Бахшҳо
13 май 2013 11:24Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ҳукумат ба ветерани 107-солаи бехона гуфтааст, “интизор бош...”

Ҳукумати шаҳри Кӯлоб дархости Одил Сафаров, ветерани 107-солаи бехонаро, ки дар арафаи 68-умин солгарди ғалаба бар Германияи фашистӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур, кӯмак хоста буд, баррасӣ кардааст.

Исмон Хушвақтов, раиси дастгоҳи ҳукумати шаҳри Кӯлоб мегӯяд, баъди муроҷиати ветеран ба раисиҷумҳур аз хонаи ӯ дидан карда, ба хулосае омадаанд, ки бо муҳайё шудани имкон сараввал ӯро бо манзили зист таъмин мекунанд, то ӯ «кунчаки худро дошта бошаду аз касе вобаста набошад».

Хушвақтов афзуд, ки «муйсафед аслан зодаи Даштиҷум будаанд, аммо аз сабабе ки солҳои дароз сокини шаҳри Кӯлобанду иштирокчии ҶБВ ва шахси имтиёздор мебошанд, ба шуъбаи дахлдор супориш додем ки барои бо хона таъмин кардани ветеран чора андешанд. Аммо айни замон мо ягон хона насохта истодаем, вагарна яктоашро барои муйсафед ҷудо мекардем. Ҳар вакте, ки имкон шуд ҷудо мекунем.»

Дар арафаи Иди Ғалаба ба унвонии “Озодагон” аз собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Кӯлоб, Одил Сафарови 107-сола мактуб ворид гардид, ки дар он ветеран аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар барои соҳиби манзили зист шуданаш кӯмак мепурсад. Ӯ менависад, «се-чор маротиба ба сарвари давлат муроҷиат кардам, аммо ҳукумати шаҳр чораҷӯӣ накард».

Ҳукумат ба ветерани 107-солаи бехона гуфтааст, “интизор бош...”Аз матни мактуб бармеояд, ки Одил Сафаров 23-уми феврали соли 1906 дар Кӯлоб ба дунё омада, ҳоло сокини кӯчаи Сангимад Даминзода (собик кӯчаи Куйбишев), хонаи 181 мебошад. Ӯ дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) ширкат карда, пас аз итмоми он ба ватан баргаштааст. Ҳоло бошад, аз сабаби надоштани хонаи истикоматӣ дар манзили ҷияни ҳамсари раҳматиаш (писари бародари занаш) ба сар мебарад.

«То имрўз чандин бор ба ҳукумати шаҳр муроҷиат кардаем, аммо бе фоида. Вакте кӯчаи «Чармгарон»-и шаҳрро соли 2010 сел гирифт, ваъдаи ба иштирокчиёни ҶБВ додани хонаро карданд, аммо ин дафъа ҳам надоданд»,- менависад Сафаров.

Собиқадори 107-сола аз он изҳори хиҷолат мекунад, ки умраш ба ҷое расидаву дар манзили хешованди ҳамсари марҳумаш ба сар мебарад. Ӯ менависад, хонаи ҷияни занаш ҳам ба вайрону валангор шудааст, аммо барои таъмиру тармими он дасташон кутоҳӣ мекунад. Ба болои ин, дар ҳавлии хурдакак ду бародару як хоҳар бо оилаҳояшон зиндагӣ мекунанд, даромади лозима ҳам надоранд, ки хонаи нав созанд.

Мӯҳр
Ба як мусафед ваъдаи дуруг дода мегуянд интизор шавед мусафед 107 сола шудаст бо чанг кадар интизор шавад шармандагиву пастии хукматдоронро нишон медихад беномусо...

Илтимос хами мусафеда як хона бтен дуоша гирен Вакте аз дунё гузашт бо хонатона гирен...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)