Бахшҳо
21 июн 2013 09:54Тоҷикистон / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, худкуширо тоҷикон дар хориҷа меомӯзанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 20-уми июн, зимни мулоқот бо фаъолони вилояти Суғд баробари зикри дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ, вазъи ҷинояткориро низ дар ин вилоят ба баррасӣ гирифт.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон бо такя бо таҳлилҳо гуфт, дар ҳудуди вилоят ҷиноятҳои аз тарафи гурӯҳҳои муташаккил содиршуда, одамкушӣ, гаравиш ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта рӯ ба афзоиш дошта, ҳолати ошкор нашудани кушторҳо ва тӯлонӣ будани рафти корҳои фаврӣ – ҷустуҷӯӣ мушоҳида мегардад.

Раисиҷумҳур ҳаҷми зараре, ки фасодкорони вилоят аз соли 2007 то ҳозир ба давлат ворид кардаанду Оҷонсии мубориза бо фасод онро ошкор кардааст, 127 миллион сомонӣ арзёбӣ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди нашъаҷаллобӣ дар вилоят афзуд, ки “дар давоми солҳои 2000-2012 ва се моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 8 тоннаву 670 килограмм маводи мухаддир мусодира шудааст, ки 4 тоннаву 170 килограммаш героин мебошад. Дар ҳамин давра 3770 нафар сокинони вилоят барои ҷиноятҳои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, ки аз ин шумора 37 нафарро ноболиғон ташкил медиҳанд. Дар давоми солҳои 2004-2012 ва се моҳи соли равон 728 нафар сокинони вилоят бо ҷурми даст доштан ба интиқоли маводи мухаддир берун аз ҳудуди кишвар дастгир шудаанд.”

Эмомалӣ Раҳмон инчунин аз воридшавии фарҳанги бегона ба ҳаёти осоиштаи халқу миллат ҳушдор дода, таъкид намуд, ки раванди таблиғи аъмоли зишт ва барои фарҳанги миллии мо бегона тавассути расонаҳои иттилоотӣ афзоиш ёфта истодааст: “Мусаллам аст, ки қонунгузории Тоҷикистон озодии виҷдон ва андешаву рафторро кафолат медиҳад, вале ин озодӣ маънои онро надорад, ки фирефтаи арзишҳои фарҳанги ифротгарои бегона шуда, аз суннат ва арзишҳои волои хеш дур шавем. Яке аз чунин амалҳои хатарнок зуҳури ифротгароии диниву мазҳабӣ мебошад, ки айни замон ҷомеаи ҷаҳонро нигарон намудааст."

Раисиҷумҳури Тоҷикистон илова намуд, ки аз соли 2000 – ум то инҷониб дар қаламрави вилоят фаъолияти ғайриқонунии 570 нафар аъзои ҳизбу созмонҳои террористӣ пешгирӣ карда шуда, 130 нафар пешвоён ва аъзои чунин гурӯҳҳо дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд: “Ҳамчунин ҳолатҳои ба созмонҳои террористӣ аъзо шудани даҳҳо нафар сокинони вилоят ошкор гардидааст, ки аз ҷониби аъзои ин созмонҳо дар қаламрави вилоят тайи солҳои 2006 – 2009 –ум 8 ҷинояти махсусан вазнин содир шудааст. 3 адад воситаҳои нақлиёти сабукрави бо моддаҳои тарканда ҷиҳозонидашуда дар наздикии идораҳои маъмурии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ҷойгиркардашуда ёфта ва безарар гардонида шуд.”

Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ дастур дод, ки бар зидди экстремизм ва терроризм чораҷӯӣ намоянд.

Раҳбари Тоҷикистон бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши амалҳои террористӣ ва худкушӣ таъкид намуд, ки чунин амалҳои нангинро ҷавонони мо берун аз кишвар омӯхта, номи худ ва миллатро доғдор месозанд: “Яке аз сабабҳои ба чунин амалҳо даст задани ҷавонон онҳоро бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар гӯё барои таълими динӣ ба мактабҳо ва устодони ноозмуда фиристодани падару модарон мебошад. Аксари онҳоеро, ки имрӯз ба ватан баргардондем, ҳатто ба забони тоҷикӣ хонда ва навишта наметавонанд. То имрӯз 17 нафар ҷавонони вилоят ғайриқонунӣ таҳсилро дар муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ давом дода истодаанд.”

Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони вилоят барои дастгирии сиёсати пешгирифтаи ҳукумат миннатдорӣ намуда, изҳори умед намуд, ки минбаъд ҳам сиёсати сулҳофару созандаро пуштибонӣ хоҳанд намуд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)