Бахшҳо

Бозиҳои панҷ моҳ пеш аз интихоботи президентии Тоҷикистон

Ҳумайрои БАХТИЁР

То замони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳур дар Тоҷикистон камтар аз 5 моҳи дигар боқӣ мондааст. Табиист, ки бо наздик омадани замони интихобот ҳукумати кунунӣ талош дорад, то нуфузи худро миёни мардум бештару бештар созад.

Ин аст, ки ҳоло ҳукумат, дақиқтараш Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, чунин фазоеро ба вуҷуд оварда, ки гӯиё тамоми муваффақияту бурдборӣ аз онҳо буда, ҳама нокомиҳову ҷиноятҳо “мол”-и ҳизбҳо ва афроди мухолиф аст.

ПАЁМАДИ ҶАНГИ СОЛҲОИ 90

Таҳлилгарон мегӯянд, паёмади даргириҳои солҳои 90-уми қарни гузашта сарчашмаи қаҳрамонсозиҳои якҷонибу мағлуб хондани ҷониби дигар шудааст. Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари масоили сиёсӣ, мегӯяд, чунин камбуд аз ҳарду ҷониб зоҳир мегардад.

Вай меафзояд, “ҳодисаҳои кишвар бояд беғаразона аз тарафи таърихнигорону коршиносон таҳлил шавад. Танҳо дар ин ҳолат назари умумӣ пайдо шуда, имкони баҳогузорӣ кардани фаъолияти ҷонибҳо ба даст меояд. Ҳоло дар Тоҷикистон мушкили фаъолияти таърихнигорони бетараф эҳсос мешавад. Мутаассифона, дар Тоҷикистон коршиносону таърихнигорон фаъолияти мустақил надошта, дар таҳлилҳои худ ё аз ҳукумат ва ё аз мухолифин пуштибонӣ мекунанд.”

ҲУКУМАТИ ПИРӮЗУ МУХОЛИФИНИ ЗАИФ

Парвиз Муллоҷонов дар ҳоле аз беэътимодии ҷонибҳо мегӯяд, ки ба андешаи Сӯҳроб Шарипов, узви Маҷлиси Намояндагон, ҳизби ҳоким барои рақибони сиёсии худ шароитро фароҳам оварда, ҳама сару садои мухолифин атрофи маҳдуд гардидани имкониятҳояшон асос надорад. Шарипов мегӯяд, аслан ҳизби ҳоким барои мардум бисёр корҳоеро анҷом додааст, дар ҳоле ки мухолифин ба ҷуз аз шикоят кори дигаре накардаанд.

Вакили парлумони Тоҷикистон аз он шикоят кард, ки дар шароити феълӣ мухолифин ҳатто ҳамон вазифаи аслии худ, тавлиди як “контрэлита”-ро таъмин карда натавонист. “Аз назари ман, контрэлитаи ҳукумати Тоҷикистон хеле заиф аст. Онҳо танҳо интиқод аз ҳукумат мекунанд, дар ҳоле ки худ низ барномаи мукаммали давлатдориро надоранд.” Ба андешаи Шарипов, пирӯзии ҳукумат аз ҳизбҳои мухолиф ҳам ин аст, ки барномаи давлатдории худро бо муваффақият амалӣ мекунад.

РОҲАНДОЗИИ БАРНОМАҲО -- ВАЗИФАИ ҲУКУМАТ


Ойниҳол Бобоназарова, коршиноси тоҷик мегӯяд, таҳия ва амалӣ кардани барномаҳо вазифаи аслии ҳукумат буда, ҳизби ҳоким аз ин кори худ набояд биболад. Хонум Бобоназарова аз маҳдудияти роҳёбии чеҳраҳои мухолиф ба нашриёт, телевизион ва радиоҳои ҳукуматӣ мегӯяд, агар ҳизби ҳоким ба унвони ҳукумат рақобатро ба вуҷуд меовард, мухолифин шикоят аз монеасозиҳо намекарданд. Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, заифшиносии ҳизби ҳоким қобили қабул нест, зеро дар Тоҷикистон рақобати солим вуҷуд надорад.

