Бахшҳо
06 июн 2013 15:19Тоҷикистон / Сиёсат

Гуруснанишинии Сафват Бурҳонов ва даҳ пешниҳод ба ҳукумат

Сафват Бурҳонов, хабарнигори тоҷик, бо пахши номае аз “гуруснанишинии бемуҳлати сиёсӣ”-аш хабар дод. Ӯ дар номае, ки рӯзи шашуми июн тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дастраси ҳамагон кард, гуфт, “бо камоли масъулият ва дарки пайомади рафтори худ” ба ин кор даст задааст.

Оқои Бурҳонов дар ин номаи худ навишт, “вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро, ки давоми солҳои истиқлолияти кишвар мушоҳида мекунам, ба тадриҷ рӯ ба қафо меорад. Дар ин давом инсон чеҳраи худро ҳамчун мавҷуди олӣ аз даст дод. Инсон, дар кишвари ман ба махлуқи беҳуқуқ табдил ёфт. Кулли сохторҳои давлатӣ фалач шуда, ба рукуди бебозгашт гирифтор шудаанд.”

Ин хабарнигори тоҷик дар идомаи номааш аз фасоди густурда ҳам нигаронӣ карда ва гуфтааст, “сохторҳо ва созмонҳои байнулмилали муқими Тоҷикистон низ умуман аз вазифаҳои худ фаромӯш кардаанд. Онҳо низ фасодолуда шудаанд.”

Бо таваҷҷуҳ ба ин ҳама мушкилот, Сафват Бурҳонов даҳ пешниҳоди худро барои беҳбуди вазъ дар Тоҷикистон ироа кардааст. Нахустин пешниҳоди оқои Бурҳонов ин аст, ки “ҳайати бебарори роҳбарияти сохторҳои иқтисодии кишвар пурра нав карда шавад.”

Пешниҳодҳои дигари оқои Бурҳонов дар бораи берун рафтан аз бунбасти сунъӣ, ислоҳоти оҷили нерӯҳои мусаллаҳ, табдили раҳбарияти бахши кишовразӣ ва об, ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон, табдили раҳбароне, ки дар курсиҳои давлатӣ шах шудаанд, рабт дорад.

Вай ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки “маблағҳои аз Тоҷикистон ғорат шуда, дар бонкҳои хориҷӣ пинҳонкардаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан бояд баргардонда ва моликияти ғайриманқули дар хориҷа харидаи онҳо миллӣ карда шаванд; созмонҳои байнулмилал ҳайати фасодзадаи Тоҷикистонии худро бояд нав кунанд; қонунҳо бояд дар навбати аввал манфиати инсонро ҳимоя кунанд.”

Ин номаи Сафват Бурҳонов дар ҳоле навишта шуда ва ӯ даст ба “гуруснанишинии бемуҳлати сиёсӣ” задааст, ки чанд рӯз пеш ӯ матлаберо бо номи “Маҳоратамро мефурӯшам ё чаро маҷбурам бо оппозитсия пайвандам” нашр карда буд. Сафват Бурҳонов қаблан дар нашрияҳои “Нерӯи сухан” ва “СССР” ҳам кор карда, муассиси созмоне бо номи “Салом” мебошад, ки ҳадафаш ба нармиш овардани муносиботи Тошканду Душанбест.


Дар акс: Сафват Бурҳонов, хабарнигори тоҷик
Мӯҳр
Акаи Сафват, кори бехуда мекуни, аз ин гуруснашинии ту хичи фоида нест, ин мардум нон усу беста ба худут як катра об наметан

Сафват, бародар! Чаро худро ба ин рох тела медихи? Дар холе, ки худ мегуи: "вазъи иктисоди, ичтимои ва сиёсии кишвар ......ру ба кафо ниходаанд". Дар ин самт ва дар чунин вазъи носолими сиёсии кишвар ва бо чунин рахбарону сиёсатмадоронаш, ки худ сарзанишашон мекуни, чи хам аз дастат меояд? Дида истодаи, ки шахсиятхое, ки дар ин самт кушише ба харч медиханд, то бахри бехбудие шароити иктисодии кишвар кореро ба анчом диханд, ба чи рузхои сахт гирифтор мешаванд? Аз ин ру, бародар мегуямат, ки Чаноби Оли то он даме, ки командаи худро ба кулли нав насозад, аз ин бухрони иктисоди баромадани кишвар амрест махол! Ва ба мурочиат кардаву мегуямат: каме худдори намо, шояд пас аз ин интихобот ЧО аз чунин вазирону рохбарони кундфахму ноухдабарои худ халос мешаваду чавононеро сари мансабу кудрат меорад, ки дар вакеъ, ба ин сарзамину ба ин кишвари азиятдида тамоми кушишу гайрати хешро сарф хоханд кард!

Дорогой Сафват! Я Вам сочувствую и понимаю! Но... Ваш шаг самопожертвования меня беспокоит: судя по фото, Вы не можете долго не принимать пищу... Я предпочла бы, чтобы голодал кто-нибудь из семьи Рахмона либо он лично! Голод им будет только на пользу: ожирене у всех!

Бародар Сафват! Ман гоми Шуморо мефахмам. Ва мегуям,ки каме токат кунед, пас аз интихоботи тирамохи шояд ЧО командаи худро иваз мекунаду чавононеро руйи кору вазифа меорад,ки вокеан хам дилсузи ин механу ватан бошанд. Ба хар хол дунё ба умед гуфтаанд? Даст ба гуруснанишини задани Шумо брин шахсиятхо ба бехбудии кор нахохад шуд! (ба хар хол дар ин вазъияту дар ин шароит!)

Рахим
Сафват! Ба хотири як ду мансабдор шуда худро курбони дассисахои душманони миллати точик нагардон!!! Аклатро кор фармо, бародар!

Хоки Зарафшон
Сафват ако! Ин гурури милли, механпарасти.. ватандусти.. акл заковат.. бузургмардофарини хамаш дар хамон тарафои хоки Зарафшон аст. аз шумо хеле бузургтар Айниву Турсунзодаву дигарон омада чи натича гирифтанд ки боз шумо гирифтаниед.. нервотона чошба гирифта корои эчоди кати гардед.

Фарход Гафурзода, Холо гуед 20 соли дигар то пенсияра мунтазир шавам?

бовар кунед ман хайрат шудам бо ин окил ман худ як чарчин фуруш ба гуфте лекин аз ин пешниход тарафдораму шабу руз фикри инро мекардам офарин дар ватани мо ягон кори тичорати карда намешавад мехохам истехсолот кунам лекин чор сум пуле дорам барбод наравад гуфта ру ба росияем лекин зиндони нашави хубай

офарин Сафват Худо мадад кунад! икдоми як марди шарифу начибу шучоъ ва фидоии майхани хеш.ман хам ин амали Туро сад дар сад дастгири мекунам ва аз гуфтахои Ту бехтар, муъчазтару дакику хактар гуфта наметавонам, илова дорам, ки чавонмардоне чун Ёкуб Салим,Махмудрузи Искандаров, Зайд Саидов ва хазорон бегунохони дигар, ки бо тухмати дигарон гирифтор шудаанд, харчи зудтар аз махбас озод карда шаванд, онхо душмани давлату миллату халки Точикистон нестанд, онхо хам мисли хамаи мо фарзандони сарсупурдаи хамин кишваранд,чонашонро барои Ватан дарег намедоранд.

Дусти азизам Сафват! Ду сол боз мо якчоя барои дифоъ аз Вахдату ормонхои милли, хунсо кардани непатриотхо кор кардем, ба душманон посухи обдор мегуфтем, якбора чаро ба сангари дигар гузашти? Мегуфти масъалаатро дар дохили худамон барраси ва ба халаш расидаги мекардем! Афсус боз як патриот дар Ватан кам шуд

Абдулло Салимов
Парвардигор ба ин фарзанди фарзонаи ватан Сафват Бурхони кувва ва мадад бидихад, фикронияш ба фоидаи халқ аст махсусан бандхои 7 ва 8 пешниходи ҷолиб аст ва ман низ ба хотири наҷоти миллат аз он пуштибонӣ мекунам.

Хочи
Э.Биё мон Сафват. Бо хамин корхоятон тую Додочону дигару дигарат мардуми бечораи Зарафшон, хусусан Панчакентро зери тахкиру фишор карор дода истодаед. Охир тую Додо акл надошта бошед, 250 хазор панчакентии бечора чи гунох доранд, ки хукуматдорон хох нохох ба онхо бо чашми шубха менигаранд? Бас кун ака. Мон мардуми бечора бечорагиашро карда гаштан гирад. Дар болои сар Худои хамабин хаст ва касе шак меорад, окибаташро хохад дид.

Ахмадзода
Сафват як мох пеш аз мохи Рамазон рузадориро машк карда истодааст, ба у бовар накунед. Токати ним руз гурусна шиштанро надорад ва касе хам парво надорад,ки у гурусна аст ё сер. Вперёд, Сафват!Як бор курбони хамин миллат шав, номат дар таърих мемонад

Точик аз Амрико
Сафват Бурхонро одами боакл мехисобидам, акнун маълум шуд ки е беакл аст ва е мехохад мо мардумро бо фиреб каноат дихад ки айб дар Рахмонов нест балки блоки иктисоди, кишоварзи, маориф ва тандурустию дифоъ ва гайрахо гунахкоранд. Агар инхоро иваз намояд мушкилахо хал мешавад ва Рахмонов боз 20 соли дигар рахбари " чоночонамон" боки монад. Аз СССР Сайеф ин андешахоро ед гирифтед е ягон идораи дигар ин афкорро ба шумо ед додааст? Мукила худи Рахмонов аст на вазирону мансабдорон. Зеро ягон мансабдор дар кишари диктатори хакки тасмимгири озодро надорад, мустакил нестанд. Агар мехохед вокеан ба Ватан ва Миллат ердаме е хидмате кунед садои худро якчо бо дилсузони миллат ки барои интихоботи озод ва шаффоф эълон кардаанд хамрох шавед. Факат интихоботи озод миллатро сохиби аслии кишвар мегардонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)