Бахшҳо
01 июн 2013 11:42Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Пуштибонии Бонки миллӣ аз иқдоми ширкатҳои мобилӣ

Бонки миллии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия иқдоми ширкатҳои мобилии кишварро, ки сар аз имрӯз, 1 июн, нархгузории хизматрасонии худро бо пули миллӣ анҷом хоҳанд дод, қобили дастгирӣ гуфт.

Ба иттилои Бонки миллӣ ин тасмими ширкатҳои мобилӣ ҷиҳати иҷрои талаботи қонунгузорӣ гирифта шудааст, ки қонунан дар қаламрави ҷумҳурӣ нишон додани тамоми нархномаҳо, тарифҳо ва воҳидҳо бо асъори хориҷӣ ё воҳидҳои шартӣ қатъиян мамнуъ буда, бояд танҳо бо сомонӣ ифода ёбанд:

“Ин қадам яке аз чораҳои навбатие мебошад, ки дар маҷмуъ барои таъмин намудани мақоми истисноии пули миллӣ дар ҷомеъа равона шудааст. Алҳол пас аз гузариши пурра ба истифодаи пули миллӣ дар низоми мактабҳои олӣ ва таҳсилоти умумӣ, чорабиниҳои ба иҷрои Ҳаҷ алоқаманд татбиқи иқдоми мазкур тадриҷан дар соҳаҳои дигари иқтисодиёт ба инобат гирифта шудааст.”

Бонки миллӣ мегӯяд, ин иқдом аз як тараф ба фоидаи муштариёни алоқаи мобилии Тоҷикистон аст: “Барои муштариён бо пули миллӣ ифода ёфтани тарифҳо ва бақияи маблағҳо таъсири тағийрёбии қурби асъорро аз байн бурда, ба соддатар шудани муҳосибаи хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ мусоидат менамояд.”

Бонки миллии Тоҷикистон иқдоми ширкатҳои мобилиро истиқбол ва дастгирӣ намуда, аз тамоми воҳидҳои хоҷагидорӣ, масъулони мақомоту идораҳо ва шаҳрвандон даъват менамояд, ки ҳангоми истифодаи асъори хориҷӣ талаботи қонунгузориро риоя кунанд ва эҳтироми пули миллиро, ки яке аз рамзҳои давлатдорӣ ба шумор меравад, дар мадди аввал гузоранд.

Ин дар ҳолест, ки баъди ба пули миллӣ гузаштани нархгузориҳои ширкатҳои мобилӣ арзиши тамосҳои телефонӣ дар кишвар то 25 дарсад боло меравад.
Мӯҳр
Икдоми хуб вале бар зарари муштириён. Фоида медошт ба чои 4.75 дирам 4 дирам бигзор 5дирам мекарданд. Вале нархи нав нишон медихад, ки аз хар 5дакикаи сухбат нисбат ба пешина ширкатхо 1сент зиётар даромад мегиранд. Умедворам хукумат ин масъаларо нодида намегиранд!!!

Низоми
Ширкатҳои мобили ҳамсоякишвари мо Афғонистон,аз оғози фаолияташон бо пули миллиашон роҳандози шудаанд.Ин нишон медиҳад,мо аз нигоҳи амали гаронидани қонунҳои кишвар аз ҳамсоякишвари ҷангзадаи худ қафо мондаем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)