистон тақозо кардааст, дар бораи Гаяне Авакян ва Рустам Мадумаров, ки дар моҳи май аз озодӣ маҳрум шуданд, иттилоъ бидиҳад.

5 сентябр 2014, 10:30

Шикояти Кобзон аз Ислом Каримов дар бораи Гулнора, Имон ва толору ҶБВ

Иосиф Кабзон, сарояндаи маъруф ва вакили парлумони Русия гуфтааст, дигар ҳеч гоҳ аз Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон чизе дархост нахоҳад кард.

4 сентябр 2014, 13:58

Парчами ДИИШ дар Узбакистон ва бозпурсии даҳҳо нафар

Раёсати мубориза алайҳи терроризм ва ҷиноятҳои муташаккили вазорати умури дохилии Узбакистон дар пайи ҷустуҷӯи нафарест, ки байрақи Давлати Исломӣ дар Ироқу Шом (ДИИШ)-ро дар фарози пули Юнусобод насб кардааст.

2 сентябр 2014, 08:13

Нопадид шудани ректори донишгоҳ, дӯсти духтари президент

Бо гузашти якуним ҳафта аз ғайб задани ректори Донишгоҳи давлатии Урганҷ ба номи Ал-Хоразмии Узбакистон ҳанӯз аз ӯ дарак нест, хабар додааст Ҳаракати мардумии Узбакистон.

28 август 2014, 17:16

Фармони нав: “То анҷоми маъракаи пахтачинӣ тӯй накунед”

Мақомоти ноҳияи Янгиободи вилояти Ҷизах баргузор намудани тӯйҳо то анҷоми маъракаи пахтачиниро манъ кардаанд.

27 август 2014, 10:31

Боздошти ду шаҳрванди Узбакистон бо иттиҳоми куштори соҳибкори маъруфи турку ҳамсараш

Бо иттиҳоми куштори асосгузорони бренди маъруфи Туркия – “Ören Bayan” як зану шавҳар аз Узбакистон боздошт шудаанд. Ба иттилои ВАО-и Туркия дастгиршудаҳо ҳангоми пурсуҷӯи пулис иқрор кардаанд, ки зану шавҳари соҳибкорро ба ҳалокат расондаанд.

25 август 2014, 17:12

Боздошти як мақоми қудратии Узбакистон бо лақаби “тоҷик”

Раҳбари як ниҳоди қудратии Узбакистон, ки дар доираҳои махсус аз ӯ “тоҷик” ном мебурдаанд, боздошт гардидааст.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!