Бахшҳо

Дӯсти ман Зайд САИДОВ

Далери ҒУФРОН, журналист

Ҳар қадар, ки ӯро туҳмат ва таҳқир бикунанд, ҳамон андоза эҳтиром ва ифтихори ман аз дӯстӣ бо ин шахси барӯманд меафзояд.

Вобаста ба тақдири Зайд Саидов ва балоҳое, ки ба сараш омаданд, ҳамагон медонем. Дар баробари ӯ маъракаи сиёҳкуние густурда шуд, ки мисолашро таърихи навини тоҷик дар хотир надорад. Ин ҳама таъқибу фишор то ҳадде авҷ гирифт, ки ҳеч яке аз афроди ҳушманд ва солимфикр онро тасаввур ҳам карда наметавонистанд.

Ман ки бо эшон ифтихори ҳамнишинӣ ва дӯстӣ дорам, ин ҳама саҳнаи олуда бо кизб бароям хеле нафратовар менамояд.
Вақте ин сатрҳоро менавиштам, баъзан дӯстон тавсия медоданд, ки эҳтиёткор бошам. Дуруст, ҳоло вазъият дар ин хусус хеле ҳассос аст, аммо вақте виҷдон ором намегузорад, чигуна метавон бетараф буд???

Аз ҷониби дигар, агар Зайд Саидов инсони накуном намебуд, ман ин масъулияти сангинро бар дӯш намедоштам. Ӯ барои амали неки худ, ки мехост дар як гӯшаи ин ватан (давлат) масъулияте барои рафъи мушкилоти мардум дошта бошад, агар ба бало печид, пас мани кӯчак ҳам бо дарки ин масъулият, ин сатрҳоро менависам.

Фаросату эҳтироме, ки ӯ дар баробари ҷомеа ва арзишҳои инсонӣ дошт, ҷоиз аст, ки имрӯз ҳар касе, ки ӯро воқеан мешинохт, масъулияти инсонии худро ба ҷо орад.

Ҳар нафари дигаре ҳам, ки дар баробари ӯ ба ин сарзамин эҳтиром қоил аст, агар ба мушкиле рӯ ба рӯ гардад, мо бояд ҳатман ҳамдилии худро дареғ надорем.

Ҳар масъули давлатӣ, ки шинохти солим аз арзишҳои миллӣ ва давлатӣ дорад, агар ҳамчунон ба пешаи худ содиқ бошад, пас ҳеч газанде ба ин миллату давлат нахоҳад расид.

Яъне ҳукумат бояд пеш аз ҳама аз афроде ҳазар бикунад, ки бетараф ҳастанд. Фардо худое накарда ҳар мушкиле ба сари ин миллат пеш ояд, боз ҳам ин бетарафон бетараф хоҳанд буд.

Дур намеравем, чанд рӯз пеш, вақте Владимир Жириновский ҳарзагӯйӣ мекард, маҳз Муҳиддин Кабирӣ, ки мухолифаш меноманд, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама ба ҳимояи президенти кишвар бархост, ки амали давлатмардона буд.

Ҳоло бисёриҳо ҳазар мекунанд, ки дар ҳимояи Зайд Саидов ибрози назар кунанд, то ба сиёсат печида нагарданд. Аммо пеш аз он, ки мо аз сиёсат андеша кунем, бояд масъулияти инсониро фаромӯш насозем.

Соҳибкор ва роҳбари Гурӯхи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов бо хусусиятҳои вежае, ки дорад, як инсони наҷиб мебошад.

Аввалин ва муҳимтарин нуктае, ки мехоҳам таъкид намоям: шояд ӯ аз камтарин сарватмандони кишвар аст, ки ҳамнишинонаш аслан афроди қаторӣ ва зиёиву фарҳангиёнанд. Ин як воқеияти нотакрор аст. Масали машҳуре, ки инсонро метавон аз ҳамнишинонаш бишнохт, зарурати шарҳе надорад.

Вобаста ба сиёсат рӯ овардани Зайд Саидов. Боре ба эшон гуфтам, ки «сиёсат палид аст», - мегӯянд, аз ин рӯ шояд беҳуда худро олуда месозед… Аммо ӯ ба ин андеша қатъиян зид буд, балки мегуфт, ки ин инсонҳо ҳастанд, ки сиёсатро палид месозанд ва таъкид мекард, ки ҳар фарди ватандӯст, новобаста аз ҷойгоҳи иҷтимоияш, бояд мавқеи шаҳрвандии худро нисбат ба мушкилоти ҷомеа дошта бошад…

Як лаҳзаи дигаре аз мушоҳидаҳо дар зеҳнам боқист. Ӯ воқеан як инсони хирадманд аст. Як нафар барои пиёда сохтани лоиҳае ба эшон пешниҳоди тиҷоратие кард. Дар натиҷа як миқдор маблағ ҳам ба даст овард, аммо баъдан аз ҷониби афроди сеюм каме фирефта шуд. Баъди ин ҳодиса, ӯ, ки худ камбизоат буд, хеле дар ташвиш ва таҳлука афтод. Моҳҳо аз пайи ҳалли қазия гашт, вале бентаиҷа. Вақте Зайд Саидов аз ин ҳолат бохабар шуда, ӯро даъват кард ва гуфт, ки «ҳеч ҷойи ташвиш нест, ман ҳамаашро хуб медонам, фақат бо як ҷумла ин масъаларо нуқта мегузорем: аввал ин, ки ман Шуморо ҳамчун бародар медонам, аз ин нуқтаи назар, агар он маблағ куллан барнагардад ҳам, чун бародар метавонам сидқан онро бубахшам ва аз ин муносибати бародарии мову Шумо ҳеч осебе набинад. Аммо агар мову Шумо сирф ҳамчун шарикони тиҷоратӣ муносибат мекардем, пас воқеан ҳам амали Шумо метавонист мавриди беэътимодии ман гардад...».
Инсоне бо чунин тафаккур ва рафтор имрӯз душмани халқ эълон гаштааст, ки хеле нороҳаткунанда аст.

Як хислати дигар, ки ҳам бартарӣ ва ҳам «заъф»-и ӯст – ин ҷавонмардияш мебошад. Зайд Саидов ҳамеша бовар дорад, ки вақте бо касе аҳди бародарӣ мебандӣ, ӯ ҳеч гоҳ хиёнат намекунад. Ин андешаест, ки то дирӯз ӯ сахт ба он пойбанд буд. Аммо бехабар аз он, ки ин арзишҳо ва ин муқаддасот барои аксар аҳамияте надорад. Аз ин рӯ, ҳоло мебинем нисбати ӯ чи амалҳоеро раво намебинанд…

Инсоне, ки дар тӯли умраш ҳамеша пайи ободӣ ва созандагӣ будааст (Худо ва халқи Худо шоҳиданд), чигуна метавонад имрӯз барои як кишвар хатаре бошад? Зайд Саидов, ки табиатан як инсони ором, осоишта ва созанда аст ва агар чунин табиате имрӯз хатар арзёбӣ мегардад, саволе ба миён меояд, ки хатар дар баробари чӣ? Оромӣ? Осоиштагӣ? Ва созандагӣ?

Хуб мебуд, ки роҳбарияти кишвар ба асли масъала руҷӯъ карда, воқеиятро дарк мекарданд ва ин инсони шарифро аз туҳмату бӯҳтонҳо наҷот медоданд.

