Нигаронии генерали тоҷик аз фаъолшавии экстремистон дар Фейсбук
Ҷурахон Зоиров, генерали Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷумҳурӣ раванди нави киберҷинояткорӣ ва таъсир ба амнияти иттилоотӣ тавассути шабакаи Фейсбуку дигар сомонаҳо майли афзоиш дорад.
Зоиров, ки рӯзи 2-юми июл дар ҳошияи конференсияи минтақавӣ оид ба проблемаҳои ҷиноятҳои кибернетикӣ, бо хабарнигорон суҳбат мекард, изҳор дошт, ки дар пасманзари ҳаводису нооромиҳо дар ҷаҳони араб ашхосу гуруҳҳои алоҳидаи террористию эктремистӣ барои ташвиқи ғояҳояшон тавассути сомонаю шабакаҳо, ҷумла Фейсбук фаъол шудаанд. Ӯ афзуд, ки барои ҷилавгирӣ аз ин раванд мутахассисонро сафарбар кардаанд. Ба гуфтаи генерали тоҷик мутахассисон дар Чин, Русия ва дигар кишварҳое, ки дар бахши мубориза бо киберҷинояткорӣ пешрафтаанд, омода мешаванд.
Ҷурахон Зоиров мегӯяд, дар пайи санҷиш муайян кардаанд, ки дар паси бархе аз сомонаҳо, аз ҷумла irshod.ru ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ меистанд, ки дар талоши дахолат ба вазъ дар Тоҷикистонанд. Генерали тоҷик мегӯяд, бо такмили малакаи мутахассисон муборизаро дар ин самт густариш медиҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |