Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 29 апрел 2017, 14:30
7 апрел 2017, 08:54

Саидҷаъфар Усмонзода: Мо пойбанди кисаи касе нестем

Ҳизби демократи Тоҷикистон дар интихоботи ахир ҳизби парлумонӣ шуд. Худи раҳбарияти ҳизб инро як муваффақияти бузург талаққӣ мекунад, аммо баъзе доираҳо ва коршиносон ҳузури онро дар саҳнаи сиёсӣ камранг медонанд. Иршод Сулаймонӣ, сардабири ҳафтаномаи “Озодагон” бо раиси ҳизб ин ва дигар масоили сиёсии кишварро ба баҳс кашид.

8 сентябр 2016, 08:57

Раҳматилло Зоиров: Бо Ислом Каримов шинос будам...

Баъд аз марги Ислом Каримов бисёре аз чеҳраҳои сиёсӣ ва фаъолони ҷомеаи мадании Тоҷикистон нуқтаназарҳо ва баррасиҳои худро дар мавриди шахсияти Ислом Каримов ва ҳамчунин дар перомуни шеваҳои ҳукуматдорӣ ва муносибати ӯ бо тоҷикону Тоҷикистон баён карданд. Дар ин миён изҳороти Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мавриди вокунишҳои густардаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва рӯзноманигорону таҳлилгарони шинохта қарор гирифт. Аз ҷумла бештари касоне, ки вокуниш нишон доданд, тавсифу тамҷиди Зоиров аз Каримовро ғайримунсифона ва ғайриинтизор унвон карданд. Иршод Сулаймонӣ ба дунболи ин вокунишҳо бо чанд суол ба Раҳматилло Зоиров муроҷиат кард.

19 август 2016, 09:12

(ВИДЕО) Сафири Амрико: Мо тамоми корҳоро дар Тоҷикистон ба анҷом нарасондаем

Амрико, ки як кишвари абарқудрати дунёст, бо вуҷуди доштани равобити дипломатӣ аз тариқи сафоратхонаҳои худ, ҳамчунин бо баъзе аз кишварҳо муколамаҳои дипломатиро дар форматҳои нав ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, дар ду соли ахир шоҳиди чунин як муколамаи Амрико бо кишварҳои Осиёи марказӣ бо номи С5+1 ҳастем. Чанд рӯз қабл ҳамчунин як муколамаи вазири корҳои хориҷии Амрико бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат пазируфт. “Озодагон” ба дунболи ҳадафҳои муколама хостори як мусоҳибаи ихтисосӣ бо сафири ИМА дар Тоҷикистон шуд.

16 август 2016, 09:47

Фарид Сафармамад: Муваффақтарин модели маориф дар фазои носозгор мепӯсад

Фарид Сафармамад. Як ҳамватани 34-солаи мост, ки ҳоло дар яке аз бонуфузтарин донишгоҳҳои иёолоти Вирҷиниёи ИМА, Донишгоҳи Олд Доминион (Old Dominion University) ҳам устод аст ва ҳам дар давраи дуктуро таҳсил мекунад. Фарид дар тахассуси таҳсилоти ибтидоии касбӣ-техникӣ машғули тадрис ва пажуҳиш аст. Давраи мостарии худро ҳам дар ҳамин донишгоҳ фаро гирифтааст. Қабл аз рафтан ба Амрико дар Тоҷикистон ва Итолиё дар лоиҳаҳои гуногуне дар заминаи рушд ва ислоҳоти маориф кор кардааст. Бештар аз 1,5 сол ҳамоҳангсози Барномаи омӯзишҳои фаромарзии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ буд. Иршод Сулаймонӣ, хабарнигори “Озодагон” бо Фарид Сафармамад суҳбате анҷом дод, ки пешниҳоди хонандаҳо мешавад.