Вагарна, Худованд ва таърих шаҳодат хоҳанд дод, ки ин воқеиятро наметавон маҳв кард, балки ҷабр кардан ба як шахсияти ватандӯст ва созанда корест, ки оқибати хайр надорад.
Мӯҳр
Рахгузар
Офарин! Гапи дили садхову хазорхо инсонро гуфтааст ин Далери Гуфрон! Дар хакикат чабр кардан ба инсонхои созандае мисли Зайд Саидов окибати хуб надорад. Худованд мададгораш бошаду бадхохону тухматкардахоро дар ду дунё хору залил гардонад

Миллат
Вокеан дусти арзандаи будаи бародар Далер!Ахсан бо номат арзандаи!Худованд ачр бидихад ба шумову ба бародари гироми Зайд сабр!Иншоаллох бехтарин нозири холи мо Худост ва хатман рузе хак бар ботил пируз мегардад!Худованд дар ин рузхо ки рухияи фаъолон ва огохону донишмандони мо бо сарзадани чунин казияи нангин барои миллат шикастааст!Аз Худо мехохам ки болои ин мардум рахм кунад!Худоё имрузо ки миллати ман дар парешониву ноумеди аст ба онхо рахм кун!Худоё ба фарзандони бо нангу номуси ин миллат рахм кун!Худоё мо дигар токати имтихни туро надорем Худоё коре кун ки мо аз ин яъсу ноумеди бароем!Худоё ба чумла мардумоне ки имшабруз барои ин казия парешону хуни дил мехуранд ачру савоб ва рахму шафкататро арзони бидор!Худоё шахсони бо нангу номус ва фарзандони содикии ин миллатро нигахбону сафашонро зиёд бигардон!Худоё холи мардумоне ки мисли мо дар мухочиратан хуб бигардон ва аз чашми золимонихудиву бегона панох бидор!Худоё поёни ин хама торикихои ки сари миллати азияткашидаву чафокори точик истодааст равшан бигардон!Худоё мо чуз ту касеро имруз пуштибон дар очикистон надорем ва факакт бар ту аз шари ин золмону бадхохони миллат панох мебарем!Худоё дасти мо ба осмонат намерасад аммо дасти Ту бар заминат мерасад моро баланд кун!Худоё имруз мо нметавонем мушкилихои сарбастаро аз сарамон дур кунем Ту ба ин кудрат дори мушкилихои моро осон бигардон!Худоё ба хотири ашки модарону фарзандоне ки наздиконашон дар мухочиратанд ахволи имрузаи моро тагир бидех!Худё ба суду пракрору хукумати мо тавфик бидех ки бо ин гуна амалхоро аз сари фарзандони бо нангу номусиин миллат дур бигардонад!Худоё бар хокимони мо эмон ва рахму шафакатро насиб бигардон!Худоё аз ту маад мехохем ва чуз Ту ёвару мададгоре адорем!Омин

Дар даври СССР дар Точикистони мо шахсоне буданд, ки аз кафои ободии ватанамон буданд аз дасти шахсоне, ки ободии ватанро намехостанд кушта шуданд хам аз дасти точикони худамон ва хам аз дасти узбакхои бадбахт. Нусратуло Мухсум шахсе буд, ки Точикистони азиз мо, ки холо боки мондааст аз мехнати хамон шахс боки мондааст, ки аз водии Рашт буд. Дар вакте, ки Бобочон Гафуров китоби Точиконро навишт бегона ва узбак парастони ватанамон уро ба катл расонидани шуданд ва у аз ватанамон гурехта ба Маскав меравад ва ин китоби Точиконро менависад, ки баъди ба табъ расидани китоби точикон давлати Узбакистон 500000 нусхаи ин китобро харида оташ мезанад.
Бовар кунед шахсоне, ки ободии ватанро мехостанд хамааш халок гаштанд аз дасти точикони худамон. Ва бовар кунед агар хамон шахсон аз Нусратуло Мухсум то Бобочон Гафуров ва дигарон агар хозир зинда мебуданд хамаашонро тухмат карда ба зиндон мепартофтанд бо як гунох, ки ободии ватанро мехостанд... (илтимос мухтарам кормандони ОЗОДАГОНи азаз хамин навиштачотро чоп кунед илтимос).

Баракаллох бародар Далер.Дар хакикат ДАЛЕР будаи.

