Феълан дар саросари Тоҷикистон 18 ҳазору 956 нафар гирифтори бемории диабети қанд расман сабти ном шудаанд.
Аз ин теъдод 1742 нафарашон маризони инсулинвобаста буда, 169 кӯдак ҳам мубталои бемории мазкуранд. Дар ин бора имрӯз, Нусратулло Салимов, вазири тандурустии Тоҷикистон зимни як нишасти матбуотии созмонёфта дар ҳузури хабарнигорону коршиносони соҳа иброз дошт.
Ба қавли вазир, яке аз роҳҳои ҷилавгирӣ ва ҳам кам кардани фавти атфол эмгузаронии саросарӣ мебошад. Ба ин хотир тайи шаш моҳи соли равон ду маротиба аз ҷониби масъулини хадамоти эпидемологии ҷумҳурӣ ва намояндагони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мониторинг оиди назорати эпидемологии бемории фалаҷ гузаронида шуд.Салимов афзуд, дар асоси нақшаи вазорати тандурустӣ бо мақсади пешгирии бемории фалаҷ дар ҷумҳурӣ, дар ду давр аз 18 то 22-юми апрел ва аз 23 то 27-уми майи соли равон рӯзҳои миллии эмкунӣ бар зидди бемории фалаҷ сурат пазируфт. Дар ин чорабинӣ ҳудуди 1.016179 нафар кӯдакони гурӯҳи мақсаднок и то 5- сола фаро гирифта шудаанд.
Вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, айни ҳол гирифторони ҷоғари эндимикӣ дар ҷумҳурӣ 70 ҳазору 145 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нишондод дар қиёс ба як соли қабл 2,6 % кам мебошад. Зимнан, тазаккур дода шуд, ки то 1-уми июни соли равон дар ҷумҳурӣ 7 431 нафар беморони нашъаманд дар қайд буда, 265 нафари онҳо бори аввал ба қайд гирифта шудаанд.
Мӯҳр