Бахшҳо

Чаро ба ваҳдати комил нарасидем?

Сайфулло Сафаров, муовини раиси МТС

Ваҳдат ин як раванд аст ва комил шудани он хеле вақти зиёдро талаб мекунад. Вай зина ба зина такмил хоҳад шуд. Ин як раванде ба монанди пухтани ош дар як вақти муайян нест, нигоҳ доштани ваҳдат як падидаи иҷтимоии хеле мураккаб аст. Масъалаи комил кардани он вазифаи на танҳо мо, балки наслҳои оянда ҳам ҳаст. Ноумед шудан даркор нест, ки имсол ваҳдат комил мешавад ва соли оянда дигар ҳеч коре барои комил кардани ваҳдат намемонад. Ин хел фаҳмиш хеле хатост.

Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ, таҳлилгари масоили сиёсӣ

Ваҳдати комил вуҷуд надорад ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад. Зеро ягон чизи саддарсад комил вуҷуд надорад. Ваҳдати миллӣ одатан дар атрофи ягон масъалаи мушаххас мешавад. Масалан солҳои 90 масъалае, ки мардумро муттаҳид мекард ин масъалаи ҳарчи зудтар хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ буд. Масъалаи дигар татбиқи созишномаи сулҳ ва баъд аз он ба ҳам овардани кишвари порашуда ва ба ҳамоварии фазои таҷзияшудаи ҳуқуқӣ. Сари ҳар лаҳза мушкилоти зиёд пайдо мешавад ва бо рафъи ин мушкилот метавон ваҳдати миллиро мустаҳкамтар кард. Ягона роҳи дурусти ин мушкилот гуфтугуи умумимиллии муназзам ва доимӣ дар атрои муайян намудани мушкилот ва рафъи онҳо дар ҷумҳурист. Бо ҳамин гуфтугўҳо байни тарафҳои даргир роҳи кишвар боз гардид. Давомнокии ваҳдати миллӣ ингуна гуфтугуҳоро тақозо мекунад.

Амният Абдуназаров, муовини раиси ҲСДТ

Аз демократия ва ваҳдат дар Тоҷикистон ному нишоне нест. Ҳама чиз ба авторитаризм ғўтида аст ва далолати он дар муддати 21 сол дар сари қудрат будани як ҳизб ва як фард аст. Ҳар даме, ки аз ваҳдат сухан мегӯянд, ин рамзи вуҷуд надоштани он аст. Ба монанди дигар вожаҳое, ки дар қонуни асосӣ ҳаст минҷумла соҳибихтиёриву демокративу ҳуқуқбунёдї. Ҳукумату расонаҳои давлатӣ иддао мекунанд, ки ваҳдати мо боиси ризоят дар ҷомеа аст, вале он амалҳои махсусе, ки дар ҷумҳурӣ баъзан амалӣ мекунад нишонаи муносибати сарди ҳукумат бо мардум аст. Ба касе пўшида нест, ки роњбарии бештари вазорату раёсатҳо ва ноҳияҳо дар дасти зодагони як маҳалланд. Ин худ нишонаи он аст, ки дар Тоҷикистон аслан ваҳдат вуҷуд надорад. Замоне, ки ҳукумат бигӯяд амалиётҳои махсус барои ҳароси мардум гузаронида мешавад, пас аз ваҳдат гуфтан ин найранг аст. Ман вазири дифоъро дар назар дорам, ки боре гуфта буданд, ки ин барои тарсонидани мардум буд. Ваҳдат онвақт пайдо мешавад, ки дастрасии шаҳрвандон ба имкониятҳо баробар бошад. Дар ҳадис омадааст, ду тоифа ҳаст, ки агар солеҳ бошанд ҳама ба солеҳ оянд ва агар фосиқ бошанд ҳама ба фасод гароянд. Агар инҳо пок бошанд кулли мардум пок мешаванд.

Мўсо Асозода, коршиноси масоили сиёсӣ

Асоси тамоми пешравии тамоми ҷавомеъ ин аст, ки қишрҳои гуногуни ҷомеа байни якдигар муносибати хуб дошта бошанд. Мухолифатҳо дар ҷомеаи тоҷик вуҷуд дошта метавонад вале ин мухолифатҳо бояд мусолиматомезона бошаду барои пешравии ҷомеа мусоидат кунад. Дар ҷомеаи мо низ имконияти вуҷуд доштани мухолифатҳо байни қишрҳои гуногуни ҷомеа аз имкон берун нест, зеро талаботи худи ҷомеаи демократӣ ҳамин аст ва бояд чунин бошад. Агар ҳама ба якчӣ розӣ бошанд онгоҳ пешравии ҷомеа аз имкон берун аст. Ҳар тараф фикру андешаи худро дар ҷомеасозӣ дорад ва ин чизро набояд инкор кард. Инки мухолифин аз сулҳи ба даст оварда дар мавридҳои алоҳида норозигӣ баён мекунанд, муҳимияти худро гум намекунад.

Ҳикматуллоҳи Сайфуллозода, сухангӯи ҲНИТ

Вақте мо давраи интиқолиро аз соли 1997 ба 2001 гузаронидему гӯё мо рӯ ба ваҳдат овардем, ин истилоҳ аз ҷониби сарвари давлат матраҳ гардид. Вале ҳеч ҷонибе ҳатто як фарде гумон намекунам, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон бо асли калима мухолифат дошта бошад, ки чи мантиқ дораду чи чизҳое мавриди назар бошад, ки мо бояд ваҳдат дошта бошем. Барои ҳамин мутаасифона агар имрӯз ҷониби дигаре мегӯяд, ки дар ҷомеаи мо комилан ваҳдат побарҷост, банда чандон бо ин фикр розӣ шуда наметавонам. То ҷое ваҳдат дорем то якдигарро бишносем, инки ӯ кист, аз кадом тараф аст ва чї мехоҳад. Ин Саволҳое, ки ман матраҳ кардам дар зимн бисёр ҷанбаҳои манфӣ дорад. Ҳамингуна шинохтҳо ҳамон доираро савқ додаанд, ки ҷониби дигарро ба таври манфӣ бишносад. Агар ингуна савқдиҳиҳо дар афкори ҷониби дигар ҳаст чигуна мо метавонем бигӯем, ки миллати мо ба ваҳдат расидааст? Ман наметавонам иқрор кунам, ки ҳамаи ҷанбаҳои ваҳдатзо коршоям шудаву миллатро ба ваҳдат овардаанд. Вақте ниҳодҳои низомиву амниятиву ҳуқуқӣ бо намояндаи ҷонибе муносибати ноҷо мекунанд агар дар пояи қонун бошад ҳеч кас баҳсе надорад. Аммо бештар таҳмилкарданҳо дида мешавад, ки гӯё ин ҷониб пайваста бо чизе мухолифат дорад. Бале ман ба раванди кор мухолифат дорам, вале мухолифати ман ба маънои душманӣ нест. Дар ин марҳилаи ҳассос, ки ҷомеа ба интихоботи ҳассос рӯ овардаасту намегузоранд касе дигаре дар минбари сиёсат матраҳ шавад, бо ингуна муносибат аз кадом ваҳдат мо метавонем сухан бигӯем. Дар мо ваҳдатро дар атрофи раёсатиҷумҳур мебинанд. Яъне ҷуз раисҷумҳур касе дигаре нест, ки ин миллатро ба ваҳдат биёварад. Ман мақомро истисно намекунам ва мақом бояд ваҳдатзо буда он нафаре, ки раъйи мардумро мегирад ҳақ дорад, ки ваҳдати комили миллатро ба вуҷуд оварад. Вале таҷрубаи 20 сола нишон дод ингуна чеҳаре, ки миллатро ба ваҳдат биёрад, мутаасифона набудааст. Пас бояд интихобот битавонад, ки дар заминаи демократӣ сурат бигирад ва миллат онеро интихоб кунад, ки дар ин марҳилаи ҳассос метавонад чеҳраи миллӣ дошта бошаду мардумро ба ваҳдат бирасонад.

