Бахшҳо

Шумо чанд зиёиро мешиносед?

Абдулазизи ВОСЕЪ

Дар Тоҷикистон ҳама худро интеллигент мешуморад. Ҳар нафаре аз ин вожа ба қадри фаҳмиш ва идрокаш таъриф мекунад. Яке паҳлӯи мансабдорон истоданро нишони зиёӣ будан мефаҳмад, дигарӣ ҳангоми суҳбати президент бо виқор каф кӯфтанро. Афроде низ ҳастанд, ки мегӯянд, зиёӣ, будан ҳарфи худро доштан аст. Аммо чаро имрӯз интеллигент ба ёдамон расид?

Як дидгоҳи хоси Олга Тутубалина, хабарнигори «Азия-Плюс» бо номи «Неинтеллигентно об интеллигенции» ахиран сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Димоғи даҳҳо нафар «сӯхт» ва даҳҳо тани дигар дар ҳолати хашму ғазаб ба он вокуниш нишон доданд.

Иттифоқи нависандаҳо нишасти изтирорие орост ва масъулини расонаҳои Тоҷикистону ҳатто Иттифоқи рассомонро даъват намуд, то андешаҳои шахсии Олгаро ба баррасӣ бигиранд. Дақиқан маълум набуд, ташаббускорони ин нишаст аз ҷамъ кардани ин афрод чӣ мехоҳанд.

Аммо ҳадафи як матлаби рӯзномаи давлатии «Ҷумҳурият» маълум буд. Ба муаллифи он дидгоҳи бонуи Тутубалина писанд наафтодааст. Атохоҷа Мирзоҷалолов, муовини сардабири “Ҷумҳурият”, дар матлаби «Тутуҳои Тутубалина» ба қавле «титу пити»-и Олгаро баровардааст. Дар баробари он ки ҷаноби Мирзоҷалолов хабарнигори «Азия-Плюс»-ро дар бешарафию боз ким-чиҳо муттаҳам кардааст, ба бархе расонаҳои хусусӣ тамғаи бегонапарастиро ҳам часпонда.

Олга Тутубалина дар матлаби «Неинтеллигентно об интеллигенции» аз Ленин иқтибос оварда ва навишта буд: «Интеллигенция - это не мозг нации, это ее говно». Так говорил вождь мирового пролетариата Владимир Ленин, так хочется сказать и мне, читая новости о возвращении на родину поэта Бозора Собира…».

Дар ин навишта Тутубалина андешаи худро перомуни зиёиёни тоҷик баён карда ва ба назар мерасад, ба онҳое, ки худро зиёӣ медонанд сахт писанд наафтодааст. Баҳсҳо атрофи матлаби Олга, мақолаи ҷавобӣ ба он ва радду бадалҳо атрофи зиёиён водор сохт, ки ба мавзӯи интеллигент рӯ биорем.

Интеллигентҳо киҳоянд онҳо, чӣ нақше доранд ва куҷоянд?

Ба андешаи ин ҷониб, зиёӣ ё ҳамон интеллигент фарде бояд бошад, ки сиришту ақлу одобу рафтораш намунавӣ буда, ба ҳеч ваҷҳ балегӯяки касе набошад.

Ба андешаи ман, соддатарин таърифи зиёиро устод Муҳаммадҷон Шакурӣ, академики равоншод, дар нашрияи “Миллат” карда буд: «Зиёиён касоне ҳастанд, ки дар бораи муҳимтарин масъалаҳое, ки дар ҷомеаи имрӯз вобаста ба миллат ҳаст, бисёр фикр мекунанд. Дар бораи ҳалли масоили муҳим ҳамеша ҳарфи муайян доранд. Онҳо фикрашонро ба воситаи матбуот, навиштаҳо, баромадҳояшон баён мекунанд. Ҷомеа аз рӯи ҳамин андешаҳои аҳли зиё роҳу равиши худро муайян мекунад. Нақши зиёиён барои муайян шудани сиёсати рӯз ва фарҳанги илмӣ ва дигар соҳаҳои сиёсат бисёр аҳамият дорад, ба шарте ба ин хулосаҳои ишон гӯш намуда ҷиддӣ муносибат кунанд, ҷиддӣ дар тамоми ҷомеа муҳокима кунанд».

Бо вуҷуд баъзан атрофи ба кадом гуруҳ мансуб будани зиёӣ радду бадалҳо зиёд мешавад. Ман ба андешаи онҳое розӣ ҳастам, ки зиёиро танҳо як одами донишманду бомақому мартаба ва обрӯву иззати баланд намедонанд, балки зиёиро фарди боҷуръат, ҷасур ва ҳимматбаланд мешиносанд. Зиёӣ воқеан бояд нафаре бошад, ки ҳамеша пайи ислоҳот аст, дар рубарӯи нуқсу камбудиҳои ҷомеа наметавонад хомӯшӣ ихтиёр кунад.

Ӯ ҳеч гоҳ аз гуфтани ҳарфи ҳақ намеҳаросад, парвои аз даст рафтани курсӣ, мақом ва мартабаро надорад. Ғуломи ҳақиқат, адолат ва ростӣ аст.

Агар чунин аст, Шумо чанд зиёиро мешиносед?
Мӯҳр
Дадоро мешиносем. Ба фикрам дар Точикистон факат як мард мондааст.

донишчу
соддатарин таърифи зиёиро устод Муҳаммадҷон Шакурӣ, академики равоншод, дар нашрияи “Миллат” карда буд: «Зиёиён касоне ҳастанд, ки дар бораи муҳимтарин масъалаҳое, ки дар ҷомеаи имрӯз вобаста ба миллат ҳаст, бисёр фикр мекунанд. Дар бораи ҳалли масоили муҳим ҳамеша ҳарфи муайян доранд. Онҳо фикрашонро ба воситаи матбуот, навиштаҳо, баромадҳояшон баён мекунанд. Ҷомеа аз рӯи ҳамин андешаҳои аҳли зиё роҳу равиши худро муайян мекунад. Нақши зиёиён барои муайян шудани сиёсати рӯз ва фарҳанги илмӣ ва дигар соҳаҳои сиёсат бисёр аҳамият дорад, ба шарте ба ин хулосаҳои ишон гӯш намуда ҷиддӣ муносибат кунанд, ҷиддӣ дар тамоми ҷомеа муҳокима кунанд».
Агар зиёи ин гуна шахс бошад, пас дар Ватани махбуби мо ягон зиёи нест.
Худованди Бузург ватани моро нигохбон бошад

Ahmad
ziyoiyoni TJ: Muhiddin Kabiri, Eshoni Nuriddinjon, hoji Akbar Turajonzoda, Dodojon Atovulloev!

Олга харчанд мавзуи мухимро бардошта бошад хам тарзи баёнаш бо иктибоси ленин ночо ва гайрифарханги беадабонааст. Зиёиёни мо аксаран чоплус мебошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)