Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 ноябр 2017, 15:48
14 апрел 2014, 09:02

Номаи саркушодаи Абдунабӣ Сатторзода ба Мӯъмин Қаноат

Номаи саркушодаи Абдунабӣ Сатторзода, донишманди тоҷик, ба Мӯмин Қаноат, Шоири халқии Тоҷикистон.

11 апрел 2014, 16:05

Муфтӣ дар намози ҷумъа омили пошхӯрии оилаҳоро шарҳ дод

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, дар намози ҷумъаи 11 апрел ба масъалаи пошхӯрии оилаҳои ҷавон дахл карда, бархе аз омилони онро шарҳ дод.

9 апрел 2014, 09:03

Эшони Нуриддин ба шинондани муйи сар иҷоза дод

Эшони Нуриддин, руҳонии маъруфи тоҷик ва яке аз бародарон Тураҷонзодаҳо шинондани муйи сарро аз нигоҳи Ислом раво хондааст.

7 апрел 2014, 12:14

Ҳалокати боз як ҷавони дигар дар шуъбаи пулис: Худкушӣ ё шиканҷа?

Ҷунайдулло Ҳомидов, сокини ноҳияи Вахш иддао дорад, ки маъмурини пулиси ин ноҳия писараш-Низомиддини 27-соларо дар пайи латукӯб кушта, ба онҳо гуфтаанд, ӯ худаш дар шуъбаи умури дохилӣ худро ба дор овехтааст.

4 апрел 2014, 14:18

Изҳори эҳтироми Абдулқодирзода ба исмоилиён ва ҳушдор ба салафиҳо

Сайидмукаррами Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки дар мавъизаи гузаштааш аз эътиқоди баъзеҳо ба вуҷуди Имоми замон интиқод кард, имрӯз, 4-уми апрел зимни адои намози ҷумъа дар Масҷиди марказии Душанбе гуфт, ӯ Имоми замони пайравони Исмоилияро дар назар надошт.

3 апрел 2014, 08:34

Кабирӣ парванда алайҳи хонаводаашро “сирф сиёсию супоришӣ” хонд

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон парвандаи бознамудаи Оҷонсии зидди фасодро нисбати бозори “Саховат”-и шаҳри Турсунзода, ки ба хонаводаи ӯ тааллуқ дорад, “сирф сиёсӣ” хонд.

1 апрел 2014, 10:59

Қрим, қурутоб, каблук, шукр, магаси паразит ва Марати Кордчазан

Имрӯз якуми апрел дар тамоми марказҳои саноатӣ ва фарҳангии ҷаҳон, ба монанди Вашингтону Маскав, Дубайва ҷамоати Лойхураки Боло ҷашнвораи байналмиллалии “ҚУРУТОБ- 2014” доир гардид, ки бинобар гуфтаи хабарнигорони шабакаҳои давлатии Тоҷикистон, дар ҷаҳон бесобиқа будааст.

1 апрел 2014, 09:43

Кабирӣ дар бораи Иттиҳоди гумрукӣ ва вобастагии Тоҷикистон аз Қирғизистон

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва вакили парлумон ворид шудан ба Иттиҳоди гумрукиро ба нафъи кишвару сокинон хондааст.

31 март 2014, 11:44

“Парвоз”-и нархи картошка ва ҳисоботи “осмонӣ”-и Қосими Раҳбар

Нархи як кило картошка дар бозорҳои шаҳри Душанбе аз 2,5 сомонии ҳафтаи пеш, имрӯз, 31-уми март то ба 4,5 сомонӣ расидааст.

29 март 2014, 15:51

Эрон Муҷониро ҳамчун сафир ба Душанбе мефиристад?

Бархе аз манобеъ мегӯянд, ба эҳтимоли қавӣ, Сайид Алӣ Муҷонӣ сафири ин кишвар дар Тоҷикистон таъйин хоҳад шуд. Муҷонӣ 45 сол дошта, фориғуттаҳсили Донишгоҳи озоди исломии Эрон мебошад.

29 март 2014, 13:41

Андоз аз талабаҳо ва беморон лағв мешавад?

Соҳибмағзи бузурге, ки дилаш барои халқу кишвар метапад, шояд баъд аз чандин шабҳои ғута задан ба баҳри бехобӣ ба гавҳари фикри амиқе расид, ки барои пур кардани хазинаи давлат аз мактабҳо ва бемористонҳои хусусӣ, ба ҷуз андоз аз даромад, боз НДС низ ситонида шавад.

28 март 2014, 17:12

Посух ба президент: Бояд аз тоҷикон дифоъ кард, на аз Карзай

Суханони сарвари давлатамон, Эмомалӣ Раҳмон, ки гуфтааст, "Афғонҳо худ бояд сарнавишташонро муайян созанд" -ро шунида, онҳое, ки аз сиёсати имрӯза дар Афғонистон то ҷое огоҳанд, комилан дар ҳайрат мемонанд, ки то чӣ андоза сиёсатмадорони мо, ба вижа, онҳое, ки дар Вазорати хориҷаи Тоҷикистон кор мекунанд, аз рӯйдодҳои имрӯзии Афғонистон ва паёмадҳои он ноогоҳанд.

27 март 2014, 10:34

Ноиби ректор: Пошнаи паст ба саломатии духтарҳо зарар дорад

Искандар Аминов, муовини ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон оид ба таълим таъйид намуд, ки субҳи имрӯз, 27-уми март як гуруҳ духтаронро барои пойафзоли пастпошна доштанашон ба дарс роҳ надодаанд.

26 март 2014, 16:34

Эмомалӣ Раҳмон ба Карзай: "Афғонҳо худ бояд сарнавишташонро муайян созанд"

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳамтои афғонаш - Ҳомид Карзай ба масъалаи интихоботи қарибулвуқуи президентии Афғонистон дахл карда, таъкид кардааст, ки мардуми ин кишвар бояд сарнавишти худро муайян созанд.

21 март 2014, 15:41

Модари Умед Тешаев: Писарам бемори руҳӣ аст! (ВИДЕО)

Мушкиниссо Эргашева, модари Умед Тешаев, маҳбусе, ки ахиран сардори зиндони Кӯлобро ба қатл расондааст, изҳор медорад, ки писараш ба бемории руҳии ирсӣ гирифтор аст.

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!