Бахшҳо

Шарти Меҳмон Бахтӣ барои ба суд накашидани Тутубалина

Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар як ҳамоиши зиёиёни тоҷик дар Душанбе пешниҳод кардааст, ки алайҳи Олга Тутубалина, муҳаррири нашрияи “Азия Плюс” ба додгоҳ шикоят набаранд.

Меҳмон Бахтӣ 22-юми июн, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ахиран раҳбарони иттиҳодияҳои эҷодию илмӣ дар ҷаласаи муштарак матлаби Олга Тутубалина, таҳти унвони “Неинтеллигентно об интеллигенции”-ро муҳокима карданд ва “ман пешниҳод намудам, ки ба додгоҳ муроҷиатнома набарем.” Раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шарти ин пешниҳодашро дар он гуфт, ки “агар Тутубалина аз зиёиёни тоҷик узрхоҳӣ намояд.”

Ин дар ҳолест, ки қаблан Меҳмон Бахтӣ дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” аз азми қавӣ барои ба додгоҳ кашидани Тутубалина хабар дода, дар шарҳи он афзуд, ки “Вақте вай моро мебахшед, «гуҳ» мегӯяд, чӣ зиёиён бояд хап шинанд? Як нафаре, ки эҳтимол чени нохуни пойи беҳтарин зиёиёни тоҷик хидмат накардааст, ҳамаро ҳақорат кардааст. Вай на танҳо зиёиёни тоҷик балки миллатро таҳқир кардааст. Тасаввур кунед, ки ҳамин хел одам дар ягон кишвари дунё, аз ҷумла Қирғизистон, Туркманистон ё Гурҷистон мебуд ва нисбати зиёиён ҳамин гапро мегуфт, зиёиён вайро пӯст мекарданд ё буз мекашиданд.”

Олга Тутабалина дар матлаби “Неинтеллигентно об интеллигенции” бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид кардааст, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбт ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.

Ин изҳороти Тутубалинаро бархе аз зиёиёни тоҷик таҳқири миллат ва тамоми қишри зиёӣ хонда, изҳор дошта буданд, ки аз болои муаллиф ба додгоҳ муроҷиат хоҳанд кард.
Мӯҳр
Darvesh
Chota ustoda krishash raftay

Девона
Абача чи гапай ита хамат мехохе ай шумо бахшиш пурсанд.

ротгу
Ба хамааш Зайд Саид гунахгор хукумати ШАРМАНДА...............

Озоди
Зиёиёни Точикистон Шумо дар кучоед, ки овоз бадар кунед,вакте,ки хаштод фоизи мардум, рузашонро дар факр мегузаронанд,чавонон хама баъди хатми макотиб ба Руссия ба мухочирати мехнати мераванд,барои он,ки умедашон канда шудааст. Шумо дар кучоед, ки мардум шаш мохи солро дар бебарки мегузаронанд, хамаро фасодиву ришвахори пахш кардааст, роххо пулаки ва сохаи маорифу тандурусти пурра фасодзада шудаанд. Шумо дар кучоед,ки ноадолати,конуншикани аз тарафи мансабдорон руй медихад ,овоз бадар кунед? Зиёиён хозира хама кариб чоплуси хукуматдорон шудаанд. Зиёиёни содику хакчу хастанд,вале хело хам каманд.
Барои хамин, навиштахои хонума Олга Тутубалина сад дар сад дуруст мебошанд.Хакикат хамеша талх мебошад.

донишчу
ба андешаи худ устувор бошед, мухтарам зиёиён

ном Салим
Ой ман гуфта будам,ки кор ана хаминхел ранг мегирад (халабонхо) ба ёдатон расид инкас Хонуми рус хастанд чанобон .
Вай агар узр хохад будаст ......ба хотири хакикат гуфтанаш?
Бовари дорам узрхам напурсад уро бечуну-чаро мебахшед инаш аник !!!

