Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 июл 2017, 05:39
14 июл 2017, 18:12

Расулзода: Боре нашудааст, ки зарардидаҳо дар кӯча монанд (АКС)

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ҳамроҳи вазирони мудофиа, нақлиёт, кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва дигар масъулони ҳукумат аз минтақаи зарардида ва кули сунъӣ дар деҳаи Хостави ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз боздид кард.

12 июл 2017, 08:19

(АКС) Ваъдаи масъулини “Бозори Корвон”: Баъди 5 рӯз қисмати зарардида барқарор мешавад

Масъулини “Бозори Корвон” мегӯянд, дар ҳоли ҳозир 80 дарсади нуқтаҳои дар пайи сӯхтор зарардида барқарор шуда, давоми панҷ рӯзи оянда дарвозаи №6 пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

5 июл 2017, 17:24

Э.Раҳмон роҳёбӣ ба бандарҳои Покистонро муфид хонд (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 5-уми июл дар мулоқот бо Муҳаммад Навоз Шариф, сарвазири Покистон аз равобити сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ карда, хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ шудааст.

5 июл 2017, 13:58

Сӯхтори меҳмонхонаи “Сайри орзӯ” хомуш карда шуд (АКС)

Сӯхтори меҳмонхонаи “Сайри орзу”-и шаҳри Қӯрғонтеппа хомӯш карда шуд. Дар ин бора аз Раёсати корҳои дохилии ин шаҳр ба “Озодагон” хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, сӯхтор дар ошёнаи сеюми меҳмонхона сар зада, ҳанӯз сабабҳои он маълум нашудааст.

5 июл 2017, 08:02

Бозорҳо чаро месӯзанд (ИНФОГРАФИКА)

Шоми 2 июл бозори Корвон, яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳри Душанбе оташ гирифт. Вазорати корҳои дохилӣ сабаби сӯхторро “расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ” унвон кард ва гуфт, он масоҳати 480 метри мураббаъро фаро гирифтааст. Дар пайи ин ҳодиса 25 мағоза ва 260 нуқтаи савдо зарар дидаанд. Ҳолатҳои сӯхтори бозорҳо дар Тоҷикистон кам нестанд ва аз ҳама зиёд бозори Корвон оташ гирифтааст. Ҳодисаҳои пурсарусадои сӯхтори бозорҳоро дар ин акси гӯё бубинед.

24 июн 2017, 08:12

Аз тақдими хонаҳо то ваъдаи Р.Эмомалӣ дар мавриди роҳҳо (АКС)

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, 23-юми июн дар маҳаллаи Гипрозем дар бинои панҷошёнаи навбунёд ба 20 хизматчии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон калиди ҳуҷраҳои хуштарҳу замонавии зист супоридааст.

23 июн 2017, 13:44

Э.Раҳмон ба кӯдакони имконияташон маҳдуд “идона” бурд (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 23-юми июн дар арафаи Иди саиди фитр аз Муассисаи махсуси таҳсилоти асосӣ “Мактаб - интернати ёрирасони рақами 3”- и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздид кард.

22 июн 2017, 14:42

Соҳиби нав сохтмончиёни куҳнаро ронд: Баъди даҳсолаҳо кор дар кӯча мондем... (АКС)

Раёсати Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн, соҳиби нави собиқ хобгоҳи “Душанбесохтмон” истиқоматкунандагони куҳнаи ин хобгоҳ, сохтмончиёни собиқадорро ба кӯча рондаст.

21 июн 2017, 16:05

Нархи навои “рамазонӣ” дар бозорҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд (21.06.17)

Дар ин ҷадвали гӯё ё ИНФОГРАФИКА арзиши маҳсулот дар бозорҳои “Шоҳмансур”, “Саховат” (Душанбе), “Панҷшанбе” (Хуҷанд) ва “Саховат” (Кӯлоб) барои имрӯз ва чоршанбеи сипаришуда (14 июн) нишон дода шудааст.

20 июн 2017, 09:24

Ифтитоҳи калонтарин аквапарки Тоҷикистон ва оғози бунёди мактабҳои нав (АКС)

Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе 19-уми июн калонтарин аквапарки Тоҷикистонро ба истифода дода, барои бунёди мактаби нав дар пойтахт санги асос гузошт.

19 июн 2017, 09:56

АКС: Шиорҳои Рӯзи Ваҳдат дар Ваҳдат

Имсол чорабиниҳои аслии таҷлил аз Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳри Ваҳдат сурат мегиранд. Қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам 27 июн ба шаҳри Ваҳдат сафар намуда, дар маросими идона иштирок кунад. Зимнан, ҳамарӯза садҳо хонандаи мактаб дар ҳавои тафсон ба “маршировка” меоянд ва сохтмончиҳо барои то он рӯз омода кардани иншоотҳои ҷашнӣ талош мекунанд. Кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ҳам бо шиору овезаҳо “рангин” шудааст. Хабарнигори “Озодагон” чанд аксе аз ин шиору овезаҳо бардоштааст, ки пешниҳоди хонандаҳо низ мешавад.

15 июн 2017, 09:11

АКС: Рассоми сурӣ раҳбарони қудратҳои ҷаҳонро дар нақши гурезаҳо тасвир кардааст

Рассом Абдулло Умарӣ, зодаи Сурия, ки ҳоло дар Белгия мақоми гурезаро дорад, дар як силсила раҳбарони қудратҳои ҷаҳонро дар нақши гуреза тасвир кардааст. Аксҳои ӯро торнамои BuzzFeed нашр кардааст.

14 июн 2017, 14:21

Нархи навои “рамазонӣ” дар бозорҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд (14.06.17)

Дар ин ҷадвали гӯё ё ИНФОГРАФИКА арзиши маҳсулот дар бозорҳои “Шоҳмансур”, “Саховат” (Душанбе), “Панҷшанбе” (Хуҷанд) ва “Саховат” (Кӯлоб) барои имрӯз ва чоршанбеи сипаришуда (7 июн) нишон дода шудааст.
Нархи навои “рамазонӣ” дар бозорҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд (14.06.17)

7 июн 2017, 16:00

Нархи навои “рамазонӣ” дар бозорҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд (07.06.17)

Мисли ду чаҳоршанбеи сипаришуда хабарнигорони “Озодагон” ба бозорҳои калони Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанд рафтанд ва нархи маҳсулоти ниёзи мардумро пурсиданд. Дар ҷадвали гӯё ё ИНФОГРАФИКА арзиши маҳсулот дар бозорҳои “Шоҳмансур”, “Саховат” (Душанбе), “Панҷшанбе” (Хуҷанд) ва “Саховат” (Кӯлоб) барои имрӯз оварда шудааст. Ҳамзамон нархи ин маҳсулот дар ду ҳафтаи пеш нишон дода шудааст.

6 июн 2017, 09:45

(АКС) Чаро Тоҷинисо худро оташ зад?

Як зани 31-сола дар ҷануби Тоҷикистон худро оташ задааст. Табибон мегӯянд, 90 дарсади бадани ӯ сӯхтааст.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!