Бахшҳо

Даъвати бемаънӣ: “Тоҷикистон ниёз ба ягон ҳизб надорад!”

Чунин ба назар мерасад, ки ин нуктаи ғалат гӯиё тезиси аслии барномаи пешазинтихоботии ҳукумат бошад.

Аслан чунин як хитоб хатои маҳз аст. Зеро яке аз рукнҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ, ки гуногунандешист, бо баёни ин ҷумла куллан инкор мегардад.

Мо дар ду ҳолат шоҳиди танинандоз шудани чунин шиорҳое гардидем: вақте шоир Бозор Собир ба Ватан баргашт ва паёми аслияш ба мардуми кишвар ҳамин нукта буд ва, инак, бо раҳо шудан аз зиндон домулло Сироҷиддин низ чунин «фатвое»-ро содир кардааст.

Маълум, ки дар ҳолати аввала (Бозор Собир) манзур аслан Ҳизби наҳзати исломист, зеро қаблан низ шоир бо ин нерӯ, дақиқтараш дини мубини Ислом ихтилоф дошт ва дорад. Дар мавриди дувум (домулло Сироҷиддин) зоҳиран манзур гурӯҳ ва ҳизбҳои экстремистиянд, аммо дар асл баёния хеле решадор ва ҳадафмандона садо медиҳад.

Ба назари банда, ин ашхос чандон ҳуқуқи маънавии қазоват кардан дар ин мавзӯъро соҳиб нестанд. Зеро итминон дорам, эшон донишҳои бунёдиеро дар хусуси зарурат ва ҷойгоҳи ҳизб дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд фарогир нестанд, вагарна бе дарки масъулият чунин ибрози назар намекарданд. Сониян, Бозор Собир як шоир аст ва шояд фикр мекунад, ки дар арзёбии ҷойгоҳи ҳизб метавон тахайюли комилан озод дошт. Домулло Сироҷиддин бошад, ҳарчанд ҳамчун нафари ислоҳшуда аз зиндон раҳо гардидааст, аммо боз ҳам хато мекунад. Чун ба ҳизб сирф аз назари шаръӣ баҳо медиҳад.

Мо бошем дар ҷомеаи дунявӣ ва ҳуқуқбунёд зиндагӣ ва амал менамоем, ки Қонуни асосии он кафолати таъсиси ҳизб ва фаъолияти онро додааст. Чаро мо гумон мекунем, ки ин ҳарду ҳолат ҳалқаҳои як занҷиранд ва ба мавқеи ҳукумат наздикӣ доранд? Зеро дар ҳарду маврид низ баёнияҳо пас аз лутфи мақомоти расмӣ нисбати ин ашхос садо додаанд.

Нуктаи ҷолиби дигар ин аст, ки пас аз садо додани ин баёнияҳо, дар ҳарду маврид ҳам расонаҳои расмӣ бо шарушӯри махсус ба ин мавзӯъ печидаанд. Як далели дигар ҳам ин аст, ки дар Facebook чандин нафар аз кормандони расмии ҳукумат ин баёнияҳоро хеле хуш пазируфта, «лайк»-ҳои сершуморе мегузоштанд ва барои хондани дигарон тавсияҳо низ медоданд.

Биёед, ин даъвату «фатвоҳо»-ро ҷиддитар мегирем ва тасаввур менамоем, ки магар давлати Тоҷикистон метавонад бе ҳизби сиёсӣ бошад? Ё инҷо истисное ҳаст? Барои мисол ба ҲХДТ? Агар чунин аст, наход моро хумори яккатозии Ҳизби коммунисти Шӯравӣ гирифта бошад? Оё чунин орзу ё пиндор то куҷо воқеист? Ё Худое накарда, кадом гурӯҳе воқеан мехоҳад, ки Тоҷикистон расман ба як кишвари тоталитарӣ табдил гардад? Ё ин даъват чун ҳамеша як шиоре беш нест? Бигзор як шиори фиребандае бошад, аммо наход мо то ин ҳад дар бунбаст қарор гирифтаем, ки ҳадди ақал дигар шиори дурусте ҳам гуфта наметавонем? Наход дар ҳукумат як политтехнологи қавие нест? Итминони комил дорам, ки агар ҳукумат бо мардум наздик мешуд, даҳҳо ҷавони воқеан донишманд ва фидоие ба сафи он холисона мепайвастанд ва дар таҳияи барномаҳои муҳими пешазинтихоботӣ саҳм мегузоштанд. Ман ба ин андешаам ва эътимод дорам, зеро барои аксари мардум фарқ надорад, ки дар сари қудрат Алӣ ҳаст ё Валӣ, ҳар касе ҳам, ки бошад, муҳим бо мардум бошад, барои ӯ хидмат намояд.

Инҷо мехоҳам як нуктаро махсус таъкид намоям. Чун маъракаи интихобот шурӯъ мегардад, дар ин раванд ҷавонон барои мову Шумо набояд танҳо ҳамчун «волонтер» истифода шаванд! Зеро имрӯз дар ҷаҳони муосир собит гардидааст, ки асоси рушду нумуъи илму техника, тиҷорату иқтисод ва саноат, санъату ҳунар ва умуман сиёсатро, ки фарогири ин ҳама соҳаҳост, тозакориву ташаббускориҳои ҷавонон таъмин менамоянд. Бисёр мехостам дар ин маврид шахсан донам, ки барои мисол, созмони «Созандагони Ватан» (ҷузъи ҲХДТ) барои барномаи пешазинтихоботии номзадашон махсусан кадом мавзӯъ ё нуктаҳои муҳимеро омода кардаанд? Яъне, мо дигар набояд танҳо иҷрокунандаи амри бузургон бошем, балки пешниҳоди фикру андешаи тоза аслан хусусият ва рисолати ҷавонон аст!

Як нуктаи муҳими дигар. Аз назари баъзе доираҳои расмӣ, яке аз сабабҳои нобасомониҳои солҳои 90-уми асри гузашта ҳамин даъвату фатвоҳои зидду нақизи шоиру муллоҳо будааст. Пас, бо гузашти ин ҳама солҳо, Худое накарда, магар мо тақозои такрори таърихро менамоем??? Оё хубтар нест, ки бо забони асри навин сухан гӯем? Ҳама ҳизбҳои расман амалкунанда, аз ҷумла ҲХДТ, ки бояд номзади худро дар интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ пешниҳод созад, бо як баёнияи бемаънӣ инкор насозем.

Далери ҒУФРОН,
махсус барои “Озодагон”
Мӯҳр
Муаллим
Чомеъаи демократи,яъне мардуми, хамеша дар чомеъа бисёр хизбиро талаб мекунад. Нафаре,ки мегуяд,ки барои мо хизбхои бисёр нодаркор хаст,онхо то хол намедонанд ва ё сарфахм намераванд, ки маънои демократия чист. Онхо бо ин гуфтахояшон,ки аслан дар Сарконуни Точикистонн(моддаи1)дарч гардида аст,ки Точикистон давлати демократи ,сохибистиклол,хукукбунёд ва дуняви мебошад, нуфузи Хукуматро дар чомеъаи байналмиллали паст мезананд.

Набошад мо инчунин ниез ба хизби ХАЛКИ ДЕМОКРАТИИ ТОЧИКИСТОН хам надорем!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)