Бахшҳо
20 июн 2013 11:04Тоҷикистон / Сиёсат

Пешниҳоди ба додгоҳ кашидани Файзи Олӣ, адвокати Димон

Вакилони мудофеи шинохтаи Тоҷикистон, аз ҷумла Файзиннисо Воҳидова ва Шӯҳрат Қудратов, изҳороти ахири Файзи Олиро дар мавриди нафари таҳти ҳимояташ -- Димон Ашӯров, маҳкум карданд.

Шӯҳрат Қудратов изҳороти Файзи Олӣ, ки зерҳимояаш Димон Ашӯровро яке аз фаъолону саркардаҳои оламии ҷиноии Бадахшон гуфту ҳукми додгоҳро нисбат ба ӯ сабук арзёбӣ кард, “як доғ барои адвокатура дар Тоҷикистон” номид.

Қудратов, ки дар гузашта аз Димон Ашӯров ҳимоя мекард, ҳукми додгоҳро нисбат ба ӯ ноодилона хонд ва изҳороти Файзи Олиро беасос ва мухолифи арзишҳои маънавӣ арзёбӣ намуд: “Файзи Олӣ дар мавриди зерҳимояаш на ҳамчун адвокат, балки муфаттиш мавқеъгирӣ кардааст.”

Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқдони тоҷик, низ изҳороти Файзи Олиро маҳкум карда, таъкид намуд, ки барои чунин гуфтаҳо Димон Ашӯров ҳақ дорад, аз болои адвокаташ ба додгоҳ муроҷиат намояд: “Изҳороти Файзи Олӣ, вакили мудофеи Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев мухолиф ба қонунгузории Тоҷикистон мебошад. Адвокат ҳақ надорад, ба муқобили мавқеи зерҳимояаш баромад кунад. Агар вобаста ба ҳодисаҳои Бадахшон гумонбар худро ҷинояткор наҳисобаду адвокаташ ӯро ҷинояткор хонад, чунин адвокатро ба додгоҳ кашидан лозим. Баромади Файзи Олиро дидам ва ҳаминро мегӯям, ки аз рӯи одоби касбӣ ҳам нест.”

Воҳидова зарур мешуморад, ки “Вазорати адлияи Тоҷикистон як коллегия ташкил кунаду рафтори ҳамин адвокатро баррасӣ кунад. Шояд ба ин адвокат таҳдид ва фишор овардаанд, ки ахиран ба ин изҳорот даст задааст, вале бо вуҷуди ин, ӯ чунин ҳақ надошт.”

Инчунин Воҳидова таъкид намуд, ки зерҳимоя ҳақ дорад, баъзе иттилоъро аз вакили мудофеаш пинҳон дорад.

Файзи Олӣ, вакили мудофеи Димон Ашӯров, ки дар вилояти Бадахшон бо номи қаблияш -- Давлатбек Давлатбеков машҳур аст, рӯзи 19-уми июн дар суҳбат бо “Озодагон” лаҳни шадиди изҳороташ дар мавриди зерҳимояашро шарҳ дода, гуфт, нафари таҳти ҳимояташ зимни тафтишот бисёре аз ҷиноятҳои вазнинро аз ӯ пинҳон доштааст: “Димон Ашӯров бояд ба ман тамоми ҳаракатҳои содиркардаашро баён мекард, то аз нигоҳи ҳуқуқӣ роҳи наҷоти ӯро пайдо мекардам. Ҳатто агар ҷиноятҳои сангин ҳам содир мекард, бояд аз ман пинҳон намедошт. Ин як маҳрам миёни адвокату ҳимояшаванда аст, қонун инро манъ накардааст. Аммо зерҳимояам маро ба гумроҳӣ бурд.”

Файзи Олӣ афзуд, "он айбе, ки мақомот алайҳи Димон эълон карда буданд, аз сад айбаш ҳатто як айбашро ҳам ташкил намедиҳад. Дар ҳоле, ки мо худамонро дар хатар гузошта мақомоти тоҷикро интиқоди шадид мекардем, алайҳи айбдоркунандаи давлатӣ гапҳои сахт мегуфтем ва адолати судиро зери суол бурдему талош мекардем, бегуноҳии зерҳимояаамонро нишон диҳем. Аммо баъдан одамони огоҳи Бадахшон далоил оварданд, ки зерҳимояам аз фаъолони олами ҷиноии Бадахшон будааст.”

Додгоҳи Олии Тоҷикистон аввали моҳи май Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев, ду сокини шаҳри Хоруғро, ки тобистони соли гузашта боздошт шуда буданд, барои 12 ва 14 сол равонаи зиндон карда ва марҳилаи кассатсионӣ ин ҳукмро ахиран бетағйир боқӣ гузошт. Ин ду сокини Хоруғ дар ҷиноёти вазнине амсоли «ташкили иттиҳоди ҷиноӣ», «бетартибиҳои оммавӣ», ва «истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат» айбдор мешаванд.

Дар акс: Файзи Олӣ, вакили мудофеъ (Акс аз торнамои телевизиони "K+")
Мӯҳр
Сотсиалист
Аз "шогирди" Сафарали Кенчаев - "Катании точик" боз чиро интизор шудан мумкин буд? Эх Файзи Оли...

Аз хами омбудсмену адвокати Шерику Димон ягон носфуруши кади кучара намебурдан, як нос мезаду мегуфт: Нос аст ки тороч кунад хонаи гамро,
яксолаву дувоздахсолаву чордахсола аламро!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)