Ширинбеков сармураббии нави “Истиқлол” таъин шуд
Олег Ширинбеков, собиқ ҳимоятгари дастаи пуровозаи “Помир”, сармураббии нави дастаи “Истиқлол”-и Душанбе таъин шуд. Ин мутахассиси 49-сола дар ин маврид бо раҳбарияти бошгоҳи “Истиқлол” қарордод имзо кардааст.
Олег Ширинбеков 17-уми июли соли ҷорӣ дар “Истиқлол” ба кор оғоз ва бозигаронро ба даври дувуми бозиҳои қаҳрамонии Тоҷикистон омода хоҳад кард.
Ширинбеков соли 1963 дар ноҳияи Шаҳринав таваллуд шудааст. Устоди варзиши СССР (1987) буда, карйераи худро аз “Орзу”-и Шаҳринав оғоз бахшидааст. Ӯ соли 1984 ба “Помир”-и Душанбе пайваста, ҳимоятгари ин даста буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |