Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 18 ноябр 2017, 17:18
21 октябр 2017, 10:14

Қирғизистон: Вазъ дар марз бо Қазоқистон беҳбуд ёфтааст

Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, марзбонони қазоқ сар аз субҳи 20 октябр санҷиши шаҳрвандон ва нақлиётҳои мусофирбарро зуд анҷом дода истодаанд ва навбатпоиҳои тӯлонӣ дар гузаргоҳҳо мушоҳида намешавад.

20 октябр 2017, 12:04

Натиҷаи ниҳойӣ. Ҷээнбеков 54,74% овоз гирифтааст

Комисияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии Қирғизистон натиҷаҳои ниҳоии раъйшумории дастии овоздиҳиро эълон кард.

2 октябр 2017, 14:12

Вакили порлумони Қирғизистон 48 соат ба ҳабс гирифта шуд

Вакили порлумони Қирғизистон Канатбек Исоев, ки зиддаш бо ҷурми "омодагӣ ба ҷиноят", "ташкили бетартибиҳои оммавӣ" ва "ғасби ҳокимият" айб эълон шудааст, 48 соат ба ҳабс гирифта шуд. Дар ин бора аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) иттилоъ доданд.

13 сентябр 2017, 16:56

Дар Қирғизистон мехоҳанд, русӣ дувумин забони давлатӣ шавад

Вакили порлумони Қирғизистон Ирина Карамушкина 12 сентябр дар як ҷаласаи порлумонӣ пешниҳод кард, ки забони русӣ дар ин кишвар забони дувуми давлатӣ эътироф карда шавад.

31 август 2017, 11:55

Отамбоев: Агар кореро анҷом надода бошам, маро бубахшед

Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар бораи натиҷаи муқаддамотии давраи президентии худ суҳбат карда, аз мардуми кишвараш узр пурсид.

26 август 2017, 09:00

Теъдоди муддаиёни курсии президентӣ аз 59 ба 46 расид

Соҳибкор Оқилбек Мансуров номзадии худро, ки ахиран аз тариқи худпешбарӣ ба мақоми президентии Қирғизистон дар интихоботи моҳи октябри ин кишвар пешниҳод карда буд, бозпас гирифт.

21 август 2017, 17:16

Истеъфои сарвазири Қирғизистон: Президент шуданист...

Сооронбой Жээнбеков, нахуствазири Қирғизистон дар ҷаласаи ахири ҳукумати ин кишвар истеъфояшро расман эълом кард.

17 август 2017, 16:14

Дар Қирғизистон 41 номзад ба мақоми президентӣ аз имтиҳони забон гузаштанд

То 16 август 46 номзад ба мақоми президентӣ дар Қирғизистон имтиҳони забони қирғизиро супориданд. Кумитаи миллии Қирғизистон дар умури забони давлатӣ хабар медиҳад, ки аз ин шумор 41 нафар аз имтиҳон гузаштаанд.

14 август 2017, 10:31

Сокинони деҳае дар Норин ҳамаи машруботро харидорӣ ва нобуд карданд

Сокинони деҳаи Эмгекчили ноҳияи Норини Қирғизистон ҳамаи машруботи фурӯшии деҳаро нобуд карданд. Ҷавонони фаъол ин ташаббусро рӯи даст гирифта, мехоҳанд бо ин роҳ фурӯши машруботро манъ кунанд, хабар медиҳад раиси созмони маҳалии ҷавонон Жанибек Сопиев.

3 август 2017, 11:19

Ҳукми тӯлонии мухолифи ҳукумат

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон 2 август мурофиаи додгоҳии вакили пешин, сиёсатмадори мухолиф Садир Жапаровро ба охир расонд. Вай аз рӯи чанд моддаи ҷиноӣ 11,5 сол зиндонӣ шуд.

10 июл 2017, 15:03

Президенти Қирғизистон соли 2016 қариб 18 ҳазор доллар даромад доштааст

Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон соли гузашта 1 млн 246 ҳазор сом (наздики 17,8 ҳазор доллар) даромад доштааст. Дар ҳамин ҳол, харҷаш 8 млн 385 ҳазор сом (қариб 120 ҳазор доллар) будааст. Вай дар эъломияаш навишт, ки аз ҳисоби даромадҳои шахсиаш харҷ кардааст.

28 июн 2017, 14:17

Отамбоев ба Русия пешниҳод кард, ба марзи Қирғизистону Тоҷикистон нерӯ фиристад

Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон пешниҳод кард, дар ивази тақвияти пойгоҳи низомии Кант, неруҳои Русия дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар вилояти Бодканд ҷойгир шаванд.

23 июн 2017, 13:58

Маҷмӯаи таронаҳои Президент ба савдо баромад (ВИДЕО)

Ширкати русиягии “Мелодия” нахустин албоми таронаҳои Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистонро ба фурӯш баровардааст.

14 июн 2017, 09:21

Парлумон рӯзи интихоботи президентии Қирғизистонро дақиқ кард

Жогорку Кенеш, парлумони Қирғизистон розӣ шуд, то интихоботи президентӣ дар ин кишвар 15 октябри соли 2017 баргузор шавад.

30 май 2017, 12:00

Президент: Барои санҷиши авзои хидматӣ писарамро ба сарбозӣ фиристодам

Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон гуфтааст, писарашро ба артиш фиристод, то вазъи қувваҳои мусаллаҳро “аз дасти аввал” бишнавад.

Ба қафо | Ба пеш

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!