Ин мусоҳиби мо аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки дар ин авохир ҳукумат шеваи нодурусти таблиғи фаъолияти худро пеш гирифтааст: “Ҳукумат дар нокомиҳои худ мухолифинро айбдор мекунад, ки ин мутлақо нодуруст аст. Ҳар бурду бохти давлат имрӯз аз ҳукумат аст. Ба шикасту пирӯзиҳои давлат мухолифин ҳеч рабт ва ӯҳдадорӣ надоранд. Зеро ҳукумат дар дасти ҳизби ҳоким аст, на мухолифин. Аз ҳисоби андози мардум ҳам мухолифин на, балки ҳизби ҳоким маош мегирад.”

“Аз ин хотир, хидмат барои давлату мардум вазифаи ҷонии ҳар як аъзои ҳукумат ва ҳизби ҳоким мебошад”,-гуфт хонум Бобоназарова.

ПУЛҲОИ ХОРИҶӢ НИШОНИ ХИЁНАТ АСТ?

Заиф гуфтану ба ҷиноятҳо муттаҳам кардани ҳизбҳои сиёсӣ, мисле ки барои ҳукумат як кори маъмулӣ шуда бошад. Ҳамакнун аз минбарҳо гоҳ-гоҳ садо медиҳад, ки гӯиё нерӯҳои мухолифи кишвар бо маблағи манфиатдорони хориҷӣ фаъолият дошта, корҳои анҷом додаашон бар нафъи мардум ва давлат нест. Аз минбари баланд ҳам на як бору ду бор масъулини ҳукумат мухолифинро ба хидмат ба «хоҷагони хориҷӣ» гунаҳкор номиданд.

Дар ҳамин маврид Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, “маълум аст, ки баъзе аз ҳизбҳову сиёсатмадорон аз берун кумак мегиранд ва мегирифтанд.” “Аммо ин айбдоркунии ҳукумат бояд дар асоси далелҳо бошад, на як суханони ҳавоӣ”,-ишора кард Муллоҷонов.

Дар робита ба ҳамин масъала Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, аслан ин иттиҳоме нисбат ба мухолифин буда, ҳукумат ба ин роҳ хостори сиёҳ кардани ҳизбҳо назди мардум аст. Гузашта аз ин, хонум Бобоназарова аз он дар тааҷҷуб аст, ки грантгирандаи аслии давлат имрӯз ҳукумат буда, ҳамасолаву ҳамарӯза чӣ аз кишварҳои хориҷӣ ва чӣ аз шаҳрвандони давлатҳои бегона ба унвони қарзҳои боимтиёзу беимтиёз пайваста пул мегирад. “Пас ин пулгирии ҳукумат чӣ ном дорад? Агар ҳукумат воқеан ғамхор асту рақобати солимро мехоҳад, пас, аз ҳисоби буҷаи давлат танҳо барои барномаҳои худ неву барои мухолифин низ як миқдор маблағ ҷудо кунад. Агар ҳукумат ба нерӯҳои мухолиф ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маблағ ҷудо кунад, зарурати муроҷиат ба донорҳо аз байн меравад”,-афзуд ӯ.

МУХОЛИФИН НЕРӮИ КОФӢ НАДОРАНД

Сӯҳроб Шарипов мегӯяд, ҳукумат аз мавҷудияти мушкилоти иҷтимоӣ ва давлатдорӣ огоҳ буда, худ низ на як бору ду бор барои бартараф кардани он ишораҳо мекунад. Вакили парлумони Тоҷикистон мегӯяд, ҳалли худро наёфтани ин мушкилот низ ба фаъолияти мухолифин вобастагӣ дорад. «Бисёр мехоҳам, ки мухолифин дар ҷомеаи Тоҷикистон конструктивӣ бошанд. Ҳарчанд раисҷумҳур мегӯяд, ки ҳизбҳои сиёсӣ ин ҷузи ҷамъият ва рукни рушди кишвар ҳастанд, аммо мухолиф бар маънои том барои ҷомеаи мо ноёб аст”,-гуфт ӯ.