15 июн 2016, 09:12

Каромат Шарифов: Ҳалли мушкили муҳоҷират дар дасти Президент аст

Ҷунбиш ва шахсияти Каромат Шарифов дар ин авохир дар сархати расонаҳои Тоҷикистону Русия қарор дорад. Гуфта мешавад, мехоҳанд созмонашро бибанданд ва ҳамчунин сару садоҳо дар мавриди ҷинояткор эълон кардани ӯ низ баланд мегардад. Қабл аз ин сару садоҳо ҷаноби Шарифов, раҳбари Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” дар шаҳри Душанбе бо ” Иршод Сулаймонӣ, хабарнигори “Озодагон суҳбати ихтисосие анҷом дода буд.

12 март 2016, 15:38

(ВИДЕО) Саймиддин Дӯстов: Аз телевизионҳои тоҷик шарм мекунам (ИДОМАИ БАҲСИ БЕШТАР)

Матбуот. Расонаҳо. Аз инҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон шинохти гуногун вуҷуд дорад. Баъзеҳо оппозитсиюни ҳукуматашон меноманд, баъзеҳо ёвари он. Ҳақиқати ҳол чист? Вазъи имрӯзаи расонаҳои Тоҷикистон чӣ гуна аст? Барои баррасӣ ва посух ба ин суолот барои як баҳси бештар ба дафтари “Озодагон” яке аз таҳлилгарони варзидаи Тоҷикистон ва соҳибрасонаи тоҷик Саймиддин Дӯстовро даъват кардем.

12 март 2016, 14:59

(ВИДЕО) Саймиддин Дӯстов: Ҳукуматдорон меоянду мераванд, вале давлатдории миллӣ боқист

Матбуот. Расонаҳо. Аз инҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон шинохти гуногун вуҷуд дорад. Баъзеҳо оппозитсиюни ҳукуматашон меноманд, баъзеҳо ёвари он. Ҳақиқати ҳол чист? Вазъи имрӯзаи расонаҳои Тоҷикистон чӣ гуна аст? Барои баррасӣ ва посух ба ин суолот барои як баҳси бештар ба дафтари “Озодагон” яке аз таҳлилгарони варзидаи Тоҷикистон ва соҳибрасонаи тоҷик Саймиддин Дӯстовро даъват кардем.

29 феврал 2016, 16:45

(ВИДЕО) Аҳмадхӯҷа Давлатов: Мо як гуруҳи расмием, аммо аз ҳукумат нестем

Эътироз. Ин вожа дар як моҳи ахир дар расонаҳои тоҷикӣ серистеъмол гашт. Он аслан ба мухолифати ду гуруҳ бастагӣ дошт. Гуруҳи аввал мухолини Ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар буданд, ки назди дафтарҳои созмонҳои ҷаҳонӣ ва сафоратхонаҳои Тоҷикистон бо эътироз ба амалкардҳои ахири ҳукумат наҳваи мухолифати худро ба намоиш гузоштанд. Гуруҳи дувум дар дохили Тоҷикистон қарор доранд ва низ назди сафоратхонаҳои кишварҳои ғарбӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ мераванду талаб мекунанд, мухолифини Тоҷикистон ба кишвар баргардонида шаванд. Гуруҳи тоҷикистониро нафаре бо номи Аҳмадхӯҷа Давлатов раҳбарӣ мекунад ва Иршод Сулаймонӣ ӯро барои як баҳми бештар ба дафтари “Озодагон” даъват намуд.

27 январ 2016, 08:59

(ВИДЕО) Валӣ Самад: Аз роҳи пуразоби тайкарда пушаймон нестам

80 соли зиндагии як шахсият. Шахсияте, ки дар ин 80 сол ҳамеша барои худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, барои муаррифии Ватан, барои муаррифии фарҳанг ва адабиёт талош кардааст. Шахсияте, ки ин 80 солро барои худ як 80 соли пуршараф, 80 соли пур аз муборизаҳои ростину намодин медонад. Иршод Сулаймонӣ дар 80-умин солрӯзи Валӣ Самад ин шахсияти фарҳангӣ, адабиётшинос ва як инсони шоистаи Тоҷикистонро ба “Баҳси бештар” даъват кард.

