Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 26 феврал 2017, 08:22
Дирӯз, 11:18

Муҳоҷирони тоҷик аз ҳисоби “квота”-и Русия ҳаҷ мераванд?

Шӯрои муфтиёти Русия гуфтааст, муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ, ки дар ин кишвар ба таври қонунӣ қарор доранд, метавононанд, аз ҳисоби “квота”-и Русия ба зиёрати хонаи Худо бираванд.

Дирӯз, 10:52

Ҷоми ФФТ ин бор ҳам насиби “Истиқлол” шуд

Тими “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии финалӣ “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро шикаст дода, бори сеюм Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро соҳиб шуд.

Дирӯз, 10:18

Боздошти шаҳрвандони Тоҷикистону Русия бо иттиҳоми қочоқи силоҳ (ВИДЕО)

Дар пайи як амалиёти вижаи Хадамоти федеролии амниятӣ (ФСБ) дар Саратов ду шаҳрванди Тоҷикистон ва се табааи Русия боздошт шудаанд. Онҳо дар қочоқи силоҳ муттаҳам мешаванд.

Дирӯз, 09:48

40 тонна кумаки Русия барои зарардидагони тармаҳо дар Тоҷикистон

Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия барои зарардидаҳои тармафароӣ дар Тоҷикистон кумаки башардӯстона фиристодааст.

Дирӯз, 08:58

Эълони тахминии рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбон

Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, имсол моҳи Рамазон аз 26 май фаро мерасад.

24 феврал 2017, 16:05

Тақдири пули мардум чӣ мешавад? Шарҳи Бонки Миллӣ

Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти ду бонк-“Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк”-ро қатъ кардааст.

24 феврал 2017, 15:59

Интернет-бастаҳои “G+” аз Tcell: Ҳаҷми нав–имконияти нав!

Ҳудуди 3 моҳ қабл ширкати Tcell барои муштариёни худ як зумра Интернет-бастаҳои “G+”-ро фароҳам овард. Дар ин бастаҳо иқдоми муфид зиёд аст.

24 феврал 2017, 15:53

Ҷузъиёти ғорати гӯшвори духтарчаҳо: Модаратро мешиносам

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти ғорати гӯшворҳои қимати духтарчаҳои ноболиғро дар Душанбе ироа карда, аз шаҳрвандон даъват намудаст, ки фарзандони худро бе назорат нагузоранд.

24 феврал 2017, 14:57

Азми Трамп барои афзоиши нерӯи ҳастаии ИМА: Созиш бо Русия ва Эрон бад буд...

Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки мехоҳад, таслиҳоти ҳастаии кишварашро ба дараҷае афзоиш диҳад, ки ИМА ба «беҳтарин дар ҷаҳон» табдил ёбад.

24 феврал 2017, 14:40

Вазорати фарҳанг сармутахассис меҷӯяд: Маош 1040 сомонӣ...

Дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг ҳадафи эълони озмунро “таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандон, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва салоҳиятнок ба хизмати давлатӣ ҷиҳати ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ” унвон кардааст.

24 феврал 2017, 14:28

Сафорат: Миёни ошӯбгарон тоҷикон нестанд

Сафорати Тоҷикистон иттилои мақомоти русро, ки миёни муҳоҷирини ошӯбгар дар боздоштгоҳи Екатеринбург тоҷикон низ ҳастанд, рад намуд.

24 феврал 2017, 12:09

Таронаи нави Меҳринигори Рустам: “Гули бодом” (ВИДЕО)

Дар интернет навори таронаи нави Меҳринигори Рустам нашр шудааст. Ин тарона “Гули бодом” ном дошта, бо шеваи попурӣ иҷро шудааст.

24 феврал 2017, 10:56

Ҷаласаи ҳукумат: Аз эпидемияи “СПИД” то мина ва офатҳои табиӣ (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 24-уми феврал дар ҷаласаи ҳукумат ба масъалаи истифодабарии замин дар кишвар дахл карда, барои истифодаи оқилонаи замин, пешгирии ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ дар истифода ва тақсимоти он супориш додааст.

24 феврал 2017, 10:41

Марди 41-сола ҳамдеҳаашро захмӣ ва писари ӯро куштааст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо иттиҳоми даст доштан дар куштор як сокини 41-солаи деҳаи Янгибоғи ноҳияи Турсунзодаро боздошт кардааст.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!