Собиқ стратеги №1 аз он нигаронӣ кард, ки ҳизбҳои мухолифи Тоҷикистон дар дохили худ ба ҷуз аз роҳбар ва чанде аз муовини дигар аъзои фаъол надошта, ҳамчун як нерӯ устувор низ нестанд: “Вақте дар мавриди ивазшавии раҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ мегӯем, масъулини аҳзоб мегӯянд, ки ҳоло фурсати рафтани онҳо нест, зеро ҳизбашон бо ҳамин мемирад. Пас ин чӣ гуна ҳизб аст, ки бо рафтани рохбар кори худро пеш бурда наметавонад?”

Ба иттилои Сӯҳроб Шарипов дар ҳоли ҳозир 18 ҳазор аъзои ҳизби ҳоким корманди давлатӣ буда, ҳизбҳои дигар чунин потенсиал надоранд. “Аз ин хотир, талоши мухолифин барои иваз кардани вазъияти мавҷуда бенатиҷа ҳаст, чун ҳатто баробари сари қудрат омадан, онҳоро зарур меояд, ки бо ҳамин артиш кор кунанд”,-илова намуд Сӯҳроб Шарипов.

Вакили парлумони Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло фурсате фаро расидааст, ки нерӯҳои сиёсӣ бояд ба ҳам омада, дурнамои давлатро муаяйн созанд. “Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ аз ҷониби раисҷумҳур муаяйн шудааст, барои ҳамин мухолифин бояд ҳарфи наве пешниҳод кунанд. Мухолифин аз он интиқод мекунанд, дар ҳамкорӣ бо Русия ва ё Эрон ҳукумати кишвар сиёсати нодурустро рӯйи даст гирифтааст. Дар ин ҳол худашон барномае таҳия кунанду бигӯянд ки бо кадом давлат муносибот бояд чӣ гуна бошад”,-таъкид кард ӯ.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносон дар Тоҷикистон ҳеч вақт тавозун миёни ҳизбҳои сиёсӣ риоя намегардид. Вале ба ҳар сурат дар қиёс бо имрӯз вазъи мухолифин то солҳои 2005-ум як каме беҳтар буда, ҳизби ҳоким на дар ҳар мавриду на аз ҳар минбар ҷуръати ҷинояткору нодаркор хондани мухолифинро дошт. Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки вақте рақобати солим вуҷуд надорад, пас, заиф будани ҳизбҳои сиёсӣ бар нафъи худашон аст. Дар сурати ғайр, ба гуфтаи онҳо, ҷойи раҳбарон ва ҷонибдорони ҳизбҳои мухолифи қавӣ метавонад зиндон бошад, ё берун аз Тоҷикистон.
Мӯҳр
Шамшери Худо
Сӯҳроб Шарипов: "...контрэлитаи ҳукумати Тоҷикистон хеле заиф аст. Онҳо танҳо интиқод аз ҳукумат мекунанд, дар ҳоле ки худ низ барномаи мукаммали давлатдориро надоранд."
Бовар надорам, ки Рахматулло Зоиров ва Мухуддин Кабири барин хукукшинос ва сиёсатмадор чунин барнома надошта бошанд!

Ба иттилои Сӯҳроб Шарипов дар ҳоли ҳозир 18 ҳазор аъзои ҳизби ҳоким корманди давлатӣ буда, ҳизбҳои дигар чунин потенсиал надоранд. “Аз ин хотир, талоши мухолифин барои иваз кардани вазъияти мавҷуда бенатиҷа ҳаст, чун ҳатто баробари сари қудрат омадан, онҳоро зарур меояд, ки бо ҳамин артиш кор кунанд”,-илова намуд Сӯҳроб Шарипов.
Чавоб ба С. Шарифов: 2000000-18000=?( 2 миллион - 18 хазор...)

Хаким
Барои чи махз ба Сухроб Шарипов эрод гирифтй? Барои он, ки у хакикатро гап зад. Хакикат на ба хама мъкул аст. Сухроб Шарипов рост мегуяд.Хизбхои мо он чунон ЗАИФанд, ки доимо меноланду меноланд. Дигар кори назаррасе анчом дода нметавонанд. 6.5 сол хомуш буданд ва хамин ки маъракаи интихобот наздик ки шуд. аз хоб бедор мешаванд.

