Шӯрои уламо гуфт, моҳи Рамазон 9-уми июл оғоз меёбад
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво, эълом кард, ки моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон субҳи 9-уми июл оғоз меёбад. Ҳоҷӣ Неъматуллоҳ, як масъули Шӯрои уламо дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар ҷаласаи рӯзи сешанбе (2 июл)-и Шӯрои уламо ин сана дақиқ гардидааст.
Ин дар ҳолест, ки қабл аз эълони Шӯрои уламои Маркази исломӣ тақвимҳое ба фурӯш баромада буданд, ки бино бар онҳо низ рӯзи аввали моҳи Рамазон 9-уми июл таъин шуда буд. Аммо Шӯрои уламо ин тақвимҳоро сохта ва ғайрирасмӣ донист ва гуфт, афроде ки онро чопу паҳн кардаанд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
“Имрӯз тақвими дақиқи Рамазон бо вақти маҳаллӣ таҳия карда мешавад ва фардо аз тариқи паҳнкунандагони пешкаши ҷамоатҳо ва аҳолии кишвар паҳн када хоҳад шуд”,-афзуд Ҳоҷӣ Неъматуллоҳ.
Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамар ба ҳисоб рафта, дар тақвими исломӣ баъд аз моҳи шаъбон ва қабл аз моҳи шаввол меояд. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Соли гузашта дар Тоҷикистон моҳи Рамазон 20-уми июл оғоз гардида, иди Фитр 19-уми август таҷлил шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |