Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 21 август 2017, 13:29
1 октябр 2016, 10:09

ВИКЕНД: Ба Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ бахшида мешавад!

1 октябр Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ аст. Ин сана бо ибтикори Шӯрои ҷаҳонии мусиқавӣ (IMC)-и назди ЮНЕСКО шурӯъ аз соли 1975 таҷлил мешавад. Дар робита ба ин сана ва ҳам бо тавуҷҷуҳ ба дилбастагии тоҷикон ба суруду мусиқӣ дар барномаи навбатии “Weekend” хостем донишҳои мусиқидонии шуморо имтиҳон кунем.

21 апрел 2016, 09:07

(ВИКЕНД) Буҳрон дар шоу-биз: Аз долларгӯиҳои Бобои Файз то “Porsche”-хоҳии Манижа

Cурудҳои бархе сарояндаҳо гувоҳи он аст, ки буҳрони молӣ ба ҷайби намояндаҳои шоу-бизнеси тоҷик ҳам корагар шудааст. Дар ин барнома чанд суруде муаррифӣ мешавад, ки ба қавле ба пул иртиботи бевосита доранд. Наворро тамошо кунед ва назари худро бинависед.

18 феврал 2016, 08:48

ВИДЕО: Аз чор гӯшаи Душанбе (бидуни шарҳ)

Имсол мардум барфро ёд карданд, хоса сокинони Душанбе. Соли камбарфе буд. Ниҳоят ҳафтае пеш баъди гармиҳои чандрӯза барф рехт. Аз осмон барф рехт, аммо аз роҳи одамрави воқеъ дар назди Боғи кӯдакон об баромад. Рӯи роҳ рафтани об дар Душанбе барои сокинону меҳмонон дар фаслҳои дигар гапи нав нест, аммо ахиран дар зимистон ҳам шоҳиди ин ҳол шудем. Ҳамин об сабаб шуд, то сабтҳои дар гузашта аз минтақаҳои гуногуни пойтахти азизамон бардоштаро дар як навор гирд биёварем. Ҳоло Шумо низ онро тамошо кунед ва андешаи худро бинависед.

4 январ 2016, 11:26

(ВИКЕНД) Бо баҳонаи Соли нав. Чанд навори ҷолиби онсолу чанд соли пеш

Дар ин нашри барнома, ки ҳамагӣ чанд қадам дуртар аз соли 2016-и мелодӣ пешниҳоди шумо мегардад, наворҳои ҷолиби имсолу солҳои гузаштаро гирд овардаем. Умедворем, ба Шумо писанд меоянд ва бо соли 2015 бо табассум видоъ мекунед!

21 август 2015, 18:44

WEEKEND. Шоубизнес: Мошини кӣ “крутой” аст?

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри нақзи қавоиди роҳ аз сӯи намояндаҳои шоу бизнеси тоҷик соҳиби кадом навъи мошин будани онҳоро ба намоиш гузошт.

28 май 2015, 05:52

Weekend: "Воҳимача"-ҳои шоу бизнеси тоҷик (ВИДЕО)

Фазои шоу бизнесро бе воҳима тасаввур карда намешавад. Сари ҳар қадам ҳам набошад, се чор қадам пас бо воҳимае ҳатман рӯбарӯ мешавед. Дар “Weekend”-и имрӯз танҳо аз чанд воҳимача дар клипсозии Тоҷикистон ёдовар шуда, баррасии “шоҳвоҳима” ва “наҳангвоҳима”-ҳоро ба вақти дигар мегузорем.

13 март 2015, 08:50

(ВИДЕО) Weekend: Шӯхиҳои баъдиинтихоботӣ. Ҳеч кас хафа нашавад!

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) ахиран натиҷаи ниҳойии интихоботи парлумонии якуми мартро эълон кард. Ин навбат ду ҳизб – наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ва коммунистӣ (ҲКТ) ба парлумон роҳ наёфтанд, аммо ду ташкилоти сиёсӣ, ки қаблан дар палатаи поёнӣ намоянда надоштанд, вориди он гардиданд. Дар ин “WEEKEND” шухиҳое дорем, ки умедворем, касе аз он хафа намешавад.

6 феврал 2015, 11:56

Weekend: “Дипломатҳои тоҷик" дар Hollywood чӣ меҷӯянд? (ВИДЕО)

Hollywood ва ҳампаймонҳои Амрико дар бораи Тоҷикистон чӣ медонанд?

10 октябр 2014, 08:13

WEEKEND: “Любой ҷо”, “пулфиристониҳои тез”, “пайвастшавии бе подош”...

"Викенд"-ро тамошо кунед ва агар назаре доред, зераш бинависед.

22 сентябр 2014, 11:26

(VIDEO) Клипҳои тоҷикӣ: Аз банду занҷиру қафас то ошиқони коҳу похсадевор

Клипсозӣ дар Тоҷикистон монанди муди либос аст. Клипсозон ба як мавзӯъ, ҳолат ё декоратсия, ки часпиданд, ба қавле “титу пит”-ашро мебароранд. Новобаста ба мазмуни суруд, он таҷриба мешавад. Замоне банду занҷиру қафас “муд” шуд, баъдан деворҳои “газетапӯш” ва ахиран “ошиқони коҳ”. Weekend-и имрӯз ба ҳамин мавзӯъ ихтисос ёфтааст.

26 июн 2014, 12:19

Weekend: Панҷгонаи аксҳои сербинандаи шабакаҳои иҷтимоӣ-2 (ВИДЕО)

Имрӯз нашри дуюми панҷ акси “сер”-писандидаи шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳоди шумо мегардад.

10 июн 2014, 11:50

ВИДЕО: “Ксерокопия”, “мидунам”, “дӯстет надорам”, “ҳамише”

Бозхонӣ шудани як таронаи Баҳром Ғафурӣ аз сӯи Валӣ, овозхони афғони муқими Амрико, коҳи куҳнаи таронаҳои копишудаи майдони шоу-бизнесро ба бод кашид.

31 май 2014, 09:24

WEEKEND: "I love you, знаеш?" - муҳаббатномаҳои "рӯи санг"

Баъзе “дилдодаҳо” барои дар “кунҷи дил”-и дӯстдоштаҳояшон манзил ёфтан, дар девору санг, симчӯбу рӯи роҳ изҳори муҳаббат мекунанд. Дар ин нашри WEEKEND панҷгонаи чунин “муҳаббатномаҳои рӯи санг” пешниҳоди Шумо мегардад.

29 март 2014, 10:51

WEEKEND: Рут қурут – акси “сер”-писандидаи шабакаҳои иҷтимоӣ

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамарӯза аксҳои зиёде нашр мешавад. Аз ин миён шумораи ками онҳо ба корбарони бештар мақбул меояд ва онро меписанданд.

19 март 2014, 10:29

WEEKEND: Аз “Тоїикистон”-и Хадамоти гумрук то “намудҳои алоқа”-и Бег Сабур (ВИДЕО)

Дар "Weekend"-и ммрӯз чашмандозе ба бархе аз сомонаҳои расмии Тоҷикистон хоҳем дошт.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!