Бахшҳо
21 июн 2013 11:37Тоҷикистон / Сиёсат

“Прадо”-и Ш.Хайруллоев, “Кемрӣ”-и Ф.Саидов ва “Максима”-и Асрорӣ

Аксар вазирон ва раҳбарони идораҳои давлатии Тоҷикистон мошинҳои хидматияшонро, ки дар гузашта “Газ-31”-и русӣ буд, бо “Тойота Прадо”, “Тойота Кемрӣ”, “Максима” ва “Ландкрузер” иваз кардаанд.

Ин мошинҳо истеҳсоли Куриёву Ҷопон ва Олмон буда, аз 15 то 80 ҳазор доллар арзиш доранд. Аммо то ҳол рӯшан нест, вазоратхонаву идораҳои давлатии Тоҷикистон барои харидории чунин мошинҳои хидматӣ чӣ қадар пул сарф кардаанду мекунанд.

Бо ин ҳол, хабарнигори “Озодагон” талош кард, навъ ё маркаи мошини хидматии бархе аз вазирони тоҷикро пайдо кунад. Масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон ба хабарнигори мо гуфтаанд, генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев мошини хидматии “Тойота Прадо” дорад, ки танҳо дар вақти корӣ аз он истифода мебарад.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, гуфтааст, “чун қисмҳои низомӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла баландкӯҳҳо ҷой гирифтааст, вазири дифоъ аз мошини хидматии “Тойота Прадо” истифода мекунад.”

Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон, “Ландкрузер” доштааст. Масъулони дафтари матбуоти Вазорати маорифи Тоҷикистон гуфтанд, ин мошини хидматии оқои Саидов барои иҷрои корҳои вазорат истифода шуда, барои корҳои шахсӣ ӯ мошини худашро дорад.

Рустам Менглиев, вазири адлия ва Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, “Тойота Кемрӣ” дошта, Мирзошоҳрух Асрорӣ -- вазири фарҳанг аз “Максима” истифода мекардааст. Чанд соли қабл мошини хидматии Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири молия, ҳам “Максима” буд ва ҳоло маълум нест, кадом навъи мошин дар хидмати ӯст.

Аз ин пештар дар Фейсбук кормандони нашрияи “ИмрӯзNews” акси мошини Абдулло Ёров, раиси ширкати “Барқи Тоҷик”-ро гузошта, қиммати онро на камтар аз 100 ҳазор доллар дониста буданд. Ин акс дар фасли сармо рӯи Фейсбук омада буд, ки он замон аксари кулли сокинони кишвар аз нерӯи барқ маҳрум буданд ва бо вокунишҳои тунди корбарони интернет рӯбарӯ шуд.

Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон, ҳам дар як сӯҳбати худ гуфта буд, ки мошини “Ландкрузер” дорад, ки ҳанӯз соли 2007 харидорӣ шудааст. Вай ҳамчунин илова карда буд, ки барои як рӯзи корӣ даҳ литр бензин дарёфт мекунанд, ки кофӣ нест ва ӯ аксаран бегоҳӣ ё субҳгоҳон пиёда ба кор меояду меравад.

Айни ин гапро бархе дигар аз роҳбарон низ баъзан такрор мекунанд. Вале соли 2009 Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, гуфта буд, ки барои кам кардани харҷи идора онҳо аз хидмати дучарха ё велосипед истифода мекунанд. Ҳарчанд баъд аз ин изҳроту аксбардорӣ бо велосипед, Бег Зуҳуров бо дучарха пайдо нашудааст.

Дар гузашта ҳам мавзӯи мошинҳои гаронқимати вазирон ва раисони тоҷик мавриди таваҷҷуҳи хабарнигорон будааст. Ҳанӯз соли 2007 аз Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулли Тоҷикистон, пурсида буданд, ки дар назди идораи онҳо мошинҳои гаронқимат меистад ва оё маоши онҳо барои харидории онҳо кофист. Ӯ гуфта буд, аксари ин мошинҳоро наздикони онҳо барояшон тақдим кардаанд, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.
Мӯҳр
озод
"аксари ин мошинҳоро наздикони онҳо барояшон тақдим кардаанд, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд", АЧАБ ХЕШОНИ САХОВАТМАНДЕ .

Нарххояшонро хам хисоб накардед? Соли истехсолашонро хам? Максимаи Асрори чи арзише дораду Прадохои дигар?

Макола бисёр хуб аст лекин... Ягон кас напурсид, ки аз кучо ин мошинхоро харидаан. Аз буджаи давлат ё аз буджаи дуздидагиашон !?

Мошини Нуриддин Саидов "Тайота Прадо" аст, ки пештар бо он Абдучаббор Рахмонов мегашт.

Муаллим
Ба хама маълум, аст,ки мансабдорон хамааш ба ришвагири машгул хастанд, агар ришвагир набошанд, аз кучо бо он маоше,ки онхо мегиранд,ин кадар хонахои дабдабаноку, мошинхои киматбахо доранд ва агар гуянд,ки курсиро супор ,тез касали сактаи дил мешаванд.
Барои хамин Точикистон хеч вакт аз бунбасти иктисодиву ичтимои намебарояд. Сабабаш фасодии бенихоят вазнин дар макомотхои давлати мебошад.

Дуруг мегуянд, хамаашон аз хисоби ришвахори сохиби хамаи чиз шудаанд, дигар мардума онхо фиреб дода наметавонанд.

рахмон
э бародар и гапора хама хурду бузурги точикистон медона ки и мошинову бустонсарохои мансабдорон аз хисоби ришвахурии онхо мебошад

Гул Шерали дар хакикат бисёр вакт кор пиёда меравад

аскар
Инхо катрае дар бахр астанд
барои мукоиса сарвазири Британия хамаги 4 мошину 4 мотоцикл дорад дар кортежаш
Гул шерали 3то мошини хизмати дорад - вале шарм накарда мегуяд ки пиеда ба кор меояд...

Фирдавс
Агар президент фармон барорад ки хама вазоратхо ба мошинхои истехсоли Руссия ва Эрон савор шаванд ахволи бучаи давлат хеле хуб мешавад.Мисоли одди раси ширкати холдингии БАРКИ ТОЧИК ЕРОВ ва вазири энержи ГУЛ ШЕРАЛИ агар мошинхои худро иваз кунанд дар ин пул хело симчубхои кишлокчойхоро аз нав кардан мункин аст.Хам ба давлат фоида хам ба мардум аммо афсус

донишчу
Чи хеле, ки дизайни мошини Н.Саидов ин кадар хушру нест. Бароришаш нав асту собик вазир зеботарашро интихоб накарданд. Мумкин ин аз хоксори бошад. Ман медонам, ки устод Н.Саидов хеле инсони хоксору нексиришт хастанд.

шоин
инхо ку вазиранд, сардорони кумита, раесат ва шуъбачахоро бинед.коргарони оддиро намегум

навчавон
мансабдори худотарси боэмон афсус ки дар точикистон хело ва хело кам аз сад якто хаст

пиёда-пиёда аз восеъ
аму кухнохоша биёрен Беморхонахои дехотда тухфа кунед аз оне ки списат мекунед бо як пули ночиз медихед.

Мурод
Гул Шерали аз давраи амвол кор кардан то вазири ба кор бисйор вакт пийода мерафт ва мошини хизматиро барои кор истифода менамуданд, хангоми рафтан ба сохтмонхо,ки то мачлисхои пагох рузи у сангтуда йо рогуна дида меомад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)