Бахшҳо

Ҳиҷоб: Либоси исломӣ, ё худнамоӣ?

Галина ЮНУСОВА

Чанд рӯз мешавад, ки баҳс дар бораи як матлаби Лола Насриддинова -- “Дар бораи латтапорае, ки нерӯ дорад” дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷараён дорад. Суоли аслии ин баҳс якест – “зани мусулмон бояд бар сараш рӯймол бибандад, ё не?”

Ҳарчанд Тоҷикистон бар асоси Қонуни асосияш кишвари демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст, аммо дар асл чунин набудаву нест. Дар Тоҷикистон қонунҳои нонавиштае амал мекунанд, ки ҳатто аз Қонуни асосӣ ҳам ҷиддитар риоя мешаванд.

Барои мисол, дар банди чоруми “Қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динии Тоҷикистон” хуб навишта шудааст, ки ҳеч кас ҳақ надорад, ба виҷдону дини шахс дахолат кунад. Дар он ҷо боз таъкид шудааст, ки ҳеч нафаре ӯҳдадаор нест, дар бораи дину арзишҳои мазҳабии худ ба касе ҳисобот диҳад. Яъне, ҳар нафаре, ки ба дину арзишҳои диниии нафари дигар фишор меорад, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд.

Роҳбарияти дилхоҳ донишгоҳи Тоҷикистон метавонад донишҷӯйдухтарро барои бастани сатр ва ё пӯшидани ҳиҷоб аз донишгоҳ хориҷ кунад. Магар роҳбарияти донишгоҳ чунин ҳақро дорад? Агар дорад, онро аз куҷо пайдо карда ва он дар куҷо зикр шудааст?

Ҳар кас мувовиқи бардошти виҷдонаш, мувофиқи ақли худаш ва арзишҳои динии худаш бояд либос бипӯшад. Нафаре рӯймол, нафари дигаре сари урёнро меписандад. Аммо ин масъала масъалаи печидаву ҷиддист. Бисёриҳо гумон мекунанд, ки пӯшидани ҳиҷоб барои худнамоӣ аст, на бештар аз он. Бо ин фикр ҳам метавон то ҷое розӣ шуд. Чун имрӯз бисёре аз сатрпӯшҳоро мебинем, ки дар дараи Варзоб роҳат нимурён мегарданд. Аммо нафароне ҳастанд, ки содиқона ва самимона бо арзишҳои динии худ муносибат мекунанд.

Аз ин рӯ бармеояд, ки ҷомеа якранг нест. Барои пӯшидани либос, тарзу рангу дарозии он мо набояд саргардон шавем. Такрор шавад ҳам мегӯям, либоспӯшӣ кори шахсии ҳар як шаҳрванди кишвари мост. Ҳар либосеро, ки шахс қабул дорад, онро бояд бипӯшад. Ҳиҷоб буд, ҳаст ва хоҳад монд, чунки он аз талаботи дини Ислом аст.


(Мухтасар аз забони русӣ ба тоҷикӣ баргардон шудааст)
Мӯҳр
Апаи Галина ЮНУСОВА маладес! Эй кош давлатдорони мо хам монанди шумо мефахмиданд...

Дуруст аст, ки тибки конунхои ЧТ чи гуна пушидани либос кори шахсии хар як шахс мебошад. Аммо як чизро бояд дар назар дошт, ки агар ки Шумо худро атеист медонед биравед чи хеле ки дилатон мехохад хамон хел либос пушед. Аммо агар Шумо худро мусулмон мехисобед, мусулмон тарзи хоси либоспушии худро дорад. Агар имон дошта бошед пас хадде ки худо муайян кардааст нигох хохед дошт ва агар не метавонед урён гардед, агар боз шуморо ба девонахона набаранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)