Бахшҳо
31 май 2013 12:28Тоҷикистон / Иқтисодӣ

“Маскав бояд шаҳри русҳо боқӣ монад, на аз тоҷикҳо ё узбакҳо”

Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав гуфтааст, муҳоҷирон бояд коргари мавсимӣ бошанд. “Маскав бояд шаҳри русҳо боқӣ монад, на аз тоҷикҳо ё узбакҳо”,-гуфтааст вай.

«Одамоне, ки бо русӣ хеле бад суҳбат мекунанд ва фарҳанги тамоман дигар доранд, беҳтар аст дар кишвари худ зиндагӣ кунанд. Мо мутобиқшавии онҳоро ба Маскав қабул надорем. Муҳоҷирони кории кишварҳои Осиё бояд дубора ба ватани худ, назди хонаводаҳояшон баргарданд, на дар инҷо муқимӣ шаванд»,-афзудааст Собянин дар суҳбат бо рӯзномаи «Московские новости».

Аммо коршиносон бар инанд, ки талошҳо барои аз муҳоҷирон «тоза» кардани Маскав натиҷаи дилхоҳе нахоҳад дод, чун пойтахти Русия ба фасод ғӯтидааст. Алексей Власов, сарвари кулли маркази сиёсатшиносии «Шимол-Ҷануб»-и Русия ба радиои «Сити-FM» гуфтааст, бештари муҳоҷирони корӣ дар Маскав мавсимӣ ҳастанд, «аммо мавсим шояд мувофиқат накунад. Гап сари моҳҳои махсус нест. Маблағҳои соягӣ хоставу нахоста барои онҳое ки пул кор кардан мехоҳанд, роҳ мекушояд. Аз муҳоҷирон тоза кардани Маскав ҳеч гоҳ натиҷа нахоҳад дод, зеро дар мо коррупсия хеле рушд кардааст. Бояд аввал аз худамон сар кунем».

Рӯзи гузашта расонаҳои русӣ хабар доданд, ки зимни як амалиёти махсуси мақомоти Русия ҳудуди 1000 муҳоҷир дар пойтахти Русия боздошт шудааст. Пулиси Маскав гуфт, амалиёт дар чорчӯби чорабиниҳои «Нелегал-2013» анҷом гирифт. Ҳоло рушан нест, ки дар миёни 952 нафари дастгиршуда, чӣ теъдод шаҳрвандони Тоҷикистонанд.

Зимнан, дар интернет видеое ба сайр баромад, ки издиҳоми бузурги муҳоҷирон, ки дастҳо пушти сар гузоштаанд, дар ҳалқаи кормандони пулис аз кӯча мегузаранд. Ин навор вокунишҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард.
Мӯҳр
АГАР ХАМИН ЭМИГРАНТОМ ЛЕГАЛЬНО КОР МЕКАРДАНД БО ОНХО ЧУНИН РАФТОР НАМЕКАРДАНД

Асрор
Артишатонро аз Точикистони азиз бардоред!

Мардуми точик-мухочирон хам бояд фархангу маданияти шахри бегонаро донанд ва омузанд.

Ба хамааш худамон гунахгорем.Собянин дуруст мегуяд.Ба гайр аз шахри Маскав дигар чо дар Россия нест магар?.Кишвари Приморье,масохаташ 165-хазор километри мурабаъ(кв)ро ташкил медихад.Хело хам кишвари боду хавояш хуб мебошад.Ахолиаш кариб 2-миллон нафар аст.Акнун мо точикон часпидем ба Душанбеву Маскав.Дар нохияхои дехотиаш ахоли кариб 500-хазор нафар мебошад.Дар як километри мураббаъ ,11- хонавода рост меомадааст.Хонаводахои ин дехотхо он кадар калон хам нестанд.Программаи "Соотечественнки" амал дорад.Яъне,ки касе,ки аз собик чумхурихои шурави кучида барои зиндаги ба ин минтакахо меоянд,новобаста ба миллату нажоташон ба онхо имкониятхои ичтимои медиханд,ки зиндаги кунанд,дар давоми 1-2 сол шахрванди хам медиханд.Наход,ки зани чавони 20-30-сола обчакориву сабзавоткори карда натавонад?.Дар холе,ки шавхараш дар сохтмон ё дар дигар чой кор мекунад.ё барои парвову парвариши бузу бузголаву гови чушои занхои чавони точик кор намеоянд магар?.Аз надонистани забони руси натарсед.Кудакони мухочирони точик тез забони русиро ёд мегиранд.зиёда аз 80-фоизи занхои точик дар Точикистон кор намекунанд.Корашон факат туйгардиву маъракабози.Баъд хархашаву мочарои оилавиву чанчолхои байни хешу табори.Бисёр мушохида кардаам,ки оилахои мухочиршудаи Точикистон.дар дехотхои Россия,мушкилихои ичтимоиву иктисоди надоранд.Картошкаву помидору капусту дигар намуди махсулотхо дар заминхои наздихавлигии онхо хосилхои хуб медиханд.ширу каймок фаровон аст.Хатто тандурхову дегдонхои нонпази хам доранд.Гову мол,гусфанду буз ва мург мепарваранд.Оилахое хастанд,ки то 10-15-сар буккаро,ки вазнашон на камтар аз 300-350-кило хаст ба гушт месупоранд.Ман оилахоеро мешиносам,ки хамчун хочагихои чорвопарварии шахси,то 30-сар гови чушоро доранд ва кариб 35-40-то буккаро мепарваранд.Хамон чавонхое,ки имконияти зиндаги карданро дар дехотхои Россия доранд,чаро бо ин кадар сарсониву бо маоши ночиз дар кучахои шахри Маскаву Петербург сарсону саргардон мегарданд?Точикистон дигар васеъ намешавад.Сол то сол оилахои нав пойдор мешаванд,сафи тифлакону наврасон бисёр мегардад.То ба кай хамин хели сарсониву саргардони?.Ризку рузии банда аз худову аз фаъолияти худаш хам вобаста аст.

Ин нажотпарастон, нацсистон фаромуш карданд, ки махз бобоёни хамин мухочирон буданд, ки дар чанги дуюми чахони Маскав ва Русияро бар ивази чони худашон хифз карданд ва агар на хозир русо гуломи халкабаргуши олмонихо буданд. Шарм доред! Агар Шумо хамаро бо ченаки иктисоди баркашидани бошед, пас ин мухочиорни бесохиб агар харуз ба кишаври худашон як долар фиристанд, барои иктисоди Русия харуз 7-хафт долар фоида меоранд, пас мукоиса кунед, ки 1доллар кучов 7 доллар кучо ва бозхам хамон корхое, ки мухочирон мекунанд Русхо намекунанд.Ба Шумо, ки шардори маскав хастед чунин суханони бемантик, популисти намезебад.

Инхо рост мегуянд.
Мо бояд ватани худамонро рафта обод кунем.
Двизияи 201 русро аз ватанамон хорич кунем.
Оё фикр кардед ки ин двизя аз хисоби ки мехураду мепушад?
Оё надидед ки духтари точикро тачовуз карда дар мусор партофта бидуни мухокама ба русия бурда озод кардан мучртмро.
Тфу бар миллате ки залолату гуломиро ба худ ихтиёр карда бошад.

Баьд дар хайрат мемонанд,ки борои чи Гурчистону Украинаву дигар давлатхо аз инхо руй мегардонанд. Як Осие маркази дусти бо онхо мехохад хамун хам аз ночори. Фашистон дар хукумати Руссия хануз хастанд. Сад афсус ки падару бобохоям хуни худро барои ин харомзодахо рехтанд.

Виркан
худи у олтойи аст ё омехтаи мордвину финн. пас у низ ба олтоёи худ равад, афташщ гуфта истодааст, ки у славян нест, а тем более не арийц, а скорее всего москал или какой-то безродный северянин. Илтимос, бародароне, ки дар русия хастед хамин маълумотро ба хукумати шахри москав расонед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)