Ҷура Юсуфӣ, коршиноси масоили сиёсӣ

Акнун, ки мо дар остонаи 16-умин солгарди созишномаи сулҳ қарор дорем бояд биандешем, ки оё ин ваҳдати бо ин қадар талафоти ҷониву молии моро чи таҳдид мекунад. Барои ваҳдати миллї мо пеш аз ҳама омилҳои дохилие ҳастанд, ки онро халалдор месозанд аз ҷумла маҳалгароӣ, ки раҳбари ташкилоте кӯшиш мекунад то ҳамдеҳаҳову хешутаборони худро новобаста аз соҳибкасб будан ё набудани онҳо ба кор гирад. Маҳалгароӣ кирмест, ки аз дарун дарахти тавонманди миллатро мехурад. Омили дуввум гароиши ҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъа, ки дар Тоҷикистон хеле фаъоланд. Ин гуруҳҳо бо дунбол кардани ҳадафҳои дигар кишварҳо мехоҳанд ваҳдати миллии моро халалдор кунанд. Дигар инки ҷанбаи маҳалгароии ҳизбҳои сиёсии мо аз ҷанбаи умумимиллӣ бештар аст. Ягон ҳизби умумимиллӣ надорем. Ман ҳизбгароиро метавонам як таҳдиде ба ваҳдати миллӣ ҳисоб кунам. Мо ҳама мехоҳем ваҳдати мо комилтар шавад ва барои ин омилҳои хатарзои онро бояд ҳарчи бештар каср намоем ва муқобили он ҳамдиливу якпорчагии худро бигузорем.

Иззат Амон, раиси Иттиҳоди ҷавонони Русия

Мо ба ваҳдат расидем, вале то кадом андоза комил будани ин ваҳдат аз худи мо вобаста аст. Агар раванди сулҳро таҳлил намоем, дарк кардан мумкин ки тарафайн созишномаҳоро ба таври изтирорӣ имзо карданд. Ҷониби мухолифи ҳукумат бидуни кадом мушаххасот розӣ ба сулҳ буда, имзои худро гузошт. Яъне шарту шароити сулҳ, ки дар аввал мавзуъи баҳси тарафайн буд, бо гузашти чанд соли музокирот хеле аз талаботҳои ҷониби мухолиф бардошта шуд. Тарафайн собит карданд сулҳ ба ҳар унвоне, ки набошад аз ҳама масъалаҳои дигар муҳим ва заруртар аст. Хуб созишнома имзо шуду иттиҳод сурат гирифт. Баъдҳо дар ростои татбиқи бархе аз бандҳои созишнома норозогии тарафи мухолиф пеш омад. Зеро ваъда дода шуда буду қарор гирифта шуда буд, вале баъди барқарории сулҳ касе дунболи амалӣ шудани бандҳои муҳими созишнома нашуд. Ҳама бар ин буданд, ки дигар ҳеч мушкиле пеш нахоҳад омад. Вале бо гузашти солҳо ва бардоштани баъзе аз масоил оиди созишномаи сулҳ дидем, ки мушкил пеш омад. Мушкил ин буд ки як ҷониб ҳама маҳсули сулҳро ба фоидаи худ даровард. Чунин ба назар мерасид, ки гӯё як тараф ҳам ҷанг карда бошаду ҳам сулҳ. Ҷониби дигари сулҳ аз ин раванд норозӣ буд ва ҳаст зеро худро дар ин сулҳ саҳим медонад ва дуруст ҳам мекунад. Яъне боз ҳам мавзуъи мавқеъгириҳо пеш омад. Ин амали ношоиста боз ҳам ҷомеъаро ба ду қишр: ҳукуматӣ ва мухолифи ҳукумат ҷудо карда истодааст. Агар ин раванд давом ёбад, бегумон сулҳи мо дучори бӯҳрон хоҳад гашт. Яъне ҳануз ба ваҳдати комил даст наёфтаему ба назари ман ин раванд рӯз аз рӯз бештар шуда истодааст. Сулҳ, ки беҳтарин неъмати илоҳӣ барои бандагонаш ҳасту умдатарин омили рушди кишвар бояд ҳама пойбанди ваъдаҳо буда ин неъмати илоҳиро пос доранд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)