Бахшҳо
18 июн 2013 15:38Тоҷикистон / Сиёсат / Видео

САДО: Навори аудиоӣ бар зидди Додоҷони Атовуллоҳ

Нашри як навори аудиоӣ дар мазаммати Додоҷони Атовуллоҳ, роҳбари Ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, аз шеваҳои “нав”-и мубориза бо мухолифини тоҷик арзёбӣ мешавад.

Ин навори аудиоӣ тоза ба дасти мо расид ва нафаре, ки худро муаррифӣ накардааст, дар он шеъреро бо лаҳҷаи эронӣ ва зери мусиқӣ қироат мекунад. Аммо муаллифи шеър таъкид кардааст, ки даҳ сол боз дар Тоҷикистон зиста, ба ҷуз ободкорӣ чизи дигареро мушоҳида накардааст.



Дар оғози ин шеър муаллиф аз намоиши тӯйи писари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар телевизиони “К+” (Қазоқистон) тавассути Додоҷони Атовуллоҳ изҳори норизоӣ карда ва ҷавоби ин суолро ҳам пурсидааст, ки “магар худ дар тӯйи бачат рақс надорӣ?”

Дар ин шеър аз ноамниҳо дар Сурияву Либия ҳам ёдоварӣ шуда, муаллиф ба оқои Атовуллоҳ гуфтааст, магар беҳтар набуд, тамоми пуле, ки барои таблиғи ақидаҳояш сарф мекунад, барои Тоҷикистон фиристад?

“Надидӣ Сурию Мисру Ямонӣ,
Даруни кӯчаҳояш хуни ҷорӣ.
Троблусро надидӣ он замоне,
Ки ҷангу душманӣ буду ҳаромӣ.
Ҳақиқатро бигӯ, аз халқ чӣ хоҳӣ,
Падарро бо писар дар ҷанг хоҳӣ?
...Бад-ин даҳ сол, ки кардам зиндагонӣ,
Дар ин шаҳру диёри ориёӣ.
Надидам аз Эмом Раҳмон хатое,
Амон монад зи ҳар дарду балое”
,-таъкид шудааст дар ин навори аудиоӣ.

Қаблан дар нашрияҳои расмӣ ва сайти “Ховар” матолибе зидди Додоҷони Атовуллоҳ, Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, Муҳиддин Кабирӣ, Раҳматилло Зоиров чоп мешуд. Ахиран бар зидди Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав аз нашрия ва ҳатто шабакаҳои телевизионӣ ва низ тавзеи китобча кор гирифта шуд.

Аммо мазаммат ва интиқод тавассути навори аудиоӣ ва он ҳам бо лаҳҷаи эронӣ бори аввал аст.
Мӯҳр
yahya
oghoi ki in she-ro surudi agar onqadar mardi nomatro megufti !!! agar eroni boshi chi kordori ba siesati tojik !!! agar tojiki pas charo eroni surudi ? !! agar eroni hasti behet migam ke be tu chi ki chikar mekonad ))

Чавон
Ин нафар Додочонро шайтон гуфтааст аммо худаш шайтон ва бо забони шайтони харф задааст.Ин Эронихову Афгонхо ита бо насихатгари мо шудиян. Додочон бештари гапош харфи хак аст.

Хайрандеш
Гар айби хоки поки Сиистон кунад касе,
Дарё палид менашавад аз дахони саг.

Бародари ирони. Ту чи кор ба политикаи мо дори ?
Бародар рахмон ту бо пул хаел мекуни чизе ки хохи мехари ?
Эрони аз кучо донад проблемаи точиконро. Ба ягон сухани ин шоири пулаки бовар накунед. Агар хозир Дододжон ду сум зёдтар пул дихад у бо зиди Рахмонов мехонад.

Ҳама ин мардуми бедор гирифтори ғам аст,
Фарди беғам чу бибинӣ, ба бисёр кам аст.
Модар аз ҳасрати фарзанд ба доғ месӯзад,
Хоҳар аз ҳаҷри бародар ҳаме бори ғам аст.
Тифлакон дар ба дару бе падару бе модар ,
Падару модари таъмингари рӯзғор кам аст.
Халқ кулбори гадоӣ сари пушт хона ба дӯш ,
Инчунин миллати бемор ба бисёр кам аст.
Духтарон қаднорасида шудаанд фоҳиша,
Мисли тоҷикзани арзон ба бозор кам аст.
Тоҷик муздури дари оламу одам гаштаст,
Марди бо ору асил, сарвари ғамхор кам аст.

сухроби курбони
устод Додочон мо бо шумоем

Чхел хамин сабтро скачать кунам?

Ин хукуматдорони мо то кадре заиф шудаанд, ки барои ба Додочон чавоб гуфтан худ кудрату хунар надошта, нафархои эрониро мавриди истифода карор медиханд. Ин эрони хам бошад, шояд дар Точикистон бизнеси хуб доштагист, ки ин кадар дилаш мезузад. Хакикат фактест, ки хеч чиз наметавонад уро бекор кунад, на точик ба ин кодир асту на эрони.

Эрони буру диге ба эронат,
насихат бику аз хамватанонат.
Мо за ин сафсате шудим хасте
Кош ту хам шави мо барин хуфте.

точик
Рут сиёх ба хамун огогит.

Баходур
Устод Додочони Атоуллоев, дар Точикистон,ватани азизамон, мардум аз гуфтахои Шумо тарафдори мекунанд..
ХУДО Шуморо дар панохаш нигох дорад.

Салмон
Бисёр хам хандаовар, аммо хеле ХАКИКАТ дорад. Эронй аст ё точик аст. касе набошад именно нисбати хамин шахс хакикати холро гуфтааст. Агар Д.Атавлло мард бошад омада аъзои нахзат ё ХСДТ шаваду мубориза барад. аз дур инкадар вохима накунад.

Вах чи хандаовар аст сахнаи сиёсат! Касе макола менависаду касе шеър мебофад! Ё аллох ин мардум чи мехоханд? Ин шеър навис аз камшудани шумориши марг дар накб ёд овар мешавад аммо магар боре тобути точики мухочирро надидааст? Хой мардум дар миёни ин анбухи сиёсиатон сафсатта гуиро бас кунед ва макаолоте нависед,ки роххи халли мушкилотеро дар бар гирад аз шеъри ту ва танкиди додочонхову турачонхову кабирихо ба ин миллат суде нест! Шумо танхо мисоли робот як чизро мебинед ва чизи дигарро нодида мегиред! Муттахид зери шиори куфру беимонии Бозор Собир Ва танкидии Додочн шудан хеч маъное надорад! Мардум мохвора месозанду шумо хануз хам шеър менависед. муттахид на дар сухан балки дар амал бедорфикри ва озодандешии хакии шавед. Эй миллат шумо кучоро нигох мекунед, ки фарзандатон мухочир, дуздонаттн вазир ва каллобонатон нозиранд..... Шумо бояд дар хакикат муттахид ба олами илм ва омузиш ва посдори Ин марзу буми ачдодиатон бошед на сиёсати галат,на хочаи хоричи на каси дигар шуморо нобуд намесозад, то бахси биёед ба алифбоии форси гузарем гинед китоб хонед сирилик лотин ё хуруфи дигарро биёмузед касе шуморо маън накардааст! тараккиёти хакики дар сухан нест дар амал аст!

Ба он "шоири"-и ноаён ва ё дигар газабдоштагон савол дорам. Д.Атовуллоев охир шуморо бадхои накардааст ку...у танхо туйро нишон додааст (ки ин гайриконуни нест), зиёда аз ин бигзор Президен худаш ва ё Пресс-секретараш тавсех дихад ва ё инкор кунад!

ФИРДАВС
Дах сол будай ки ин шоири беватан дар Точикистон будай .Насихатгар боши рав ватанут мушовири президентон шав

Эй руйи хамат сиёх

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)