Сокинони Ҷиргатолу Рашт ройгон табобат мешаванд
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, тайи як рӯз дар ноҳияҳои Ҷиргатолу Рашт миёни аҳолӣ табобати ройгон ба роҳ монда мешавад.
Тавре аз хадамоти матбуоти ин ниҳод ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, рӯзи 24-уми майи соли равон таҳти шиори “Фарди солим – миллати солим” дар маркази ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм машварати сайёри мутахассисони Вазорати тандурустӣ доир мегардад. Дар доираи чорабинии мазкур, ҷиҳати пешгирии беморшавӣ дар байни аҳолӣ аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб ба мардуми шаҳру ноҳияҳои води Рашт машварат ташхис ва дигар хизматрасониҳои тиббӣ ба таври ройгон ба роҳ гузошта хоҳад шуд.
Манбаъ афзуд, худи ҳамон рӯз, ҳамин гуна машварат, ташхис ва дигар хизматрасониҳои ройгони тиббӣ аз ҷониби мутахассисони баландпояи тиб барои мардуми ноҳияи Ҷиргатол низ роҳандозӣ хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |