Бахшҳо
19 июн 2013 10:09Тоҷикистон / Иқтисодӣ

ФАО болоравии нархҳоро пешгӯӣ мекунад

Сиёвуш Қосимзода

Созмони ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) дар гузориши нави худ бо номи "Чашмандози кишоварзӣ дар соли 2013-2022" гуфта, ки дар 10 соли оянда ба далели коҳиши заминҳои муносиб ва кам гардидани манобеи табиӣ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ коҳиш ёфта нархиашон боло хоҳад рафт.

Тоҷикистон барги ларзанда нест?

Тибқи ин гузориш миёнгини рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 1,5 фоизро ташкил хоҳад дод. Аз соли 2003 то 2012 ин нишондод 2,1 фоизро дар сол ташкил дода буд. Аз ин рӯ, коршиносони (ФАО) пешбинӣ мекунанд, ки бо коҳиши рушди тавлид ва афзоиши тақозо дар миёнамуддат, нархи маҳсулоти кишоварзӣ болотар аз миёнгини таърихӣ боқӣ мемонад.

"Нархи боло ангезае барои афзоиши тавлид хоҳад буд ва бояд коре кард, ки кишоварзони фақир тавонанд аз афзоиши нархҳо фоида гиранд. Набояд фаромӯш кард 70 дарсади аҳолии дунё, ки бо камбуди ғизоӣ мувоҷеҳ ҳастанд, дар манотиқи деҳоти кишварҳои рӯ ба тараққӣ зиндагӣ мекунанд", гуфтааст директори генералии (ФАО) Жазе Гратсиану.
Бо таваҷҷуҳ ба рушди аҳолӣ, афзоиши даромад, шаҳрнишинӣ ва тағйири низоми ғизоӣ, истеҳсоли колоҳои асосии кишоварзӣ дар Аврупои шарқӣ, Амрикои лотинӣ ва Осиёи марказӣ боло хоҳад рафт.

Нозим Ишанкулов, директори иҷроияи Маркази бозори озоди Тоҷикистон, ин гуфтаҳоро тақвият бахшида болоравии нархи молҳои истеъмолиро дар оянда ногузир дониста мегӯяд, ки таваррум нархҳои молҳои кишоварзиро дар ҷаҳон афзоиш хоҳад дод. Ҳолати таваррум ҳам замоне рух медиҳад, ки бонкҳои марказӣ пулро бисёр чоп мекунанд аз ҷумла доллару Евроро. Дар ин вазъият Тоҷикистон дар муқобили ин давлатҳо ҳеч коре карда наметавонад, зеро ин ҳуқуқи он давлатҳост. Вале афсус, ки ҳама оқибатҳои манфии ин сиёсати пулиро ҳис мекунад.

"Истеҳсоли молҳои кишоварзӣ ҳам як намуди соҳибкорист, вале маълум аст, ки дар Тоҷикистон шароит барои бурдани фаъолияти соҳибкорӣ хеле нохуш мебошад. Замин ҳам амволи давлатисту барои гирифтани он деҳқон бояд дар идораҳои давлатии мо вақту пул сарф кунад . Зеро ин намуди кор бисёр бюрократӣ аст. Ва ҳар қадар бюрократия зиёд бошад ҳамон қадар низ коррупсия рушд меёбад", гуфт Нозим Ишанкулов.

Ба гуфтаи директори иҷроияи Маркази бозори озоди Тоҷикистон, барои коркарди молҳои кишоварзӣ таҷҳизоти махсус лозим аст. Дар худи Тоҷикистон таҷҳизотҳо бо технологияҳои навзамон тамоман истеҳсол намекунанд ва ҳамаи онҳоро аз хориҷ ворид кардан лозим аст. Мутассифона барои ворид кардани таҷҳизот ҳам бисёр вақту маблағ барои кор кардан бо Хадамоти гумруки Тоҷикистон лозим мешавад.

Дар ҳамин маврид Фирӯз Саидов, иқтисоддони тоҷик, зиёд шудани аҳолии дунё ва таъмини онҳоро бо маводи ғизоӣ аз мушкилоти асосии асри 21 хусусан барои Осиёи марказӣ медонад. Номбурда мӯътақид аст, ки норасоии ғизоӣ дар тамоми дунё ҳис мегардад ва новобаста аз он ки намудҳои нави хурокворӣ истеҳсол мегардад, мушкил ҳамчунон боқист.
"Аҳолии Тоҷикистон сол аз сол зиёд шуда истодаасту аз 8 миллион гузаштааст. Бо ин вуҷуд зиёдшавии аҳолӣ нисбат ба солҳои шӯравӣ камтар аст. Агар то солҳои 1990 ба ҳисоби миёна ҳар сол аҳолии Тоҷикистон 3,8 фоиз зиёд мешуд, имрӯз 2,2 фоиз афзоиш меёбад. Яъне 1,5 маротиба кам шудааст. Инки Тоҷикистон то чи андоза метавонад худро бо озуқаворӣ пурра таъмин намояд бояд гуфт, ки ягон давлати дунё наметавонад ба таври комил худро бо ин мавод таъмин созад", иброз намуд Фирӯз Саидов.

Чин дигару Тоҷикистон дигар

Коршиносони (ФАО) бар инанд, ки кишварҳо метавонанд худро бо маводи ғизоӣ таъмин созанд. Чунончи аз соли 1978 ҳаҷми тавлидоти маҳсулоти кишоварзии Чин 5 маротиба афзоиш ёфт. Миёнгини истеъмол бошад, дараҷаи рушди маҳсулоти кишоварзиро танҳо 0,3 фоиз дар сол убур мекунад, ки озодсозии бахши кишоварзиро дар Чин нишон медиҳад.
Вале табиист, ки тавоноии Чину Тоҷикистон қобили қиёс нест. Аз ҳамин ҷиҳат иқтисоддонон мегӯянд, ки дар сурати вуқуъи болоравии нархи маҳсулоти кишоварзӣ Тоҷикистон на онқадар тавони муқобила бо онро дорад. Иқтисоддон Собир Лутфуллоев бар ин назар аст, ки Тоҷикистон ба далели надоштани захоири молӣ наметавонад аз афзоиши нархҳо ҷилавгирӣ кунад.

Бо ин вуҷуд гуфта мешавад, ки давлатҳо метавонанд танҳо баъзе маҳсулоти озуқаи худро таъмин кунанд, вале пурра наметавонанд. Ба эътиқоди Фирӯз Саидов, Тоҷикистон набояд барои таъминоти худ 5 миллион тон ғалла истеҳсол кунад. Зеро Тоҷикистон дигар маҳсулотҳоро ҳам истеҳсол мекунад. Новобаста аз ин ки 7 фоизи замини кишвар ба кишт мувофиқ асту 93 фоизаш куҳистон аст, хатарҳои мавҷудаи озуқавории чанд соли ахири ҷаҳон барои Тоҷикистон як мактаб шудааст. Чунончи тавлиди ғалла ва дигар намуди маҳсулот таи ин 20 сол дар Тоҷикистон 2-3 маротиба зиёд гаштааст.

Хатарҳо боқист


Муддатҳост, ки коршиносон аз вазъияти соҳаи кишоварзӣ ибрози нигаронӣ мекунанд. Собир Лутфуллоев иқтисоддони тоҷик мегӯяд, ки агар дар солҳои наздик ҳукумат дар бахши кишоварзӣ як ислоҳоти густардае роҳандозӣ накунад, амнияти ғизоӣ дар кишвар зери хатар меравад. Чун аксарияти хоҷагиҳои деҳқонӣ дар қарз ғутта задаанду ҳатто пули барқи пойгоҳҳои обкашониро наметавонанд супоранд.

"Нархи нуриҳои минералӣ ҳам бинобар аз кор мондани корхонаи нуриҳои азотии Вахш хеле гарон шудааст. Агар ин ҳолат идома ёбаду давлат ба кишоварзон ақаллан ягон барномаи қарзҳои бефоизро пешниҳод накунад, соҳаи кишварзии мо дурнамои хубе нахоҳад дошт", изҳор дошт Собир Лутфуллоев.

Иқтисоддонон чунин мешуморанд, ки мушкили озуқаворӣ пеш аз ҳама бо баланд шудани нархи сузишворӣ таносуб дорад. Агар солҳои 2000 як барел нафт 12 доллар буд, акнун 8 маротиба зиёд шудааст. Агар давлат мехоҳад, ки амнияти ғизоии худро таъмин намояд, бояд технологияи нави мавҷуда дар дунёро истифода барад. Истифодаи технологияи нав ҳам пеш аз ҳама ба сузишворӣ вобастагӣ дорад. Барои ҳамин вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва нархи нуриҳои маъданӣ қимати маҳсулот боло меравад.

Инак, ки Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат дохил шудаст, 6 сол мӯҳлат дорад то худро бо стандартҳои ин созмон мутобиқ намояд. Масъала инҷост, ки Тоҷикистон бояд бозори дохилияшро таъмин созаду молҳояш дар бозори дохиливу ҷаҳонӣ рақобатпазир бошад.

Ҳарчанд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои беҳтар кардани оби обёрӣ, амнияти озуқаворӣ ва таъминот бо тухмиҳои ҳосилнокияшон баланд ҷарён дорад, вале бо таваҷҷуҳ ба душвории рӯзафзуни вазъияти озуқавории ҷаҳонӣ иқтисоддонон мегӯянд, ки Тоҷикистон худро пурра бо колоҳои ғизоӣ таъмин карда наметавонад ва маҷбур хоҳад шуд то маҳсулоти истеъмолиро аз дигар кишварҳо ворид кунад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)