23 октябр 2017, 14:46
Дар Туркия наврасонеро, ки давоми 40 рӯз пайваста намози бомдодро дар масҷид гузориданд, бо дучарха қадр кардаанд.
18 октябр 2017, 16:44
Дар Кремл баъди чанд моҳи машваратҳои пӯшида тасмим гирифтанд, ки мухолифи рус Алексей Навалнийро ба интихоботи президентӣ роҳ надиҳанд. Дар ин бора бахши русии Би-би-сӣ бо такя ба сарчашмаҳояш дар дастгоҳи президенти Русия хабар медиҳад.
12 октябр 2017, 16:12
Доналд Трамп, президенти ИМА гуфт, расонаҳое, ки бо вай ҳамақида нестанд, мумкин аст баста шаванд. Трамп рӯзи чаҳоршанбе дар мулоқоти кутоҳ бо рӯзноманигорон ба расонаҳо ҳамла кард.
6 октябр 2017, 17:24
Корзори байналмилалии маҳви силоҳҳои ҳастаӣ – “Ican” барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2017 гардид.
6 октябр 2017, 14:37
Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, ҳеч гуна таҳдиди бевоситаеро аз тарафи Русия намебинад. Вале қайд кард, ки муносибатҳо баъди ишғоли Қрим ва нооромии шарқи Украина ба таври ҷиддӣ бад шудаанд. Вай ин суханҳоро дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар шаҳри Брюссел баён дошт.
3 октябр 2017, 12:19
Сиёсатмадори мухолифи рус Алексей Навалний ва раҳбари ситоди интихоботии ӯ Леонид Волков 20 шабонарӯз ҳабс шуданд. Қарори ҳабси Навалнийро додгоҳи Симонови Москва ва аз Волковро додгоҳи Савеловский содир кард.
29 сентябр 2017, 18:26
Сенати ИМА номзадии Ҷон Хантсманро ба мақоми сафири Амрико дар Русия тасдиқ кард.
28 сентябр 2017, 14:56
Ингер Стойберг, вазири муҳоҷирати Дания дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ карикатураи пайғамбари Исломро нашр кардааст.
26 сентябр 2017, 15:16
Имон Аҳмад Абдуллоттӣ, ки гаронвазнтарин зани сайёра шинохта мешуд, баъд аз як ҷарроҳӣ барои коҳиши вазн ба ҳалокат расидааст.
26 сентябр 2017, 10:29
Комиссари олии ҳуқуқи башари СММ мегӯяд, вазъи ҳуқуқи инсон дар Қрим баъди ишғол шуданаш аз тарафи Русия ба таври назаррас бад шудааст. Созмон бедаракшавии одамон, боздоштҳои беасос, шиканҷа ва ихроҷҳои ғайриқонуниро ҳолатҳои нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон дар нимҷазира номидааст.
25 сентябр 2017, 16:29
Ҳизби ҳокими Иттиҳоди демократии масеҳиёни Олмон, ки онро Ангела Меркел раҳбарӣ мекунад, барандаи интихоботи порлумонии ин кишвар эълом шуд. Бар пояи натиҷаҳои пешакӣ, 33%-и раъйдиҳандагон аз он ҷонибдорӣ кардаанд.
22 сентябр 2017, 15:10
Лилиан Бетанкур, духтари бунёдгузори ширкати косметикии L'Oreal ва бойтарин зани сайёра, шаби гузашта дар 94-солагӣ даргузашт.
18 сентябр 2017, 14:37
Дар шаҳри Москва, пойтахти Русия пулис баъди хабари афроди номаълум дар бораи бомбгузорӣ беш аз 10 фурӯшгоҳро санҷида, ҳудуди 9 ҳазор одамро ба ҷойҳои бехавф кӯчонид.
15 сентябр 2017, 16:14
Котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон аз Русияву Чин хост, ки дар посух ба озмоиши охири мушакии Куриёи Шимолӣ, зидди ин кишвар чораҳои қатъӣ андешанд.
12 сентябр 2017, 15:06
Барномаи роҳбурдӣ ё стратегияи маъракаи интихоботи президентии Владимир Путин тақрибан омода буда, аз ду марҳила иборат аст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсантъ" бо такя ба манбаъҳояш аз Кремл хабар медиҳад.