Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 23 январ 2017, 05:20
21 январ 2017, 13:14

Гилаи раиси андоз: Маошу коргарони корхонаҳо каму қаллобиҳо зиёд шудаанд

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон ихтисори кормандон, зиёд нашудани маош ва қаллобии бархе корхонаҳоро аз сабабҳои асосии иҷро нагардидани нақшаи андози иҷтимоӣ арзёбӣ намуд.

19 январ 2017, 15:31

Баҳси раис бо сармуҳаррир барои басташавии 2 нашрияи “Тоҷикматлубот”

Ҳусейн Идиев, раиси ҷамъияти “Тоҷикматлубот” қарор кардааст, ки нашрияҳои ин ниҳод-“Набзи Тоҷикматлубот” ва “Файзи истиқлол” баста шаванд.

19 январ 2017, 12:39

Норозигии соҳиби “Тселл” аз андоз: Пули аз даромадамон бештар талаб доранд

Мақомоти андози Тоҷикистон дар пайи як санҷиш ширкати “Тсел”-ро ба пардохти 155 миллион сомонӣ қарзу ҷарима муваззаф кардааст, ки боиси норозигии молики асосии ширкат шудааст.

19 январ 2017, 09:15

Нигаронии кишоварзон аз ҳашарот ва ваъдаи вазир

Вазири кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, соли 2016 помидори истеҳсолшуда беш аз талаботи сокинон будааст. Аммо кишоварзон иддао доранд, ҳосили хубе нагирифтаанд.

18 январ 2017, 14:10

Баррасии навсозии "Норак" ва КАСА-1000 аз сӯи Э.Раҳмон ва Мюллер

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 18-уми январ бо Сирил Мюллер, ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.

18 январ 2017, 13:48

Додгоҳ: Кашмакаш барои пулу мол 60% зиёд шудааст

Наим Мансурзода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон имрӯз, 18 январ аз афзоши боварии мардум ба судяҳо хабар дод.

18 январ 2017, 10:16

17 шикояти муштариён аз бонкҳо ба Додгоҳи иқтисодӣ

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, дар як соли ахир бонкҳои кишвар барои пардохт накардани қарзҳои худ аз ҷониби муштариён 521 аризаи шикоятӣ пешниҳод кардаанд.

17 январ 2017, 12:56

Каримзода бохти Душанбе аз Иттиҳоди гумрукиро ном бурд

Хуршед Каримзода, муовини аввали сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҷанбаҳои манфии узвияти кишвар дар Иттиҳоди гумрукиро шарҳ дод.

17 январ 2017, 09:22

Ба Тоҷикистон бештар аз Амрико, Туркия ва Эрон молҳои ғайристандартӣ ворид шудааст

Оҷонсии “Тоҷикстандарт” мегӯяд, соли 2016 бештар аз Амрико, Туркия ва Эрон молҳои ғайристандартӣ вориди Тоҷикистон шудааст.

16 январ 2017, 14:34

Алимардон ба додани пули мардум оғоз кард

“Агроинвестбонк” бонки таҳти идораи Муродалӣ Алимардон имрӯз, 16-уми январ аз оғози додани пули нақд ба мизоҷон хабар дод.

16 январ 2017, 12:38

Одиназода: Гирандаҳои нафақаи зиёд кам шудаанд

Теъдоди афроде, ки нафақаи зиёд мегиранд аз нуҳ ба ҳафт нафар расидааст. Назокат Одиназода, муовини аввали раиси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон имрӯз, 16 январ дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, ду корманди бонк, ки нафақаи зиёд мегирифтанд, соли сипаришуда фавтиданд.

14 январ 2017, 09:41

Паёми Президент аз лағви “лимит”: Ҳаққи барқро диҳед...

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо як пахши як муроҷиатнома аз лағви “лимит” хабар дода, афзуд, ки аз 14-уми январ мардуми кишвар 24 соат бо барқ таъмин хоҳанд буд.

13 январ 2017, 15:27

“Тоҷикстандарт” ва додситонӣ харкушӣ дар Суғдро шарҳ доданд (АКС+САДО)

Қурбониён Ибодулло Карим, директори оҷонсии “Тоҷикстандарт” мегӯяд, дар пайи нашри навори харкушиҳо дар интернат ин масъаларо мавриди санҷиш қарор додаанд.

13 январ 2017, 11:43

“Аз ҳисоби хизматрасонии ройгон ба имтиёздорҳо қарзор шудем”

Алимурод Тағоймуродов, роҳбари корхонаи “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и Тоҷикистон мегӯяд, қарзи корхона дар назди буҷа ба 34 миллион сомонӣ расидааст. Ӯ яке аз сабабҳои қарздор мондани корхонаро хизматрасонии ройгон ба афроди имтиёздор ва аз сӯи ҳукумат пурра пардохт нашудани ҳаққи ин хизматрасониҳо унвон кард.

11 январ 2017, 12:37

Пешниҳод ба ҳукумат: Аз орд боҷи гумрукӣ нагиред!

Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, бо ироаи як пешниҳод аз ҳукумати кишвар озод кардани воридоти ордро аз боҷи гумрукӣ дархост мекунанд.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!