Бахшҳо
16 май 2013 15:41Тоҷикистон / Сиёсат

Ҳукумат: Ташаббускорони гирдиҳамоӣ қонунро риоя накарданд

Ҳукумати шаҳри Душанбе ба дархости саҳҳомони ширкати “Мовароуннаҳр” дар мавриди ташкили гирдиҳамоӣ ҷавоби рад додааст.

Дар ин бора имрӯз, 16-уми май, дар суҳбат ба хабаргузории “Озодагон” Шавқат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе иттилоъ дод.

Шавқат Саидов дар мавриди далелҳои рад шудани дархост, афзуд, ки “ташаббускорони гирдиҳамоӣ зимни исрсоли огоҳинома ба ҳукумати шаҳри Душанбе талаботи моддаҳои алоҳидаи қонун дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо намоишҳо ва роҳпаймоиҳоро риоя накардаанд.”

Ба суоли “Озодагон”, ки ташаббускорон мушахассан кадом талаботи қонунгузориро риоя накардаанд, Шавқат Саидов илова намуд, ки “дар раддияи шаҳрдорӣ маълумоти бештаре дар ин бора оварда нашудааст.”

Ин дар ҳолест, ки Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи саҳҳомони ҶДММ "Мовароуннаҳр" дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, барои баргузории гирдиҳамоӣ бо ҷалби ҳазорҳо нафар ба ҳукумати шаҳри Душанбе рӯзи душанбеи 13-уми май дархост ирсол намуда буданд ва саҳҳомони ЧДММ "Мовароунахр", ки зиёда аз 800 нафарро ташкил медиханд, барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии худ, дар асоси моддаи 1 конуни ҶТ "Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва раҳпаймоиҳои осоишта" интизор буданд, ки ҳукумати Душанбе барои амалӣ гардонидани ҳуқуқи конститутсионияшон дар мавриди гирдиҳамоӣ ба онҳо ҷавоби мусбат медиҳад.

Ин ҳуқуқшинос меафзояд, ки қонун дар бораи гирдиҳамоӣ тӯли 15 соли охир амал дорад, аммо то хол боре ҳам татбиқ нашудааст.

Ба қавли Бузургмеҳр Ёров зерҳимояҳояш рӯзи 12-уми май зимни як ҷаласаи худ тасмим гирифтанд, “3-юми моҳи июн ба хотири озод намудани молу амволашон дар рӯ ба рӯи бинои Маҷлиси Олии кишвар гирдиҳамоӣ менамоянд.” Ба гуфтаи Ёров, саҳҳомони ҶДММ "Мовароуннаҳр” иддао доранд, ки мақомоти судӣ дидаву дониста молу амволашонро озод намекунанд, ки дар сурати идома ёфтани ин раванд, онҳо имкони давом додани сохтмонро надоранд.

Ёдрас менамоем, фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» баъд аз ҳабси Ҷӯрабек Охунов, раиси пешини он дар соли 2010 қатъ шуда, суратҳисоб ё худ молу амволи ин ширкат ба ҳабс гирифта шуд. Саҳҳомони ширкат мегӯянд, мақомот ба ҳар далел монеи давоми кори ширкат мешаванд ва имкон намдиҳанд, ки ширкат биноҳои нимсохтаашро ба итмом расонад ва мизоҷонро бо хона таъмин намояд.
Мӯҳр
Darvesh
Janobi Saidov ba 1 savol javob dihed
Baroi chi girdihamoi dar nazdi Saforati Amriko be yagon chi doir meshudaastu digaro hukuki tashkili onro nadorand????

Довудшо
Хукуматдорон хоханд ё нахоханд, агар хамин тавре,ки хаст, зиндаги давом кардан гирад,яъне сатхи пасти зиндаги, фасодкорию ришваситони дар макомотхои давлати ,фишор ба хизбхои мухолиф,андозхои дандоншикан,бекори ,бебарки,ноадолати дар сохторхои додситонию милиса ,"облава дар кучаву бозорхо,поймол кардани хукукхои шахрванди ба монанди озодии баён,хешутаборбозию махалгарои,ваъдахои холи, дуруггуи,бастани масчидхо ва г.х. ,гирдихамоии умумиллиро ба вучуд оварданаш аз имкон дур нест.

шавкат саидуф як винтчаест дар механизми хукумат хар чи фармоянд хамон мегуяд...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)