Бахшҳо

Дарвозабони тоҷик дар Ҳолланд тамрин мекунад

Аз 16 то 22 июни соли равон беҳтарин футболбозони чемпионати “Оянда ба ту вобаста аст!” ба лагери тамринии клуби маъруфи ҳоландӣ, “Аякс” сафар хоханд кард.

Чемпионати “Оянда ба ту вобаста аст!” аз 22 то 26 майи соли 2013 дар шаҳри Сочи баргузор шуд, ки дар он имсол 20 даста дар ду синну сол аз ҷумҳурии Тоҷикистон, Абхазия, Осетияи Ҷанубӣ, Доғистон ва дигар минтақаҳои Федератсияи Россия иштирк карданд. Дар бозии 1/8 финал дастаи шаҳри Душанбе бо дастаи “Надежда”-и Қазон бозиро дар вақти асосӣ 1-1 мусовӣ карда дар натиҷаи иҷрои зарбаҳои ҷаримавӣ (пеналтӣ) дарвозабони бомаҳорати дастаи шаҳри Душанбе-Муҳамадҷон Раҳмонов маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, аз 14 зарбаи ҷаримавӣ 13-тоашро баргардонд ва сазовори дарвозабони беҳтарини мусобиқа гардид.

Том Санер намояндаи Клуби маъруфи ҳоландии “Аякс” аз миёни 200 бозигари Чемпионат 15 футболбозро ба унвони “Бехтарин бозигар”интихоб кард, ки дар миёни он дарвозабони дастаи Тоҷикистон Раҳимов Муҳамадҷон шомил аст. Даври аввали машғулиятҳо 16 июни соли 2013 дар истироҳатгоҳи “Истра”-и Масква баргузор мешавад. Тамоми хараҷоти буду бош, сафар ва сару либоси варзишгарро ширкати Мегафон бар уҳда гирифтааст.

Тавре Том Санер намояндаи Клуби маъруфи ҳоландии “Аякс” мегӯяд, “дар Академияи мо мураббиёни барҷаста, Алекс Гирнэрт ва Марко Брагони бо бачаҳо кор мекунанд. Бачаҳо аз Русия ва Тоҷикистон имкон хоҳанд дошт бо мутахассисони ҳақиқии яке аз беҳтарин макотиби футболи ҷаҳон, ки ситораҳоеро мисли Уэсли Снайдер, Йохан Кройфф, Марко Ван Бастен, Деннис Бергкамп тарбия кардааст, тамрин намоянд. Барои "Аякс" муҳим аст, ки имсол ба шарофати ширкати "Мегафон" иштирокчиёни озмуни "Оянда аз ту вобаста аст!" низ дар лагер тамрин мекунанд.”

Чемпионати “Оянда ба ту вобаста аст”соли ҳаштум аст, ки аз ҷониби ширкати Мегафон баргузор мешавад.
Мӯҳр
Аз Озодагон хохиш мешавад аз руи имкон навори зарбаҳои ҷаримавӣ (пеналтӣ)-ро дар сахифа чой кунанд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)