Muallim
Mo to imruz ovozi ziyoiyonro nashunida budem ku . Vaxte ba shaxsiyatashon gap merast hatman manfiati xudro himoyat mekunand . Vaxto suxan az manfiati jomea ravad hama xudro ba nodoni zada misli sandpusht sarashinro zeri taxtasang mekunand.

darvesh
baroi chi dar adabiyotu digaru digar sherhoi Sadi, Hofiz, Bedil va gayraho kadru kimati khudro gum namekunand? Ziyoihoi hozira chi ejod mekunand malum nest. Dar chand soli okhir tanho kitobhoi navi Jovid Mukimro intizor meshavam ki kay az chop baroyadu mutolea namoyam, chunki u bo yak mazmuni khosa menavisad ki khondan bob ast. Digaronham chunin navisand hej kas az inho ru namegardonad.

Сироч
Зиёиёни хакики хомушанд ва хеч давое надоранд .Даъво фактат онхое доранд ,ки дар асл г....анд.

ба навиштаи як зан ки он хам иктибос аст ва ба бархе аз зиеиен мансубият дорад ин кадар шуридан аз барои чи чиз аст чаро вокунише ба масъалахои доги руз намекунед ба монанди бебарки фасод дар хама соха роххои пулаки мухочирони мехнати ки мисли гуломон хам хукук надоранд бархе казияхои сиесие ки фарзандони сарсупурдаи миллатро бо тухмат зиндони мекунанд кани дар ин бист сол ягон асаре е китобе ки ба мардум пешкаш намудеду дархури дарди миллат бошад ва хак бар чониби ин хонум аст ки аз сухани хак натарсида мардонавор бахои чанди шуморо додааст

Ba fikram ziyoi nav fahmid, ki asosi hukuki nest. Tutubalina dar maqola nomi yagon kasro shakhsan yo nomi yagon idoraro, ba misli Ittifoqi navisandagonro hagiriftaast. Ya'ne tarafi ziyondida muayan nest, ki ba dodgoh arz barad. Baroi hamin janobi Bakhti safsata gufta shishtaast.

Ин буду набуди умр бахри хама афсона,
Суде чи ба ман бошад аз молу зари хона.
Худ шуълааму аммо аз шуъла чи таъбире,
Бар шамъ хамезебад чархидани парвона.
Аз химмати волояш машхур бишуд Хотам,
Имруз хамебинам як химмати мардона.
Афтода касе дидам, хар чой гирифтам даст,
Афтода шудам дардо, ёрон шуда бегона.
Бошад зи азал пургам ин олами бадфарчом,
Обод чи сон бошам дар олами вайрона?
Дунё шуда аст имруз аз мову манихо пур,
Мебинаму месузам, к-онхо шуда фарзона.
Кошона калби мо, оростаи маъни,
З-ин ру ту бишав бо мо хамсухбату хамхона.
Хомуш бинолад дил андар кафаси сина,
Монанд шуда холам бар гесуи бешона.
Ай сокии фарзона, боз о тарабе орой,
Берун кунам аз дил гам бо шеваи мастона.
Барбанд дахон, Раъно меъмор агар набвад,
Маъмур намегардад девору дари хона.
Ман чанд карат дар фишор ва гамдоданхои гурухе монда будам аз Устод имдод пурсидам гуфтанд дида мебароем Диданашон хеле тул кашид ва корхои ман аз назархо дур монд Боз барои ин Ватан то мурдан идомаи кор дорам Шояд Устод садои маро мешунида бошан

Зане ки одоби сухангуйи надорад натанхо нафратовар аст балки хиси бадбинии мардонро бавучуд меорад. Офарин ба шахсоне ки бо чунин зани кабехсухан ва аз фархангу маданият дур кор мекунанд. Олга обуруи худро хамчун журналист бо тахкири зиеиен аз даст дод ва шарманда шуд.

Иброхим
ЯК ДУХТАРИ БОСАВОД МЕТАВОНАД КИ САД МАРДИ БЕСАВОДИ ТОЧИКРО, КИ ШАБУ РУЗ ХУШОМАД МЕГУЯНДУ АЗ ДАРДХОИ МИЛЛАТИ ХЕШ ДАР КАНОРАНД, ТАШНА БА ЛАБИ ОБ БУРДА БИЁРАД

парвиз сугди
Олга Тутубалина аз ягонтои шумо зиёихо узр намепурсад ин чо гунохи Олга Тутубалина нест

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)