ОЗод
Далери Ғафуриён

Воқеан далер ва Ғафур ҳастед. Ман ҳайронам ки чаро тамоми зиёиён ва донишмандон хомуширо пеша кардаанд. Ин бор ҳам мо шоҳиди он шудем, ки миллати тоҷик тарсу, хоин ва ватанфуруш ҳаст. Дар ин шак нест, ки Зайд Саидов як шахсияти наҷиб ҳаст. Ва дар тоҷикистон чунин шахсиятро мушоҳида кардан он ҳам тоҷиру пулдор имкон надорад. У як зиёии асил ва тоҷикест ки бо ӯ бояд ифтихор кард. Аммо агар каси дигар ҳам мебуду фақат баъд аз тасмими фаъолияти сиёсияш ин гуна корро раво медиданд, боз ҳам бояд рушанфикрон вокуниш нишон медоданд. Чун ин гуна амали як ҳукумати худкома оқибат хуб надорад.... нафрат ба ин гуна амалҳои бемантиқ... Иншооллоҳ ба зуди ҳар ки туҳмату буҳтон ки гунотарин амал аст ҷазояшро худи инҷо хоҳад дид...

Сипар
Браво Далери Гуфрон, браво! Ин аст садокат, ин аст мардонаги ва ин аст бародари муъминро танхо нагузоштан! Агар ба касе ракс кардан мумкин бошад ва ба касе дуздидани амволи давлати, ба касе дуруггуиву хиёнат, ба касе порахури ва аз рохи пора додан вазири, пас ЗАЙД хакки зистан дар озоди дорад! Довари доварон рузе довари хохад кард. Муддаи хаст ки аз бех канад решаи МО. Гофил аз он ки Худо хаст дар андешаи МО!

ИН хел беспридели дер давом намекунад. Пиела лабрез шудааст.

Зайд гуфта будам, ки ба хар кас аз костюмхои Белучи, Гуки, Армани ва гайра тухфа накунед. Холо хабьаргири омад? Ё боз бокимонда пулхоро талаб мекунад? Аку Зайдчон мардак борин бигу, чаро ин кадар неки кардиву зудбовари ба ин ДУРУГзодахо?
Далерчон офарин, Шери Мачои ту!

Дусту бародари ман Зайд аст.Дар ниход бо часорату мард аст.Аз у ояд садои дарду ранчури,Аз вучудаш садои рахдури.Бар ватан дербоз таррахум кард,Ёде аз Нусратуллои Махсум кард.Хамчу шогирди Гафурии олим,номи точикро пуртараннум кард.Наздики мо буд,вале рахаш дур буд.Назари Зайд басо пурнуру нигохи мо ба чонибаш кур буд."Точикистони нав" хама хохем.Точикистони кухна бар таърих.Бар чавонмардиат хазор бор ахсан.Чои ту дар сайёраи Миррих.

Салим
Офарин ва боз хам офарин бародар Далер Гуфрон, Шумо дар хакикат дусти чони будаед на дусти нони.Ва инро гуфтаниям,ки бояд тамоми мардуми ба ору номуси точик, барои озодии Зайд Саидов ва барои озодии тамоми Точикистон чони худро дарег надоранд.

Умедворам, ки ин матн дар хафтаномаи Озодагон чоп мешавад. Дигар ба Далер танхо гуфтаниям, ки аккалан як 100 кас хамчун Далер дар чомеа мебуд, аллакай Зайд Саидов ва дигарон ба ин хел проблемахо дучор намешуданд. Мардуми точик БАС! (БАС - Баро Аз Сукут)

Akoi Daler bisyer khub guften Zaid Saidov insoni najiban onnafare, ki ba peshash meraft hargiz norohat barnamegasht. Man niz shohidi mizogi u budam,ki hamchun barodar munosibat mekard.... ako harchand mo dar borai naku budani in shakhs guem fikr mekunam basanda nest, vale in sukhanhoi baroi ki ast... chi shumo fikr mekunen dasti Saidov ba in bekhabarho narasidaast albatta ha.... hatto az mardumi oddi ziyed rasidigishonai vale chi iloj az ju ob nakhur ki sohibi obbam....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)