Дар ноҳияи Варзоб зиёда аз 400 мавзеъҳои истироҳатӣ ё худ «фароғатгоҳ» ташкил карда шудааст.
Тозагӣ ва ҳолати санитарии ҳавзҳо ва ҷойи оббозии ин минтақаҳо аз тарафи масъулини соҳа ташхис гардида, назорати ҷиддӣ мешавад. Дар ин бора Талбак Салимов, раиси кумитаи ҳифзи муҳити зист, зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе иброз дошт. Ба қавли номбурда, дар самти корҳои гидрометеорологӣ ва заминҳои моддию техникии стансияҳои обуҳавосанҷӣ пешравиҳо ба назар мерасанд, дурустии пешгӯиҳо бошад, то ба 90% расонида шудааст.
Аз рӯи маълумоти пешакии ин мақомот ва маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон мавсими боронгарӣ дар ҷумҳурӣ пушти сар гардида, боришоти навбатиро дар моҳи сентябр интизор шудан мумкин аст. {jathumbnail off}
Мӯҳр