Бахшҳо
24 июн 2013 08:58Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Олга Тутубалина: “Аз ҳеч кас маъзарат нахоҳам хост”

Олга Тутубалина, муҳаррири ҳафтаномаи “Азия-Плюс”, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, барои нашри матлаби “Неинтеллигентно об интеллигенции” аз ҳеч кас маъзарат нахоҳад хост. Чун ба гуфтаи ӯ, “касеро таҳқир накардаам ва ҷое барои маъзаратхоҳӣ намебинам”.

Аз ин пештар, рӯзи 22-юми июн, Меҳмон Бахтӣ -- раиси Иттиҳоди нависандагони Тҷоикистон гуфта буд, ахиран раҳбарони иттиҳодияҳои эҷодию илмӣ дар ҷаласаи муштарак матлаби Олга Тутубалина, таҳти унвони “Неинтеллигентно об интеллигенции”-ро муҳокима карданд ва “пешниҳод намудам, ки ба додгоҳ муроҷиатнома набарем.”

Раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон шарти ин пешниҳодашро дар он гуфт, ки “агар Тутубалина аз зиёиёни тоҷик узрхоҳӣ намояд.”

Олга Тутабалина дар матлаби “Неинтеллигентно об интеллигенции” бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид кардааст, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбт ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.

Ин изҳороти Тутубалинаро бархе аз зиёиёни тоҷик таҳқири миллат ва тамоми қишри зиёӣ хонда, изҳор дошта буданд, ки аз болои муаллиф ба додгоҳ муроҷиат хоҳанд бурд.
Мӯҳр
Баха 83
Так держать Оляхон...

озод
Ин хонум , точик нест . Мехмон Бахти "пусти шуморо меканад" бо дигар зиеиенат . худатон бахшиш мепурсед акнун аз у.

ПАРВИЗ СУГДИ
БА ЯГОН КАС САР ХАМ НАКУН Олга Тутубалина ту гапи хакро гуфти хак хак аст офарин

Довуд
Офарин Олга!!! Хакикатро гуяду боз рафта аз онхо, дар ном зиёиён ,маъзарат пурсад? Чанобон ин рузноманигори хакгуй, дарду гами мардумро гуфта истодааст. Зиёиёни асил бояд хамеша бо халк бошанд ва камбудихову ноадолатихои чомеъаро ба хукуматдорон расонанд.Зиёиёни точик ба монанди мохи,хомуширо ихтиёр кардаанд.

Нашрияи азиз ва мӯҳтарам, агар имконият бошад ҳамин маводи маро алоҳида чоп кунед. Охир ҳамаи мо зиёӣ (интеллигенсия) ҳастем. Агар ҳамин суханони қабеҳро Олга Тутубалина неву Умед Бобохонов мегуфт, инқадар сахт таъсир намекард.

Ҳамаи ин сару садову валвала, ки ҷумҳуриро такон дода истодааст, "аз баракати" баргаштани Бозор Собир аст. Ин шоири моҷароҷу ба куҷое "ташриф оварад", онҷо ҷанҷолу дилсиёҳӣ бармехезад.

Аз тарафи дигар, О.Т. ки, ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон, ақаллан ду калимаи тоҷикиро дуруст талаффуз карда наметавонад, чи ҳақ дорад ба шоири тоҷик Б.Собир дармеафтад! Шарҳҳои компютерро оиди ин мавзӯъ хонда, таъбам хира шуд: ҳамаи онҳо тарафдори О.Т. Пас, куҷои онҳо тоҷиканд? Дарҳақиқат ин мардум ба тарбияи миллат ва ватандӯстӣ сахт ниёз дорад!

Чанд моҳ пеш як шоумени ТВи рус нисбат ба халқи Украина чи сухани ноҷое зад. Тасаввур мекунед, аз парлумон сар карда, то тамоми украинҳо ӯро маҳкум карданд.

Инҷо бошад, як рӯзномачии рус суханони таҳқиромезро нисбат ба халқи тоҷик (зиёиён қишри калони мардуманд) ба худ иҷозат медиҳад, ва ин бори аввал нест. Ба ҷои онки парлумон ва мардуми тоҷик ӯро маҳкум карда, ба ҷазо бикашанд, касеро аз ин парвое нест. Ин дафъа "НАША РАША" дар худи Тоҷикистон такрор шуда истодааст! Худоё, аз ин падидаи нангин забонам лол мемонад, намедонам чӣ гӯяму чӣ нависам? Инқадар ғуломсифатӣ аз кадом давру замон ба хуни тоҷикон сироят карда бошад? Магар дар парлумони Тоҷикистон зиёиён неву деҳқону мӯзадузон нишастаанд????

Дақиқ ҳаминқадарашро медонамки, агар ҳамин гуна як рафтори густохона аз тарафи ягон рус дар Гурҷистон, Ӯзбакистон ё дар Эстония, Латвия, Литва (ҳама собиқ ҷумҳуриҳои СССРанд) сар мезад, ӯро фавран ҷазо дода, рӯзномаашро мебастанд, ки аз таваллуд шуданаш пушаймон мешуд. Ҷойи тааҷҷуб ҳам нест, зеро дар он мамолик халқи бумӣ бо нангу номӯсанд ва бегонагон зидди онҳо ҳаққи сухангӯӣ надоранд! Тоҷикон дар ватани худ ҳанӯз солҳои Шӯравӣ сиёсатро аз даст дода будан ва ин тарсуӣ ҳоло ҳам давом дорад. Бегонагон аз ин беҷураътӣ сӯиистифода мекунанд. Мана, натиҷааш! Агар ин "рӯзномачии" ГУСТОХ ҷазо нагирад, шерак шуда, рӯзе чизҳои аз ин ҳам бадро интишор хоҳад кард.

Банда аз дигар чиз озӯрдаам. "Азия+" ро ҷавонмарди тоҷик, хатмкунандаи факултаи шарқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, журналисти варзида, УМЕД БОБОХОНОВ, таъсис додааст. Илова бар он, дар ин ҳафтанома тоҷикони зиёд кор мекунанд! Чаро онҳо ба нашри ин мақолаи таҳқиромези О.Т роҳ доданд, ин худ як муаммост! Магар онҷо сензураи дохилӣ нест? Касе нест, ки гӯяд: "Ҳой, фалонӣ, ту чиҳоро нависта истодаӣ? Охир, худи мо, журналистон низ ба гурӯҳи интеллигенсия дохил мешавем?" Ё Умед Бобохонов ва дигар тоҷикон "Азия +" алъон "семичкафурӯш" шудаанд? Минбаъд зиёии тоҷик нестанд? Акнун бояд ҳамаашон посӯх бигӯянд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)