МУХТАРАМ МУХИДДИН КАБИРИ ВА МУХТАРАМ РАХМАТУЛЛО ЗОИРОВ ШУМО ,АГАР НОМЗАДИ ХУДРО ДАР ИНТИХОБОТ ГУЗОРЕД ,ДОНЕД,КИ КОНУНИ ИНИХОБОТРО ШУМО ХАМ ВАЙРОН КАРДЕД. ТО ТАГИРОТ ДАР КОНУНИ ИНТИХОБОТИ НАШАВАД ШУМО ХАК НАДОРЕД,ИШИРОК КАРДАНДРО. ИШТИРОКИ ШУМО БЕ ТАГИРОТ ДАР КОНУНИ ИНТИХОБОТИ МАНОИ ОН ДОРАД,КИ ШУМО ТАРАФДОРОНИ ХУРО ДИДАВУ-ДОНИСТА БА ТАСЛИМ ШАВИ РОХ ДОДЕД. СУХРОБ ШАРИПОВ ШУМОРО ЗОРА ДОРАД,КИ НОМЗАДИ ХУДАТОНРО ГУЗОРЕД.ШУМО НОМЗАДИ ХУДРО ГУЗОШТЕД,АГАР ШИКАСТ МЕХУРЕД ,АГАР НАГУЗОРЕД НОМЗАДИАТОНРО ,ХУКУМАТ МАЧБУР АСТ БАРОИ ХУД МУХОЛИФИН ПАЙДО КУНАД.ВАЛЕ ПАЙДО КАРДАНИ МУХОЛИФИНРО ДАР,ИН МУДАТИ КУТОХ ХУКУМАТ НАМЕТАВОНАД. ДОНИСТАВУ ШИКАСТ ХУРДАН , ХУБ АСТ ,КИ АКИБ ШИНИ КАРДАНД. БИГЗОРЕД ДОНАНД ОЛАМИЁН,КИ КОНУН ДАР ТОЧИКИСТОН БАРОИЯК ХИЗБ ВЧУД ДОРАД.

Бахси хуб...бале Озодагон..хар тараф мавкеи худро гуфт...мардум интихоб кунад.ва чидди фикр кунад...Мо такрори таърихи наини сиёсиро..такрор накунем...ба давлатдори хамаи хизбхо бояд омода бошанд...ин кори чидди аст...Аз ин нуктаи назар..фикрхои Шарипов ва далелхояш хуб аст.аммо баъзе акидахои Бобоназарова низ дуруст аст...бояд ба онхо чидди тавачух кард..Умуман..хамаи мо Точикистонро дуст медорем ва мехохем ки рушд..ебад..Хизбхо Шарипов дуруст мегуяд агар рози ба сиёсати имруза набошанд..бояд барномаи худро пешниход кунанд ки мо шинос шавем...

Хаким,
То ҳамин суханони Сӯҳроб Шарипов ман ба ӯ эҳтироми зиёд қоил будам. Ҳамеша тарафдори гуфтаҳои ишон будам. Вале ин бор Сӯҳроб ба сифати вакили халқ (?), аз чӣ боис, ҷонибдори ҳизби ҳоким шудааст. Қисса кӯтоҳ, магар Зайд Саидов элита набуд? Ӯ контрэлита не, як элитаи элитаҳои тоҷик буд. Калимаи "контр" ( аз англисӣ: "counter" гирифта шудааст) маънои "муқобил, зид" дорад. Бо ишон чӣ кор карданд, ин қаҳрамонон? Магар ӯ ягон зиддият нишон дода буд? Минбаъд сарнавишти ҳар як "контр" ана ҳамин хел анҷом меёбад. Сӯҳроб Шарипов бояд, "иҷтибоҳ кардам", гӯён, суханҳояшро гашта гирад. Агар коре карда бошад, ҳизби ҳоким на, балки ҳукумати вақт кардааст ки, ин ҳам бошад аввалан вазифааш аст, дуввумин, лоиқи таҳсину офарин нест. Вассалом.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)