19 декабр 2015, 14:20

(ВИДЕО) Раҷаби Мирзо: Ҷомеаи Тоҷикистон гибридӣ аст

Лоиҳаи қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат"-ро Маҷлиси намояндагон якдилона тасвиб кард ва ахиран аз сӯи Маҷлиси миллӣ ҳам тасдиқ шуд. Ин тарҳи қонун дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои зиёдеро дар пай дошт. Бо тасвиби лоиҳа аз сӯи вакилони парлумон садҳо нафар дар минтақаҳои Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз он раҳпаймоиҳо карданд. Аммо мухолифони тарҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегуфтанд, он роҳи кишварро ба раҳбарии якумрӣ ҳамвор мекунад. Хабарнигори “Озодагон” Сайф САФАР барои суҳбат атрофи ин мавзӯъ Раҷаби МИРЗО, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷикро ба “Баҳси бештар” даъват намуд.

2 октябр 2015, 08:43

Баҳси бештар бо Муллоҷонов: Қазияи ҲНИТ, исёни генерал ва фишангҳои Русия

Суҳбати ихтисосии Сайф Сафар, хабарнигори “Озодагон” бо Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси шинохтаи тоҷик

14 сентябр 2015, 09:25

(ВИДЕО) Шокирҷон Ҳакимов: Пешрафти давлат аз рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ вобаста аст

Меҳмони “Баҳси бештар”-и Озодагон Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос ва муовини раиси ҲСДТ

7 сентябр 2015, 13:05

(ВИДЕО) Д.Розенблум: Амрико аз маҳдудсозии плюрализми сиёсӣ дар Тоҷикистон нигарон аст

Даниэл Розенблум, муовини ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико дар умури Осиёи Марказӣ, ки ахиран бо як сафари корӣ вориди Душанбе шуд, дар суҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори “Озодагон” – Сайф Сафар аз эътилофи зидди гуруҳи террористии мавсум ба “Давлати исломӣ” ё ДИИШ, даъват аз Тоҷикистон барои пайвастан ба ин эътилоф ва вазъи сиёсии минтақа гуфт.

8 июл 2015, 08:50

Бахтиёр Бӯриев: Агар иҷозат диҳанд, дар 6 моҳ ДИИШ-ро нест мекунем (ВИДЕО)

“Озодагон” қаблан аз қасди як ширкати тоҷикистонӣ барои ташкили созмони бузурги ҳарбӣ миёни 12 кишвар хабар дода буд, ки ҳадафаш мубориза бо ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, ба вижа “Давлати исломӣ” ё ДИИШ аст. Бахтиёр Бӯриев, раҳбари ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Орзуи шумо”, ҳамагӣ шаш моҳи қабл дар Душанбе таъсис ёфтааст, иддао дошт, мехоҳанд ба ҳайати созмони мазкур 12 кишвари минтақа ва ҷаҳон, бо шумули Тоҷикистон, ИМА, Русия, Қазоқистон, Покистон, Афғонистон ва Чинро ҷалб созанд. Дар робита хабарнигори мо – Иршод Сулаймонӣ Бахтиёр Бӯриевро барои як суҳбат ва баҳси бештар ба дафтари “Озодагон” даъват кард.

22 июн 2015, 09:00

Муҷаддадӣ: Озодии баён дар Афғонистон ба иродаи раисҷумҳур бастагӣ надорад (ВИДЕО)

Яке аз масъулони ҷомеаи рӯзноманигории ин кишвар, ки бо як сафари корӣ ба Душанбе омада буд, меҳмони дафтари “Озодагон” шуд. Хабарнигори мо – Иршод Сулаймонӣ аз ин фурсат истифода кард ва Ҳуҷҷатуллоҳ Муҷаддадӣ, муовини раиси Анҷумани журналистони озоди Афғонистонро барои як баҳси бештар дар масоили фаъолияти расонаҳо дар Афғонистон даъват намуд.

Ба қафо | Ба пеш

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!